Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи панҷшанбе натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишварро эълон кард. Бар пояи он, ҳеҷ яке аз номзадҳои беш аз 50 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст наовард ва ҳамин тавр ду номзади пештоз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври дувум бо ҳам рақобат мекунанд.
Бар пояи натиҷаҳои ниҳоӣ, ки Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълон намуд, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо касби 45 дарсад дар мақоми аввал ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо 31,6 дарсади оро, дар мақоми дувум қарор доранд.
Дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки рӯзи 5 апрел баргузор шуд, ҷамъан 8 номзад ширкат карданд. Худи Ҳомиди Карзай ба далели сипарӣ кардани ҳарду давраи мумкини раёсаташ дар ин маърака ҳаққи ширкат надошт. Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон натиҷаҳои ибтидоии интихоботро рӯзи 26 апрел эълон карда буд.
Аз рӯи Қонуни асосии Афғонистон, агар барои баргузор кардани даври дувуми интихобот зарурат бошад он бояд ду ҳафта баъд аз эълони натиҷаҳои даври аввал баргузор гардад. Қаблан масъулони коммиссияи интихоботи Афғонистон таърихи баргузории эҳтимолии даври дувуми интихоботро рӯзи 27-уми май эълон карда буданд, аммо ҳоло ин таърихро ба 14-уми июн – чаҳор ҳафта баъд аз эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот муайян кардаанд.
Ду тарҷумаи ҳол
Ашрафғанӣ Аҳмадзай соли 1949 дар вилояти Луғар дар хонаводаи паштуҳои марбут ба қабилаи аҳмадзаӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1967 лисейи “Ҳабибия”-и Кобул ва соли 1973 донишгоҳи амрикоии Бейрутро дар Лубнон хатм карда, соли 1977 дар донишгоҳи Колумбияи Амрико дар риштаи антропология рисолаи докториашро ҳимоят кардааст. Солҳои 90 дар Бонки ҷаҳонӣ кор мекард. Аз соли 2002 то 2004 вазири молияи Афғонистон буд. Дар интихоботи имсола Аҳфмадзай ба ҳайси ноибҳояш генерали узбак Абдулрашиди Дӯстум ва яке аз раҳбарони ҳазораҳо – вазири собиқи адлия Сарвар Донишро интихоб кардааст.
Абдуллоҳи Абдуллоҳ 5 сентябри соли 1960 дар маҳаллаи Корти Парвони Кобул аз модари тоҷик ва падари пашту ба дунё омадааст. Мактаби “Нодира”-и шаҳри Кобул ва соли 1984 риштаи тибби донишгоҳи пойтахти Афғонистонро хатм кардааст. Ибтидо табиби муҷоҳиддин буд ва дар солҳои ҷанг алайҳи артиши Шӯравӣ ва баъдан – алайҳи режими Толибон то ба мақоми вазири хориҷаи ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ расид. Дар музокироти соли 2001 дар Бонн, дар пайи суқути Толибон вазири хориҷа дар ҳукумати якуми Ҳомиди Карзай таъин шуд ва то соли 2005 дар ин мақом кор кард. Дар интихоботи имсола доктор Абдуллоҳ ба ҳайси ноиб раҳбари пурнуфузи ҳазораҳо Муҳаммади Муҳаққиқ ва намояндаи паштуҳо Муҳаммадхонро, ки қаблан узви Ҳизби исломии ҷангсолори маъруф Гулбуддин Ҳикматёр буд, пазируфтааст. Доктор Абдуллоҳ дар соли 2009 рақиби асосии Карзай дар интихоботи президентӣ буд, вале ба далоили то ҳол мармуз аз ширкат дар даври дувум даст кашид.