Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cайёф ҳам ба доктор Абдуллоҳ пайваст (ВИДЕО)


Дар тозатарин чархиш дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, Абдурабб Расули Сайёф аз ҷонибдорони худ хостааст, ки ба тарафдории Абдуллоҳ Абдуллоҳ раъй бидиҳанд.

Дар силсилаи ҳимоят аз ду номзади даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, рӯзи якшанбеи 1 июн Абдурабб Расули Сайёф аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳимоят намуд. Довуд Калаконӣ, узви ситоди интихоботии оқои Сайёф ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барномаҳои доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро муассир донистаанд ва аз ин рӯ устод Сайёф аз вай ҳимоят кардааст.

Аз ин қабл Залмай Расул ва Гулоқо Шерзай, ду номзади дигари интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, пуштибониашонро аз доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар даври дувум эълон карда буданд. Аз номзадҳои дигар, ки дар даври аввал раъйи матлуб ба даст наоварданд, танҳо Довуд Султонзай пуштибонии худро аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай -рақиби Абдуллоҳ Абдуллоҳ эълом доштааст.

Муборизоти интихоботии номзадҳои даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳудуди ду ҳафта қабл оғоз шуд ва то 48 соат қабл аз баргузории интихобот идома меёбад. Бар асоси ҷадвал, ки Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон муайян намудааст, даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури дар он кишвар рӯзи 14 июн доир мешавад ва натиҷаҳои он рӯзи 28 ҳамин моҳ эълон хоҳад шуд.

Хабарнигори Радиои Афғонистони озод Аҳмад Такал дар як сӯҳбати видеоӣ фазои интихоботии Афғонистонро чунин тасвир кард:

Ҳамроҳшавии Абдурабб Расули Сайёф то ҳадди зиёде натиҷаро қобили пешбинӣ кард. Ҳоло кам касе дигар ба пирӯзиии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба шуба менигарад. Вале агар ӯ тарафи Ашрафғанӣ Аҳмадзай мерафт, бидуни шак рақобатҳо барои Абдуллоҳ Абдуллоҳ сахттар мешуд ва як интихоботи рақобатии ғайри қобили пешбинӣ медоштем.

Дар ҳамин ҳол ба назари коршиносон, лаҳни муборизаҳо бо наздик шудани рӯзи интихобот бештар тунд шудааст ва рақобат бештар нафасгир мешавад. Бар назари коршиносон, яке аз вижагиҳои муборизоти номзадҳо дар даври дувум ин аст, дар даври аввал номзадҳо мехостанд, ки бо мардум дар иҷтимои умумии сӯҳбат кунанд, аммо ҳоло бештар бо мутаннафизин ва сарони қавми сӯҳбат мешавад. Далели он, ки бо сарои қавмӣ бештар сӯҳбат мешавад ин аст, ки номзадҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки дар ҷомеаи Афғонистон ҳанӯз суннат бар қонун пирӯз аст.
Раҳматкарими Давлат
Раҳматкарими Давлат
Раҳматкарими Давлат, рӯзноманигори тоҷик, ки раванди интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистонро пайгирӣ дорад, мегӯяд, далели тунд шудани лаҳни мубориза ҳамин аст, ки ҷонибҳо фикр мекунанд, бо тахриб кардани тарафи дигар, шояд эътибори рақиб дар пеши мардум коста шавад. Оқои Давлат дар мавриди шабоҳатҳо ва тавофутҳои даври аввал ва дувуми интихоботи Афғонистон мегӯяд, ки ҳоло дида мешавад, аз ҳар василае дар ин давр истифода мешавад. Хусусан яке аз тарафхо омили диниро мехоҳад истифода кунад. Ба ин далел, ҳамаи сухангӯёнашро, ки пештар устодони донишгоҳ буданд ва умдатан ҳазора, ба олимони дин иваз кардааст ва ба ин тартиб мехоҳад, ки иттиҳоми воридшуда ба худро, ки он ҳам шак дар мавриди эътиқоди як номзад буд, рафъ кунад ва чеҳраи динӣ ба худ бидиҳад. Ҳамин истифода аз рӯҳониҳо барои тими доктор Абдулло ғофилгиркунанда буд, зеро ин гурӯҳ мутмаин буд, ки ҳеҷ зарбаеро наметавонад аз ин ноҳия дошта бошад, барои он, ки худро меросбари ҷиҳод медонистанд.

Дар муқобил, ин тим ҳам гузашт ба ҳамла ва нахустин ифшогарии онҳо ҳам ин буд, ки гӯё раиси гумрук ба тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай як миллион доллар додааст. Ва худи Абуллоҳ Абдулло гуфт, пуле, ки Ашраф Ғанӣ дар маъракаи интихоботӣ истифода мекунад, пули байтулмол ва хоса аз оидоти гумрукист, ки тавассути вазири молия пардохт мешавад. Дуввум, чеки 230 ҳазор доллариии Сибғатуллоҳ Муҷаддадиро дар телевизиони "Тулуъ" нишон доданд ва гуфтанд, арзиши истихора 230 ҳазор доллар буд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақавӣ мегӯяд, шабоҳатҳои даври аввал ва дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар он аст, ки сарнавишти он аз қабл мушаххас нест. Ба назари оқои Бекмуҳаммад "нуктаи муҳим дар даври аввали интихобот ин буд, ки бидуни таваҷҷӯҳ ба шакли танзимӣ гирифтани тимҳои номзадҳо, мардум бо нигоҳи фаротанзимӣ, фароқавмӣ ва фаромазҳабӣ вориди саҳна шуданд, ки таносуби минтақаии
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик
орои номзадҳо ва аз ҷумла доктар Абдуллоҳ ин воқеиятро нишон медиҳад. Шабоҳати ҷиддии ҳарду давр дар он аст, ки пушти парда тими раиси ҷумҳури феълии Афғонистон бо аҳдофи хос ва бавижа ҳифзи бақои умри сиёсии худ, ба раванди интихобот таъсир мегузорад. Ба сурати ғайримантиқӣ тӯл кашидани раванди ҳисоби орои интихобкунандагон бо ин мавзӯъ иртибот дошт."

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, ҳанӯз рӯшан нест, ки чӣ қадр пайвастани Аҳмадзиё Масъуд ба тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Залмай Расул ба тими Абдулло Абдулло ба нафъи ин ду номзад хоҳад буд. Ин назар вуҷуд дорад, ки бародари қаҳрамони миллии Афғонистон бо ин иқдоми худ бар сиёсати ба сурати танзимӣ шакл гирифтани ҳукумати ояндаи ин кишвар зарбаи ҷиддӣ ворид кард.

Аммо дар сурате, ки орои ҳарду номзад дар даври дуввум тафовути ночиз дошта бошад ва сарнавишти интихоботро мубҳам нигоҳ дорад, шояд муроди тими раиси ҷумҳури феълӣ ва баъзе аз кишварҳои хориҷӣ барои ҳифзи вазъияти феълӣ ҳосил шавад, ки дар асл Афғонистонро вориди бӯҳрони ҷиддии сиёсӣ хоҳад кард. Бинобар ин ҳузури васеи мардуми Афғонистон дар саҳнаи интихобот ва додани аксарияти оро ба яке аз номзадҳо, ки дасткории натоиҷи он сахт хоҳад шуд, метавонад роҳи ҳалли муносиб бошад.

Бар пояи натиҷаҳои ниҳоӣ, ки Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи 15 май эълон намуд, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо касби 45 дарсад дар мақоми аввал ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо 31,6 дарсади оро, дар мақоми дувум қарор доранд.

Дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки рӯзи 5 апрел баргузор шуд, ҷамъан 8 номзад ширкат карданд. Худи Ҳомиди Карзай ба далели сипарӣ кардани ҳарду давраи мумкини раёсаташ дар ин маърака ҳаққи ширкат надошт. Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон натиҷаҳои ибтидоии интихоботро рӯзи 26 апрел эълон карда буд.

Аз рӯи Қонуни асосии Афғонистон, агар барои баргузор кардани даври дувуми интихобот зарурат бошад он бояд ду ҳафта баъд аз эълони натиҷаҳои даври аввал баргузор гардад. Қаблан масъулони коммиссияи интихоботи Афғонистон таърихи баргузории эҳтимолии даври дувуми интихоботро рӯзи 27-уми май эълон карда буданд, аммо ҳоло ин таърихро ба 14-уми июн – чаҳор ҳафта баъд аз эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот муайян кардаанд.
XS
SM
MD
LG