Рӯзҳои 29-31 октябр дар Душанбе намоишгоҳи фаровардаҳои саноати сабуки Покистон баргузор мешавад. Дар ин намоишгоҳ бахшҳои мухталифи саноати сабуки Покистон бо маҳсулоти худ ба Душанбе меоянд ва барои муаррифӣ онҳоро ба намоиш мегузоранд. Дар чаҳорчӯбаи ин намоишгоҳ, инчунин, мулоқоти корхонадорону сармоягузорони покистонӣ бо мақомоти расмии Тоҷикистон, баргузории ҳамоиши сармоягузорон ва боздид аз минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар назар аст.
Дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод гуфт, ҳадафи асосии намоишгоҳ нишон додани тавоноӣ ва имконоти саноати Покистон аст. “Чун Покистон Тоҷикистонро “дарвозаи Осиёи Миёна” медонад, намоишгоҳи аввалини худро дар Тоҷикистон баргузор мекунад,” – афзуд сафир.
Солҳои охир Покистон дар бахши нассоҷӣ, коркарди чарм, доруворӣ, саноати хӯрокворӣ, либос, таҷҳизоти варзишӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба дастовардҳо ноил шудааст. Ҳоло Покистон мехоҳад, бо ин маҳсулоти худ ба Осиёи Миёна роҳ ёбад. Маҳсулоти он ҳоло ба Амрико ба кишварҳои Халиҷи Форс, ба кишварҳои аврупоӣ ва кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором содир мешаванд ва дар ин ҷойҳо муштарӣ дорад. Осиёи Марказӣ барои онҳо бозори нав хоҳад буд.
Озодӣ: Оё бо баргузории ин намоишгоҳ ташкили ширкатҳои муштарак ва ҳамкориҳои ширкатҳои Тоҷикистон бо ҷониби Покистон низ дар оянда дар назар гирифта шудааст?
Ҷононов: “Бале, покистониҳо мехоҳанд бештар дар бораи шарту шароити ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон маълумот дошта бошанд. Дар Покистон набуди барқ фаъолияти баъзе корхонаҳоро мушкил кардааст. Ҳатто баъзе корхонаҳоро аз бебарқӣ ба кишварҳои африқоӣ кӯчондаанд, чунки дар он ҷо дастрасӣ ба барқ беҳтар аст. Онҳо дар ҷараёни боздиди худ аз Тоҷикистон мехоҳанд бидонанд, ки чӣ имкониятҳои сармоягузорӣ дар ин кишвар вуҷуд дорад. Барои ҳамин, тасмим гирифтем, ки дар доираи намоишгоҳ як форум ё ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Покистон баргузор шавад. Ҷониби Покистон метавонад дар ин ҳамоиш бевосита ба суолҳои худ ҷавоб пайдо кунад.”
Озодӣ: Ҷонибҳо дар кадом бахшҳо метавонанд, ҳамкориҳоро равнақ диҳанд?
Ҷононов: “Ман ҳоло дар роҳ аз Гуҷронвала ба Исломбод бо Шумо сӯҳбат мекунам. Гуҷронвала яке аз шаҳрҳои бузурги Покистон аст. Дар он ҷо бештар аз 7 ҳазор корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад. 500 ҳазор нафар ё ним миллион нафар аз аҳолии ин шаҳр дар ҳамин корхонаҳо машғули кор ҳастанд. 60 дарсади ин корхонаҳоро корхонаҳои хурду миёна ташкил медиҳанд. Ин корхонаҳо ба соҳаҳое тааллуқ доранд, ки мо дар боло ёдоварӣ кардем. Бо ҷониби Тоҷикистон бештар дар ҳамин соҳаҳо ҳамкорӣ дар назар гирифта шудааст.”
Озодӣ: Оё ба ширкатҳое, ки аз Покистон меоянд ва бо ҷониби Тоҷикистон корхонаҳои муштарак месозанд, дар қадами аввал барои ташвиқи онҳо имтиёз ҳам дода мешавад?
Ҷононов: “Барои ҷалби сармоя ва рушди саноат дар Тоҷикистон ҳукумат 4 минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил кардааст. Дар ин минтақаҳо ҳамаи заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҷалбу ҳимояи сармоя, инчунин, озод кардани онҳо аз андозу боҷи муайяни гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Барои ҳамин, онҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ бештар таваҷҷуҳ доранд. Онҳо мехоҳанд самтҳои барои худ манфиатнокро биомӯзанд ва ҳамчунин мехоҳанд донанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо онҳо чӣ гуна ҳамкорӣ мекунад. Зимнан онҳо бозори Тоҷикистонро меомӯзанд, то бубинанд, ки чӣ навъи маҳсулот дар кишвари мо бозоргир аст. Ин намоишгоҳ ҳам омӯзишӣ ва ҳам муаррифии маҳсулот хоҳад буд.”