Аҳмад Юсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми апрел зимни эълони натоиҷи қисмии интихоботи раёсати ҷумҳури он кишвар гуфт, ки 82,59 дарсади оро аз 34 вилоят шумурда шудааст ва шумораи орои шумурдашуда ба 5857442 мерасад.
Бар асоси ин шумориш ва арқоми ироашуда аз сӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ 43,7 дарсад, Ашрафғанӣ Аҳмадзай 32, 8 дарсад, Зулмай Расул, 11,1 дарсад, Абдураб Расули Сайёд 7 дарсад, Қутбиддин Ҳилол, 2,8 дарсад, Гулоғо Шерзай, 1,6 дарсад, Муҳаммаддовуд Султонзай, 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амин Арсало, 0,2 дарсад орои мардумро ба даст овардаанд.
Қарор буд натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон имрӯз, 24-уми апрел эълон шавад. Аммо Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишварро ба ду рӯзи дигар аз вақти таъйиншуда, ба таъхир андохтааст. Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи 22--юми апрел дар мавриди таъхири эълони натиҷаҳо дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, "бар асоси тасмими Комиссияи мустақили интихобот, натиҷаҳои ибтидоии оро рӯзи шанбеи 26-уми апрел расман эълон мешавад."
Ҷаноби Нур афзуд, сабаби таъхири натиҷаҳои ибтидоии оро ин аст, ки Комиссияи мустақили интихобот мехоҳад, рӯзи панҷшанбе, яъне имрӯз бахши дигар аз натиҷаҳоро эълон кунад. То кунун ду бор натиҷаҳои қисмии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон эълом шуда буд, ки бори аввал натиҷаи даҳ дарсади оро аз 26 вилоят эълон шуд ва бори дувум якшанбеи гузашта наздик ба 50 дарсад оро эълон гардид.
Пас аз эълони ду бахши натоиҷи қисмӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ 44,4 дарсад ва Ашрафғани Аҳмадзай 33,2 дарсади ороро ба даст оварда буданд. Пас аз эъломи натиҷаҳо, Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз он истиқбол кард ва ба расонаҳо гуфт, ӯ низ чунин пешбинӣ карда буд. Аммо Ашрафғанӣ Аҳмадзай пас аз эъломи натоиҷ гуфт, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон бояд қабл аз эъломи натиҷаҳо, орои аслӣ ва тақаллубиро аз ҳам ҷудо кунанд.
Натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбеи 26-уми апрел ва натиҷаҳои ниҳоии он рӯзи 14-уми май эълон хоҳад шуд.