Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳосираи Сараево – “Ин шаҳр зуд ба рамзи бераҳмӣ табдил ёфт”. ВИДЕО


Теппаи атрофи Сараево беш аз 500 сол ҷои сайругашти хонаводаҳо ва тамошогоҳи манзараҳои қадимии ин шаҳр буд. Ҳамаи ин баъд аз муҳосираи 44-моҳаи пойтахти Босния тағйир кардааст. Бар асари муҳосираи Сараево аз тарафи нерӯҳои сербҳои Босния, ёздаҳуним ҳазор нафар дар миёни дуду оташ ва тирпарониҳо ҷони худро аз даст доданд. Дар ин минтақа, ки дар гузашта ҷои сайру бозии кӯдакон буд, нишонзанҳои серби Босния ҷой гирифта буданд. Аз он рӯзҳо 25 сол гузашт.

Барои сокинони Сараево дигар аз ҳамлаҳо ҷои пинҳон шудан набуд. Онҳо дар хона, мактаб ва ё бемористон дар амн набуданд

“Онҷо макони дӯстдоштаи мо буд”, - мегӯяд Диана Мустафичи 47-сола, ки дар ин тӯлонитарин муҳосира дар даврони муосир, дар Сараево ба сар мебурд. Ӯ гуфт, “ин шаҳр зуд ба рамзи бераҳмӣ ва марг табдил ёфт. Дар инҷо аз хатти муқаддами ҷанг шаҳр бидуни ҳеҷ мамониат зарба мехӯрд.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

25 сол пас аз оғози муҳосираи Сараево
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Қабл аз муҳосираи ин шаҳр, ки аз муҳосираи Ленинград аз тарафи нерӯҳои Германияи фашистӣ дар даврони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ як сол тӯлонитар буд, Сараево як олами хурд буд ва сербҳои Ортодокс, хорватҳои католик ва босниягиҳои мусалмон канори ҳам зиндагӣ мекарданд. Аммо референдуми рӯзҳои 29 феврал ва 1 марти соли 1992 ихтилофҳоеро миёни ин гурӯҳҳо ба миён овард ва дар тобистони ҳамон сол танишҳо сартосари Югославияро фаро гирифт. Дар ҳоле ки Белград талош дошт, кишварро якпорча нигаҳ дорад, мусалмонон ва хорватҳо ҷонибдори кишварҳои мустақил буданд.

Cӯхтори Китобхонаи миллии Сараево. соли 1992
Cӯхтори Китобхонаи миллии Сараево. соли 1992

Сербҳои Босния, ки ҳадафи стратегии онҳо таъсиси кишвари нави Сербияи Босния буд ва аксари сарзаминҳои мусалмонони Боснияро низ дар бар мегирифт, мухолифи чунин ҷудоӣ буданд ва референдумро таҳрим карданд. Рӯзе, ки ҳамапурсӣ ба поён расид, як маросими арӯсии сербҳои ортодокс дар Сараево бо фоҷиа анҷомид. Як марди мусалмон дар асари муноқиша ба ин маросим тирандозӣ кард ва боис ба барошуфтани сербҳо шуд.

Ба дунбол, шибҳанизомиёни серб дар маркази шаҳр сангарҳо бунёд карданд. Аммо эътирозҳои мусолиматомез ба дунболи он, то андозае ба ором шудани вазъият мусоидат кард. Лекин дар сартосари кишвар ба таври пароканда низоъҳо оғоз шуда буд ва вақте як пулиси серб ду афсару як ғайринизомиро кушт, вазъияти фавқулода эълон шуд ва сербҳо дигарбора ба сангарҳои худ баргаштанд.

Муҳосираи Сараево 44 моҳ идома карда, аз тӯлонитарин муҳосираи замони муосир будааст
Муҳосираи Сараево 44 моҳ идома карда, аз тӯлонитарин муҳосираи замони муосир будааст

Эътирозҳо дигар коромад ва муассир набуд ва рӯзи 5 апрели соли 1992, Суада Дилбаровичи мусалмон ва Олга Сусичи католик, вақте аз пули Врбанҷа убур мекарданд, аз тири мардони мусаллаҳ кушта шуданд. Диана Мустафич мегӯяд, “он тазоҳургарон аҷоиб буданд. Зеро дар онҷо гурӯҳи калони шаҳрвандон, садҳо ҳазор, ки ғайримусаллаҳ буданд, мегуфтанд, ки ҷангро намехоҳанд, ҷонибдори сулҳанд. Онҳо бовар доштанд, ки ҳамчун шаҳрванд ба ин ҳама бесарусомониҳо метавонанд хотима диҳанд.”

Аммо ба зудӣ пас аз тирандозӣ аз меҳмонхонаи Holiday Inn онҳо дарк карданд, ки воқеият дигар аст ва дар рӯ ба рӯи як ҷанги нохоста қарор гирифтаанд. Бидуни оби тоза, барқ ва ғизо, Мустафавич ва даҳҳо ҳазори дигар аз бошандагони Сараево чаҳор солро дар зери тирборон аз артиллерия ва снайперҳо дар яке аз рустоҳои наздики ин теппа сипарӣ карданд.

Фармондеҳи низомии он замони сербҳои Босния Станислав Галич, ки барои муҳосираи 1425-рӯзаи Сараево муҳокима шуд, ваҳшоният ва бераҳмӣ тавассути фаъолиятҳои низомӣ ба ҳадафи наслкушии этникӣ дар ҷанги Боснияро эътироф намуда ва гуфт, вай дастури ин амрро дода буд. “Барои сокинони Сараево дигар аз ҳамлаҳо ҷои пинҳон шудан набуд. Онҳо дар хона, мактаб ва ё бемористон дар амн набуданд”, - гуфта буд вай дар ҷараёни муҳокима дар Додгоҳи байналмилалии Гаага.

Дар моҳи декабри соли 2003 Галич аз сӯи ин додгоҳ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Филмсоз Ниҳад Кресевлякович, ки дар он тараф аз ҷабҳа қарор дошт, ба ин арзёбии Галич розӣ ҳаст. Вай низ дар ҷараёни муҳосираи Сараево дар ин шаҳр қарор дошт.

Дар моҳи октябри соли 1995 дар пайи оташбас, муҳосираи шаҳри Сараево ба таври ниҳоӣ шикаста шуд. Ду моҳ баъд, Созишномаи сулҳи Дейтон Боснияро ба ду минтақаи автономӣ ё мухтор бар асоси тақсимоти қавмӣ ҷудо кард. Ҳарчанд ҷанг тамом шуд, аммо эҳтимоли танишҳо аз байн нарафта буд. Ҳатто қадам задан дар хиёбонҳои Сараево имрӯз эҳсосоти махлутро ба хотир меорад. Дар иҳотаи биноҳо, марказҳои тиҷоратӣ ва мошинҳои модели нав дар хиёбонҳо, осори муҳосира дар ҳарҷое дида мешаванд.

XS
SM
MD
LG