Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р.Ҷонс: "Омодаем ба тарҳҳои бузург дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунем"


Ричард Ҷонс, мудири дафтари Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд дар Тоҷикистон.
Ричард Ҷонс, мудири дафтари Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд дар Тоҷикистон.

Мудири дафтари Бонки Аврупоии бозсозӣ ва рушд дар Душанбе мегӯяд, ки ин бонк омода аст, ба тарҳҳои бузурге дар Тоҷикистон ба мисли тарҳи КАСА-1000 сармоягузорӣ кунад.

Ричард Ҷонс, мудири дафтари Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бонк қасд дорад, соли оянда ба тарҳҳои арсаи энержӣ ва бонкдорӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кунад, ки ҳоло ба мушкилоти бузурге рӯ ба рӯ ҳастанд. Ба қавли Ричард Ҷонс, давлати Тоҷикистон бояд ба ислоҳоти иқтисодӣ идома бидиҳад ва тавре кунад, ки қарорҳои қабулшуда дар сатҳи болоӣ дар тамоми сатҳҳо иҷро шаванд ва соҳибкорон натиҷаҳои ислоҳотро эҳсос кунанд.

Аз ин пеш Сума Чакрабортӣ, мудири Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд, ки рӯзои 17 ва 18-уми ноябр ба Тоҷикистон сафар кард, бо мақомоти баландпоя аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва сармоягузории бештар ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Бонки мазкур, ки 20 сол боз дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва дар ин муддат барои иҷрои тарҳҳои гуногун 360 миллион евро ихтисос додааст. Соли 2014 соли рекордии сармоягузории бонк дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол барои кишвар 100 миллион доллар ихтисос медиҳад ва бахусус барои тармими нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум, ки фарсудаву қадимӣ шудааст. Хуршеди Ҳамдам, хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи ҳамкориҳои Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ва сармоягузориҳои минбаъдаи он дар Тоҷикистон бо Ричард Ҷонс, раҳбари дафтари ин бонк дар Душанбе сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Мо мебинем, ки бонки шумо тарҳҳои хурду миёнаро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Барои чӣ то кунун Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд аз сармоягузории тарҳҳои калон худдорӣ кардааст?

Ричард Ҷонс: Ба назари ман ин ҳақиқат надорад, ки бигӯем, бонки мо аз сармоягузории тарҳҳои бузург дар Тоҷикистон худдорӣ кардааст. Масалан, мо ҳамроҳ бо Бонки Осиёии Рушд, як тарҳи роҳсозӣ дар Душанберо бо арзиши 35 миллион доллар сармоягузорӣ кардаем. Ва имсол мо барои тарҳи бозсозии нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум 50 миллион доллар сармоя ихтисос додем. Арзиши ин тарҳ, ки мо бо шариконамон ҳамроҳ иҷро мекунем, ба 75 миллион доллар мерасад. Мо ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтаем, ки мо барои баррасии тарҳҳои бузургтаре омода ҳастем. Масалан, барои баррасии тарҳи КАСА-1000 ва тарҳҳои бунёди роҳҳое, ки Тоҷикистонро ба манотиқи атрофаш васл мекунад, боз ҳастем. Мо барои сармоягузории тарҳҳои бузург дар Тоҷикистон бисёр боз ҳастем. Вале ба андешаи ман муҳим он аст, ки мо усулҳои сармоягузорӣ барои тиҷорати давомдор, барномаҳои хуби молӣ ва иҷрои хуби тарҳҳоро инҷо меорем ва метавонем тарҳҳои бузургро бо назардошти ҳамин усулҳо баррасӣ кунем.

Радиои Озодӣ: Метавонед чанде аз тарҳҳои муваффақи бонк дар Тоҷикистонро номбар кунед?

Ричанд Ҷонс зимни сӯҳбат бо Хуршеди Ҳамдам.
Ричанд Ҷонс зимни сӯҳбат бо Хуршеди Ҳамдам.

Ричард Ҷонс: Мо бахусус аз тарҳҳои худ дар бахши хизматрасонии коммуналӣ ва шабакаҳои обрасонӣ ифтихор мекунем. Мо тақрибан 10 сол пеш дар Хуҷанд ҳамкорӣ бо шаҳдорӣ, муассисаи коммуналӣ ва корхонаи обрасониро оғоз кардем, то ки таъминоти об дар Хуҷанд беҳтар шавад. Дар аввал хонаҳо муназзам бо об таъмин намешуданд, вале бо ҳамкорӣ бо оҷонсии рушди Швейтсария мо барои ин бахш кӯмаки фаннӣ кардем ва сармоя ихтисос додем ва ба ширкати обрасонӣ кӯмак кардем, ки тараққӣ ёбад. Ва ҳоло шаҳри Хуҷанд 24 соат бо об таъмин аст ва 97 дар сади хонаҳо ҳисобкунаки об доранд, ки имкон медиҳанд, ки ин сарвати муҳиму камёб ба таври самаранок истифода шавад. Ва мо ин корро дар саросари кишвар мекунем. Мо тарҳи мазкурро дар се шаҳри Хатлон густариш дорем. Тарҳи таъмини об аз тарафи иқтисоддонҳои Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд баландтарин баҳоро гирифтааст ва мо аз ин бисёр ифтихор мекунем.

Радиои Озодӣ: Шумо ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар як соли гузаштаро чигуна арзёбӣ мекунед? .

Ричард Ҷонс: Ду арсае, ки мо ба онҳо айни замон таваҷҷӯҳ дорем, арсаи энержӣ ва бонкдорӣ аст. Ин ду бахш ҳоло ба мушкилоти ҷиддиву печидае рӯ ба рӯ ҳастанд. Мо эҳсос мекунем, ки дар ин ҷода гомҳои хубе бардошта шудаанд ва ҳамкории мо дар ин заминаҳо бо мақомоту мизоҷонамон хуб аст. Мо мебинем, ки кор ба самти дуруст ҳаракат дорад. Ҳама чиз дар ҷараёни ислоҳот ва ё дар як шаб дуруст намешавад, ислоҳот ҷараёни тӯлонӣ аст. Вале мо бовар дорем, ки ҳукумат азм дорад, ислоҳотро идома бидиҳад ва мо умедворем, ки тадбирҳои изофӣ ва муассир дар марҳилаи оянда андешида мешавад ва Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд барои он дар Тоҷикистон аст, ки дар анҷоми ислоҳот кӯмак кунад.

Мусоҳиба бо Ричард Ҷонс, раиси дафтари ЕБРД дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:00 0:00

Радиои Озодӣ: Вобаста ба таҳримот алайҳи Русия, ки иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди он кишвар пойбанд аст. Шумо ояндаи иқтисоди кишварр бо назардошти ин вазъ чӣ гуна мебинед?

Ричард Ҷонс: Ба назари ман дар воқеъ дар авзои геополитикӣ ва шароити минтақа номаълумиҳо вуҷуд орад. Ва мо намедонем, ки чунин вазъ ба интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон чӣ таъсир мегузорад ва ё не. Вале ба назари мо, пеш аз оғози ин ҳодисаҳо возеҳ буд, ки дар Тоҷикистон дар воқеъ бояд бахши хусусӣ рушд кунад ва ҳукумат мефаҳмад, ки бояд бахши хусусӣ ривоҷ ёбад ва босуръат ривоҷ ёбад. Ва бо рушд, барои ҷавонон ҷойи кор офарида шавад, то ки Тоҷикистон аз манобеъаш истифода кунад, мол истеҳсол шавад. Масалан, маҳсулоти кишоварзиро коркард, бастабандӣ кунанд ва ба хориҷа фурӯшанд. Масалан, ҳоло ин имкон ба вуҷуд омадааст, ки аз Тоҷикистон ба Русия маҳсулоти бештари ғизоӣ фурӯхта шавад.

Радиои Озодӣ: Шумо бахши хусусиро ёдовар шудед. Ҳукумати Тоҷикистон чӣ кор бояд кунад, ки шароити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар беҳтар шавад?

Ричард Ҷонс: То кунун кори зиёде анҷом шудааст, аз ҷумла дар ҷараёни шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ. Ва баъди он низ ислоҳот сурат мегирад. Кодекси андози нав қабул шуд, баъзе аз пешрафтҳо дар бахши санҷиши корхонаҳо сурат гирифт ва дар натиҷаи ин ислоҳот Тоҷикистон дар ҷадвали Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи шароити соҳибкорӣ босуръат боло рафт. Аммо кори зиёде ҳаст, ки бояд анҷом дода шавад ва як масъалаи калидӣ ин аст, ки ҳар қарору тасмиме, ки дар сатҳи болоӣ қабул мешавад, бояд дар тамоми сатҳҳо амалӣ ва иҷро шавад. Дар воқеъ возеҳ нест, ки ин қарорҳо то ба сатҳҳои назоратӣ ва ё поёнӣ меоянд ва дар воқеъ барои соҳибкорӣ амалӣ мешаванд. Масалан, ду мисол меорем, агар Кодекси нави андозро бигирем ва ё таҷрибаи андозситониро бигирем, комилан ду чизи мутафовитро мебинем. Агар ба кори додгоҳҳои иқтисодӣ нигоҳ кунем, барои соҳибкорону сармоягузорон возеҳ нест, ки дар воқеъ баррасиҳои додгоҳӣ бар тибқи қонунҳо сурат мегиранд, ё не. Барои соҳибкорӣ шароити қобили пешбинӣ бисёр муҳим аст. Дар соҳибкорӣ, муҳити қобили пешбинӣ дар андозбандӣ ва ё кори додгоҳӣ бисёр муҳим аст, чунки соҳибкор бо назардошти он тасмими муносиб мегирад ва барномаву сармоягузориҳояшро мувофиқ мекунад.

Радиои Озодӣ: Дар оянда бонки шумо дар кадом соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкории бештар карданист?

Ричард Ҷонс: Айни замон мо сари стротегияи нави бонк барои Тоҷикистон кор мекунем. Мумкин аст, дар се самт амалӣ шавад, самти аввал рушди бахши хусусӣ ва барои ин бахши молии қавӣ ҳаётан муҳим аст. Барои ҳамин мо бо бонкҳо дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем, ба онҳо бо доллару сомонӣ қарз медиҳем. Мо ҳамроҳ бо кишварҳои кӯмакрасон, барои соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорат дар ин арса қарзҳо ҷудо мекунем. Барои истифодаи босамари обу энержӣ ҳам кор мекунем, ки бахше аз барномаҳои мутобиқшавӣ ба гармоиши иқлим аст. Барои арсаҳое, ки занон кор мекунанд, сармоягузорӣ мекунем, аз ҷумла сармоягузорӣ дар ширкатҳое, ки занон онҳоро раҳбарӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG