Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На пойи рафтан, на ҷойи мондан. Даҳҳо паноҳҷӯи тоҷик дар марзи Лаҳистон. CАДО


Муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни эҳтимолӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Брести Ҷумҳурии Белорус дар марзи Лаҳистон.
Муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни эҳтимолӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Брести Ҷумҳурии Белорус дар марзи Лаҳистон.

Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Лаҳистон мегӯяд, ки мақомот дархости даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳаққи паноҳандагӣ дар он кишварро рад кардаанд ва ба ин далел паноҳҷӯён дар марзҳои Лаҳистон дармондаанд.

Даниел Витко, ҳуқуқдони Созмони Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ дар Лаҳистон рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бисёре аз онҳое, ки мехоҳанд, дархости паноҳандагӣ кунанд, ҳаққи вуруд ба кишварро надоранд ва барои ҳамин муддатҳои тӯлонӣ дар марз мемонанд.

Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Брести Белорус
Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Брести Белорус

“Ман як нафар шаҳрванди Тоҷикистонро медонам, ки дар марзи Украина бо хонаводааш се моҳ боз мунтазир аст. Шиносномааш пур шудааст ва ҷое барои мӯҳр мондан надорад ва мӯҳлати иқоматаш дар Украина ҳам гузаштааст. Ӯ дар як вазъи номаълум қарор дорад. “

Ба гуфтаи Даниел Витко, теъдоди тоҷиконе, ки ба марзи Лаҳистон омада, дархости паноҳандагӣ мекунанд, маълум нест, зеро таҳқиқе дар ин замина сурат нагирифтааст. Ӯ аз қавли он тоҷиконе, ки тавонистаанд, ба Лаҳистон ворид шаванду тақозои паноҳандагӣ кунанд, гуфт, ки танҳо дар марз бо Белорус аз 100 то 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазири вуруд ба Лаҳистон ва дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ будаанд.

Созмони Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ дар Лаҳистон масоили паноҳҷӯёнро низ таҳқиқ ва аз ҳаққи баъзе аз онҳо дар додгоҳҳои кишвар дифоъ мекунад. Ба гуфтаи мақомоти Лаҳистон, соли 2016, 650 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардаанд вале аксарияташон ҷавоби рад гирифтаанд.

Ҳафтае аз ин пештар, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Лаҳистонро барои роҳ надодани паноҳҷӯён ва аз ҷумла паноҳҷӯёни тоҷик ба қаламраваш танқид кард ва хост, ки ба ин таҷриба хотима диҳад.

Созмони Ҳюман Райтс Вотч бо нашри як гузориши тозае бо номи “Паноҳҷӯёни дармонда дар марзи Лаҳистон” гуфт, соли 2016 теъдоди зиёди паноҳҷӯён аз Чеченистон ва Тоҷикистону Гурҷистон талош кардаанд, дар Лаҳистон ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд ва рӯзона аз 200 то 300 нафар бо умеди роҳ ёфтан ба Аврупо ба инҷо меомадаанд.

Рӯзона садҳо нафар дар истгоҳи роҳи оҳани Брест ҷамъ меомадаанд.
Рӯзона садҳо нафар дар истгоҳи роҳи оҳани Брест ҷамъ меомадаанд.

Бисёре аз ин афрод аз тариқи қатор аз ҷумҳурии Белорус ва ё Украина ба Лаҳистон сафар мекардаанд, вале марзбонони Лаҳистон бисёре аз онҳоро иҷоза намедодаанд, ба қаламрави кишвар ворид шаванд ва ҳаққи паноҳандагӣ тақозо кунанд.

Лидя Галл, муҳаққиқи Ҳюман Райтс Вотч дар шарҳи амалкарди мақомоти Лаҳистон гуфтааст, “Лаҳистон бо иҷоза надодани паноҳҷӯён барои тақозои ҳаққи паноҳандагӣ дар қаламраваш ва бозгардони одамон ба Белорус, ҷони онҳоро дар хатар мегузорад.” Ба гуфтаи Лидя Галл, “дар банд андохтани хонаводаҳову дигарон дар марзу имкон надодан ба шунидани тақозои паноҳҷӯён набояд рафтори як кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо бошад.”

Мардум бо ин андеша ба Лаҳистон намеоянд, ки инҷо кишвари дӯстдоштанӣ аст.

Вензел Михалски, як намояндаи Ҳюман Райтс Вотч рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, паноҳҷӯён агар рӯзи хуш медоштанд, ба Лаҳистон намеомаданд.

“Мардум бо ин андеша ба Лаҳистон намеоянд, ки инҷо кишвари дӯстдоштанӣ аст. Мардум барои он мехоҳанд, ба Лаҳистон биёянд, ки паноҳҷӯ ҳастанд ва зиндагиву озодиашон дар хатар аст. “

Дар гузориши Ҳюман Райтс Вотч омадааст, “Дар ду соли гузашта мақомоти Тоҷикистон, аъзои нерӯҳои мухолифи давлатро боздошту зиндонӣ ва шиканҷа карданд. Онҳо ҳамчунин мунтақидони ҳукуматро дар хориҷ ҳадаф гирифтанд ва хостори боздошту истирдоди онҳо аз хориҷ шуданд.”

Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, бо чанде аз паноҳҷӯён аз ҷумла як зани тоҷике бо номи Осия сӯҳбат кардааст, ки дар муддати се моҳ 29 дафъа дар марзи Лаҳистон дархости паноҳандагӣ карда, вале посухи манфӣ гирифтааст. Ба навиштаи созмон Осия ҳамроҳи шавҳараш бо худ се фарзанди ду, панҷ ва ҳафтсолаашро бурдаанд ва мехоҳанд, ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд.

“Ҳар боре, ки мо ба марзбонони Лаҳистон мегӯям, шавҳарам узви Ҳизби (мамнӯи) наҳзати исломӣ аст ва агар баргардем якумрӣ ба зиндон маҳкум мешавем, онҳо гӯш намекунанд. Имрӯз охирин рӯзест, ки мо қонунӣ дар Белорус монда метавонем, се моҳ аст, инҷо ҳастем” – гуфтааст, Осия.

Бо шиносномаи пур ва 3 моҳ мунтазир дар марзи Лаҳистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим


Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, дар Белорус дархости паноҳандагии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба сахтӣ баррасӣ мекунанд, зеро Минск, Тоҷикистонро кишвари амн мешуморад.

Ба гуфтаи созмон ингуна ҳам шудааст, ки мақомоти Ҷумҳурии Белорус, як шаҳрванди Тоҷикистонро бо дархости Душанбе дастгир карда ва хостаанд, ба мақомоти Тоҷикистон бисупоранд, вале баъдан зери фишори созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва вазорати умури хориҷии Амрико озод шуд ва дар Лаҳистон ҳаққи паноҳандагӣ талаб кард.

Даниел Витко, ҳуқуқдони Созмони Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ ва Дензел Михалски дар Лаҳистон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукумати Лаҳистонро танқид карданд, ки сиёсати зидди муҳоҷиронро пеш гирифтааст ва ошкоро мегӯяд, ки дари кишвар барои паноҳҷӯён боз нест. Бисёре аз паноҳҷӯёни тоҷике, ки ба Лаҳистон рафтаанд, аз онҷо ё ба Олмон, ё ба дигар кишварҳои ғарбии Иттиҳодияи Аврупо рафта ва онҷо дархости паноҳандагӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG