Зулмай Расул, аз ёрони наздик ва ба бовари аксар, номзади мавриди назари раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомиди Карзай ба тарафи Абдуллоҳи Абдуллоҳ, вазири собиқи хориҷа ва номзади пештоз дар даври аввал интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ гузашт. Ҷовид Файсал, сухангӯи Зулмай расул рӯзи 11 май дар Кобул эълон кард, ки ӯ акнун аз номзадии доктор Абдуллоҳ ҳимоят мекунад.
Абдуллоҳи Абдуллоҳ, вазири собиқи хориҷа ва аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд дар Эътилофи шимол, дар даври аввал интихобот, ки рӯзи 5 апрел доир шуд, бино ба ҳисоби расмӣ, 44,9 дарсади ороро ба даст овард. Ҷои дуюмро бо касби 31,5 дарсади раъйҳо вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай соҳиб шуд. Ҳарду барандаи ҷойҳои аввал ба даври дувуми интихобот роҳ ёфтанд. Интизор меравад, ин раъйгирӣ рӯзи 7 июн барпо шавад.
Таҳлилгарони масоили Афғонистон мегуфтанд, бо вуҷуди он ки барои таъмини пирӯзии доктор Абдуллоҳ танҳо чизе бештар аз 5 дарсад раъй намерасад, таносуби нирӯҳо дар даври дувумро ба кадоме аз ин ду номзади пештоз – доктор Абдуллоҳ ё Ашрафғанӣ Аҳмадзай – бартарӣ додани номзадҳои нокоми даври аввали интихобот маълум хоҳанд кард. Дар ин миён ҳисоби бисёриҳо рӯи интихоби Зулмай Расул буд, чунки ӯ дар даври аввал 11,5 дарсад райъ гирифта буд ва бо “тақдим”-и ин раъйҳо ба яке аз ду номзади аввал метавонист таносуби нирӯҳо дар даври дуюмро хеле дигар кунад.
Пуштибониҳо аз ин ё он номзад дар арсаи сиёсии Афғонистон маъмулан дар натиҷаи доду гирифтҳое сурат мегиранд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки байни доктор Абдуллоҳ ва зулмай Расул чӣ муомилае сурат гирифта ва мушаххастар агар бигӯем, ваъдаи чӣ мақоме ба ӯву ёронашро ба даст овардааст, ки ин номзади мавриди назари Карзай дар даври дувум ба Абдуллоҳи нимтоҷику нимпашта бартарӣ бидиҳад, то ба Аҳмадзай.
Коҳиши қимати овози номзадҳои дигар
Аз номзадҳои дигар дар таносуби нирӯҳо метавонист Абдураб Расули Сайёф низ нақше бозӣ кунад. Сайёф дар даври аввал 7,1 дарсад раъй оварда буд, вале акнун бо дарназардошти мавзеъгирии Зулмай Расул, ки аз доктор Абдуллоҳ тарафдорӣ кард, қимати овозҳои Сайёф метавонад барои ду номзади аввал хеле коҳиш биёбад.
Дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ҷамъан 8 номзад ширкат карданд. Худи Ҳомиди Карзай ба далели сипарӣ кардани ҳарду давраи мумкини раёсаташ дар ин маърака ҳаққи ширкат надошт. Аммо ба ҷуз аз 4 номзади аввале ки аз 7 то зери 45 дарсад раъйр оварданд, 4 номзади дигар дар маҷмӯӯъ ба камта аз 5 дарсади ҷамъи оро соҳиб шуданд.
Аз ҷумла Қутбиддин Ҳилол - 2,7 дарсад, Муҳаммадшафиқ Гулоқо Шерзай - 1,4 дарсад, Довуд Султонзай - 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амин Арсало - 0,2 дарсад раъйи мардумро соҳиб шуда, дар таъйини рангҳои харитаи даври дувуми ин маърака нақшаи чандоне надоранд. Ҳарчанд аз ин миён Гулоқо Шерзай, волии собиқи Нангарҳору Қандаҳор, ки барои дуруштиву сахтгириаш ӯро ҳатто “Булдозер” ҳам лақаб додаанд, рӯзи 5 май эълон кард, ки "ман ба намояндагӣ аз тими худ ба хотири таъмини амният, сулҳу субот, ҳокимияти қонун, супурдани кор ба аҳли кор ва эҷоди як ҳукумати шоиста дар кишвар, аз тими доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳимоят менамоям."
Бо ин ҳол, бо вуҷуди ин ки раъйҳои номзадҳои дигар дар тағйири таносуби нирӯҳо дар даври дувум нақши қобили мулоҳизае надорад ва ба бовари нозирону умур, бо касби пуштибонии Гулоқо Шерзай ва Зулмай Расул пирӯзии эҳтимолии доктор Абдуллоҳ бар Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври дувум яқинтару яқинтар мешавад, боз ҳам номзадҳо музокираву гуфтугӯҳо бо номзадҳои нокомро идома медиҳанд.
Аз ҷумла тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай, номзади дувуми пештоз аз оғози музокироти тимаш бо номзадҳое, ки орои камтар ба даст оварда буданд, хабар медиҳад. Муҳаммадзоҳир Заҳир, сухангӯи тими оқои Аҳмадзай ба радиои "Озодӣ" гуфт, "мо ба ҳама номзадҳо ки дар даври аввали интихобот раъйи камтар ба даст овардаанд, дар ҳоли гуфтугӯ ҳастем ва умедворем мебошем, ки дар рӯзҳои оянда шоҳиди омадан ва эъломи ҳимояти онҳо аз тими таҳаввул ва тадовум бошем."
Сайёф ҳанӯз фикр мекунад...
Дар ҳамин ҳол, тими Абдураб Расули Сайёф мегӯяд, ки ин тим гуфтугӯҳояшро бо ду номзади пештози интихоботи раёсати ҷумҳури оғоз кардааст, аммо ҳанӯз за ҳеҷ яке аз онҳо ҳимоят накардааст. Фаҳими Кӯҳистонӣ, сухангӯи тими оқои Сайёф ба радиои "Озодӣ" гуфт, пас аз машварат, ҳар як аз ҳар ду тими пештоз ки хостаҳои онҳоро бипазиранд, аз он ҳимоят менамоянд: "Ҳамроҳи доктор Ашрафғанӣ ҷаноби устод Сайёф боздид кард ва чандин бор доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо устод мулоқот кард. Музокироти мо ҷараён дорад. Мо мебинем ки дар кадом яке аз ин ду тим бештарин хостаҳои мо бароварда мешавад, бидуни шакк, аз ҳамон тим ҳимоят хоҳем кард."
Аммо манобеи наздик ба тими доктор Абдуллоҳ ишора мекунанд, ки сарфи назар аз интихоби ниҳоии Сайёф номзад ба ноибии ӯ Исмоилхон, волии собиқи Ҳирот ва вазири низ собиқи обу энержӣ бидуни тардид дар даври дувум дар канори Абдуллоҳи Абдуллоҳ хоҳад истод. Ҳимояти ин сиёсатмадори пурвазну мутанаффиз дар ғарби Афғонистон, албатта, боз як санги дигари пирӯзиро дар тарозуи интихорбот дар паллаи доктор Абдуллоҳ мениҳад.
Ду тарҷумаи ҳол
Ашрафғанӣ Аҳмадзай соли 1949 дар вилояти Луғар дар хонаводаи паштуҳои марбут ба қабилаи аҳмадзаӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1967 лисейи “Ҳабибия”-и Кобул ва соли 1973 донишгоҳи амрикоии Бейрутро дар Лубнон хатм карда, соли 1977 дар донишгоҳи Колумбияи Амрико дар риштаи антропология рисолаи докториашро ҳимоят кардааст. Солҳои 90 дар Бонки ҷаҳонӣ кор мекард. Аз соли 2002 то 2004 вазири молияи Афғонистон буд. Дар интихоботи имсола Аҳфмадзай ба ҳайси ноибҳояш генерали узбак Абдулрашиди Дӯстум ва яке аз раҳбарони ҳазораҳо – вазири собиқи адлия Сарвар Донишро интихоб кардааст.
Абдуллоҳи Абдуллоҳ 5 сентябри соли 1960 дар маҳаллаи Корти Парвони Кобул аз модари тоҷик ва падари пашту ба дунё омадааст. Мактаби “Нодира”-и шаҳри Кобул ва соли 1984 риштаи тибби донишгоҳи пойтахти Афғонистонро хатм кардааст. Ибтидо табиби муҷоҳиддин буд ва дар солҳои ҷанг алайҳи артиши Шӯравӣ ва баъдан – алайҳи режими Толибон то ба мақоми вазири хориҷаи ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ расид. Дар музокироти соли 2001 дар Бонн, дар пайи суқути Толибон вазири хориҷа дар ҳукумати якуми Ҳомиди Карзай таъин шуд ва то соли 2005 дар ин мақом кор кард. Дар интихоботи имсола доктор Абдуллоҳ ба ҳайси ноиб раҳбари пурнуфузи ҳазораҳо Муҳаммади Муҳаққиқ ва намояндаи паштуҳо Муҳаммадхонро, ки қаблан узви Ҳизби исломии ҷангсолори маъруф Гулбуддин Ҳикматёр буд, пазируфтааст. Доктор Абдуллоҳ дар соли 2009 рақиби асосии Карзай дар интихоботи президентӣ буд, вале ба далоили то ҳол мармуз аз ширкат дар даври дувум даст кашид.