Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Абдуллоҳ: "Дар сурати пирӯзӣ, ҳукумати фарогир ташкил хоҳем кард"


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон, ки ҳоло пешсафи интихобот аст, мегӯяд, дар ҳоли пирӯзияш ҳукумати шоистасолорӣ ташкил хоҳад кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи сешанбе дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши афғонии радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар ҳоли пирӯзӣ, ҳукумати шоистасолорӣ ташкил карда, номзадҳои рақиб ва инчунин раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай -- рақибаш дар интихоботи cоли 2009, метавонанд дар ҳукумати оянда ҳузур дошта бошад.

Вай дар идома гуфт, "ҳукумати ояндаи мо ҳукумати фарогир мебошад. Ин дидгоҳи моро нишон медиҳад. Дар он ҷо, ки зарфиятҳо ва истеъдодҳои афғон тааллуқ дорад, агар дар дохил ё берун аз ҳукумат ва ё дар тими рақибони мо бошанд, аз онҳо тақозо хоҳем кард, ки ҳамкорӣ намоянд. Имрӯз алҳамдуллилоҳ дар ҳукумат ва идораи Афғонистон истеъдодҳои хубе дар ҳама зинаҳо вуҷуд дорад."

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин тахминҳоро радд кард, ки гӯё ӯ саргарми муомила бо рақибони интихоботиаш аст, то ба ин тартиб аз рафтан ба интихоботи даври дувум ҷилавгирӣ шавад. Вай дар ин мусоҳиба бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳафтаи гузашта бо раиси ҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай дидор намуд, аммо афзуд, ки ин мулоқот ба хотири ҳеҷ гуна муомила набудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар идома ба ин пурсиш, ки дар сурати пирӯзӣ иқдом ба тағйири низоми сиёсӣ дар Афғонистон хоҳад зад ё на, гуфт: "Тағйири низом аз раёсати ба парлумонӣ бахше аз хатти машши сиёсии мост. Албатта, ин масъала ба таври оҷил сурат гирифта наметавонад, зеро бархе аз чизҳоеанд, ки нахуст бояд анҷом шаванд, то мо қодир ба ин кор шавем. Бидуни баргузории Лӯи Ҷиргаи қонуни асосӣ, ин қонунро тағйир додан наметавонем". Ӯ афзуд, ки дар гузашта пайваста хоҳони тағйири низоми сиёсии ин кишвар аз системаи раёсати ба парлумони шуда буд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ашрафғанӣ Ашрафзай ва Зулмай Расул аз номзадҳои пештоз дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон мебошанд. Ба асоси бахше аз натиҷаҳои интихобот, ки рӯзи якшанбеи гузашта аз сӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълон шуд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Интизор меравад, натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 24-уми апрел ва натиҷаҳои ниҳоӣ дар таърихи 14-уми май эълон шавад.
XS
SM
MD
LG