Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия: "Сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд". САДО


Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як матлабаш доир ба равобити Душанбеву Маскав дар маҷаллаи “Международная жизнь” гуфтааст, ки сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як матлабаш доир ба равобити Душанбеву Маскав дар маҷаллаи “Международная жизнь” гуфтааст, ки сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд. Ба таъкиди сафир, мушкили сармоягузорон пеш аз ҳама “мизони ниҳоят баланди андоз” ва “зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои бозӣ аст”. Ӯ умедворӣ кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин робита чораҳои зарурӣ меандешад, то сармоягузорони рус ба амалӣ кардани тарҳҳои худ идома бидиҳанд.

Сафири Русия: "Сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
Линки мустақим

Игор Лякин Фролов дар шарҳи ин гуфтаҳояш рӯзи 20 декабр дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт: “Ман бо намояндагони ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунам. Масалан, бо ширкати “Мегафон”, “Билайн”, “Газпром- нефть». Ҳамаи онҳо мегӯянд, ки мизони андоз ниҳоят баланд аст. То ҳадде, ки он кори ширкатҳоро душвор мекунад. Бинобар ин, ман салоҳ донистам дар ин мақола ин нуқтаро зикр кунам."

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки “мизони ниҳоят баланди андоз” ва “зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои бозӣ аст”, сармоягузорони рус аз Тоҷикистонро мегурезонад.

Ҷаноби Фролов дар идомаи матлабаш навиштааст, ки ба ин хотир ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба Тоҷикистон тайи соли охир коҳиш ёфтааст. Аммо дар ин матлаби сафир зикр мешавад, ки Русия барои Тоҷикистон ҳамоно шарики рақами яки тиҷорӣ боқӣ мемонад ва ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар ҳудудан ба 1 миллиард доллар баробар аст.

"Мегафон", "Билайн", "Сангтӯда-1", "Созидание" ва меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсии Душанбе", “Газпром интернешнл” ва “Газпром-нефть” аз тарҳҳои бузурги сармоягузории Русия дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Русия дар бундёи нерӯгоҳҳои низ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва зз ҷумла нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ҷануби Тоҷикистон, бо харҷи 16 миллиард рубл аз сӯи Русия бунёд шудааст.

Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 бо сармояи Русия сохта шудааст.
Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 бо сармояи Русия сохта шудааст.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” 15 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва тавоноии он 670 МВТ мебошад. Тоҷикистон танҳо 25 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро дар ихтиёр дорад ва 75 дарсади дигари он дар ихтиёри ширкати “Росатом”-и Русия аст. Аммо ширкати “Барқи тоҷик” пули барқи ин нерӯгоҳро сари вақт пардохт намекунад ва ҳоло ба ҳисоби худи маъмурияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" қарзи “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳ ба 626 миллион сомонӣ, расидааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, иддаоҳо дар мавриди баланд будани мизони андоз чандон асос надорад. Дар сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия, ки сиёсати фискалӣ ва ё андозӣ ҷумҳуриро таъин мекунад дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” дар ин робита гуфтанд, ки “дар ҷумҳурӣ ба ҷуз аз сармоягузорони Русия, боз сармоягузорони дигар кишварҳо, аз ҷумла сармоягузорони Чин фаъолият доранд. Онҳо дар татбиқи муҳимтарин лоиҳаҳо ширкат доранд. Аммо боре ҳам аз баланд будани андоз шикоят накардаанд. Дар кадом асос сафорат ба чунин хулоса омадааст, намедонем”.

Тоҷикистон соли 2012 Кодекси нави андозро қабул кард ва номгӯи андозҳо аз 21-тои қаблӣ то ба 11 адад коҳиш дода шуд. Мувофиқи муқаррароти Кодекси нав, аз соли 2015 андоз аз истеҳсолот аз 15 ба 14 ва то соли 2017 то 13 дарсад коҳиш дода хоҳад шуд. Андоз аз истифодабарангони роҳи автомобилгард соли оянда 50 дарсад кам ва то соли 2017 комилан аз байн хоҳад рафт.

Аммо соҳибкорони собиқадор мегӯянд, ҳарчанд номгӯи андоз коҳиш дода шуд, аммо мизони андозҳо боло рафт ва дар маҷмӯъ сарбории андозҳо зиёд гашт.

XS
SM
MD
LG