Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктор Абдуллоҳ: Мо барои даври дувум ҳам омодаем


Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади пешсаф дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, изҳори умед кардааст, ки шумориши нисфи боқимондаи оро низ одилона ва тибқи қонун сурат хоҳад гирифт.

Бино ба натоиҷи қариб нисфи орои интихоботи президентии Афғонистон, ки рӯзи 20 апрел нашр шуд, вазири собиқи хориҷаи ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо касби 44,4 дарсади оро ҳамчунон дар мақоми аввал қарор дошта, аз рақиби асосиаш 11 дарсад пешдаст аст.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ рӯзи 20 апрел дар сӯҳбат бо хабаргузории Ройтерс дар Кобул гуфтааст, натиҷаҳои эълоншуда ҳамон чизест, ки онҳо интизор доштанд ва барои онҳо “ин чизе ғайримунтазира набуд.” Доктор Абдуллоҳ гуфтааст, “албатта, мо интизори бештар ҳам доштем, вале ин танҳо нисфи роҳ аст. Мо идомиа равандро ҳам назорат мекунем ва умедворем, ки идомаи ин раванд тибқи қонун ва одилонаву шаффоф сурат мегирад ва барои мардуми Афғонистон ҷои шакке дар натиҷаҳои интихобот боқӣ нахоҳад монд.”

Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар посух ба ин суоли Ройтерс, ки агар интихобот ба дааври дувум бикашад, оё барои рафтан ба ин корзор омода ҳаст?, гуфтааст: “Агар ин тибқи қонун сурат бигирад, агар тақозои қонуну қавоид чунин бошад, чаро не, мо барои даври дувум ҳам омодаем.”

44,4 фоизи доктор Абдуллоҳ

Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон
рӯзи 20 апрел гуфт, натиҷаҳои муқаддамотии шумориши қариб 50 дарсад орои интихоботи рӯзи 5 апрел нишон медиҳад, ки вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ 44,4 дарсад ба даст оварда, дар мақоми аввал ҷой гирифтааст. Мақоми дувум боз ҳам дар дасти вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай аст, ки то имрӯз 33,2 дарсад раъйи мардумро ба худ ихтисос додааст.

Боқӣ номзадҳо орои хеле аз ин ду камтар ба даст овардаанд.

Агар касе дар даври аввал беш аз 50 дарсади ороро ба даст наорад, ду номзади пешгом дар поёни моҳи май дар даври дувум бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Ҳомиди Карзай
Ҳомиди Карзай
Барандаи ин маърака дар Арки раёсатҷумҳурии Кобул ҷойгузини раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай хоҳад шуд, ки бо пушти сар кардани ҳарду давраи мумкини панҷсолаи раёсат ҳаққи пешбарии номзадиаш дар интихоботи имсоларо надошт.

Гуфта мешавад, натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи 14 май эълон хоҳанд шуд. Қаблан интизор мерафт, ки натоиҷи аввалияи ин корзор 24 апрел эълон шавад. Мақомот ҳушдор додаанд, ки интихоботи имсола низ зоҳиран ҳамроҳ бо тахаллуфоти ҷиддӣ сурат гирифтааст. Вале ба гуфтаи онҳо, доманаи тахаллуфот ба ҳадди интихоботи соли 2009 нест.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ҳафтае қабл, рӯзи 13 апрел барои бори аввал натоиҷи шумориши 10 дарсади орои интихоботро эълон карда буд ва аз ҳамон натоиҷи шумориши 10 дарсади аввал маълум шуд, ки рақобат барои Арки Кобул зоҳиран байни ду номзади асосӣ вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай хоҳад гузашт. Бар асоси шумориши 10 дарсади оро аз 26 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон, ки рӯзи 13 апрел эълон шуд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо дарёфти 41,9 дар сади овозҳо пешсаф буд ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо 37,6 дарсад – дар ҷои дуюм.

Вазири дигари хориҷаи пешин Зулмай Расул, ки гуфта мешавад, аз пуштибонии раисиҷумҳури феълӣ Ҳомид Карзай бархӯрдор буд, бар пояи шумориши 10 дарсади раъйҳо ҳамагӣ 9,8 фоизи ороро соҳиб шуда буд. Баъди шумориши нисфи оро, маълум шуд, ки Зулмай Расул ҳамагӣ 10,4 фоиз овоз гирифта, зоҳиран дигар ҳеҷ шонси расидан ба курсии Ҳомиди Карзайро надорад.

5 номзади дигар, бо шумули фармондеҳи собиқи ҷиҳодӣ Абдураб Расули Сайёф ва яке аз фарзандони шоҳи собиқи Афғонистон орои боз ҳам камтареро соҳиб шудаанд.

Интихоботи президентии рӯзи 5 апрел дар Афғонистон дар ҳоле гузашт, ки интизор меравад, то поёни соли равон нирӯҳои ҷангии эътилоф тарки ин кишвар кунанд. Аммо бо вуҷуди таҳдидҳои ҷангиёни Толибон, дар интихоботи рӯзи 5 апрели раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ беш аз 7 миллион аз 12 миллион мардуми соҳиби раъй дар Афғонистон овоз доданд.
XS
SM
MD
LG