Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократия чист? "Ҷавоби" раҳбарони пасошӯравӣ (ВИДЕО)


Демократия чист? Шарҳи раҳбарони пасошӯравӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки ҳоло дар зери чатри Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) гирд омадаанд, дар тафсири "демократия" далелу санадҳои худро доранд. Бо вуҷуди онки солҳо боз барои нақзи озодиҳои сиёсӣ, диниву иқтисодии сокинон ва саркӯби мухолифон муттаҳам мешаванд, аммо мегӯянд, кишварҳояшон аз ибтидо роҳи демократияро пеш гирифта буд ва бо ҳамин роҳ ҳаракат дорад.

Демократия ин нест, ки халқ раҳбарӣ кунад. Демократия ин ҳамонест, ки ҳукумат ва мардум якҷоя пеш раванд.
Рамазон Қодиров

Телевизиони "Настоящее Время" шарҳи бархе аз раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар солҳои гузашта дар бораи "Демократия чист?" гирдоварӣ кардааст. Бар асоси навори ин телевизион, Дмитрий Медведев – нахуствазири Русия – дар яке аз суханрониҳояш дар Маскав мегӯяд, демократияи кишвари ӯ ҳанӯз норасидаву камтаҷруба аст, вале демократия аст.

"Ҷомеаи демократӣ ҳамон ҷомеаест, ки ҳамеша одамони омода ва таҳсилдида дорад. Одамоне бо фарҳанги воло. Русия бе ягон шубҳа кишвари демократист. Бале, ин демократия ҳанӯз ҷавону хом аст, аммо демократия аст", - таъкид доштааст ӯ.

Видео инҷост:

Демократия чист? Шарҳи раҳбарони пасошӯравӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, дар Грозний демократияро ҳукумати якҷояи халқ бо мақомот донистааст. Ӯ мегӯяд, "халқ бо мост ва мо бо халқем. Мо якҷояем. Ин демократия аст. Демократия ин нест, ки халқ раҳбарӣ кунад. Демократия ин ҳамонест, ки ҳукумат ва мардум якҷоя пеш раванд."

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус, маънои демократияро “халқ” медонад. Вай мегӯяд, демократия ҳамонест, ки давлат ба манфиати мардумаш кор кунад. "Демократия дар онҷоест, ки таваллуд мекунанд; ҷое, ки бо кӯдакон оромона гаштугузор мекунанд, ҷое, ки худро амн эҳсос менамоянд", - гуфт ӯ. Аммо Лукашенко дар суханронии дигараш бо хитоб мегӯяд, "ҳеҷ кас моро барои демократия ва тоталитаризм сарзаниш карда наметавонад."

Илҳом Алиев
Илҳом Алиев

Илҳом Алиев, раҳбари Озарбойҷон мегӯяд, ҳоло дар кишвараш субот барқарор аст ва мардум дар шароити хубу озод ба сар мебаранд ва чаро нашавад, инро демократия номид?

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, демократияро барои осиёиҳо на оғози роҳ, балки анҷоми роҳ донистааст. Ӯ гуфт, "мо қадам ба қадам ислоҳот гузаронда ва бо қабули қонунҳо дар ин роҳ ҳаракат дорем. Моро танзим кардан зарур нест. Мо дигар ҳастем. Ин Осиё аст. Мо муносибати дигар, муносибати оилавии дигар дорем ва дини дигар дорем."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ борҳо дар бораи демократия дар кишвар суҳбат карда ва талоши ҳукуматро барои рушди озодиҳо баён доштааст. Ӯ дар суханрониаш дар ҷаласаи 15-солагии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар Душанбе гуфта буд, ки Тоҷикистон аз аввал роҳи бунёди давлати демократиро ихтиёр кардааст ва бо ҳамин ормон давлатро пеш мебарад.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

"Бояд зикр намуд, ки мавзӯи демократия барои халқи тоҷик мавзӯи нав нест. Масъалаҳои мардумсолорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар, бахусус мавзӯъҳои адлу инсоф, баробарҳуқуқӣ ва идораи одилонаи ҷомеа унсурҳои демократия мебошанд, ки ҳанӯз аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ибтидо гирифта, баъдан дар асарҳои мутафаккирони бузурги халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Низомулмулк, Насриддини Тӯсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон возеҳу равшан баён гардидаанд", - гуфт раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Ин нуқтаи назарҳо дар ҳолест, ки аксар раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ солҳо боз зимоми қудратро дар дасти худ нигоҳ медоранд. Баъзе аз ин роҳбарон аз замони фурӯпошии Шӯравӣ ба ин сӯ дар сари ҳукуматанд ва чандин интихоботро, ба қавли ниҳодҳояшон, бо пирӯзӣ паси сар кардаанд. Аммо натиҷаи интихоботҳои аксар кишварҳои пасошӯравӣ аз сӯи намояндагони созмонҳои байналмилалии нозири интихобот ба шиддат интиқод шуда, раҳбаронаш барои саркӯби мухолифон муттаҳам гардидаанд. Инчунин, ин кишварҳо пайваста барои нақзи озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла озодии сиёсӣ, динӣ ва иқтисодӣ танқид шунидаанд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз ҳисоби кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар соли 1991 таъсис шудааст, дар ҳоли ҳозир шомили 10 ҷумҳурӣ - Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон мебошад. Гурҷистон ҳеҷ гоҳ ба узвияти ин созмон шомил нашуда, Украина протоколи созишномаро тасвиб накардааст.

XS
SM
MD
LG