Бо вуҷуди эътирофи он ки бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон аз афзоиши тафтишҳо шиква мекунад, Лочин Файзуллозода, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 27 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди кишвар ба 70 дарсад баробар шудааст. Ҷаноби Файзуллозода афзуд, ин рақам то 1 июли соли ҷорӣ баршумурда шуда ва дар муқоиса ба соле пеш, беш аз 5 дар сад зиёд шудааст. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Файзуллозода, соли гузашта саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди Тоҷикистон 64,5 дар садро ташкил медод.
Муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ сабаби афзоиш ёфтани саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро ба фароҳам шудани шароит барои фаъолияти бахши хусусӣ ва фазои соҳибкорӣ марбут донист ва гуфт, ки дар ин замина ҳамкориҳо миёни давлат ва бахши хусусӣ ҷараён дорад. Вай ҳамчунин иттилоъ дод, ки лоиҳаи “Қонуни нави сармоягузорӣ” аз ҷониби раиси ҷумҳур қобили қабул дониста шуда ва ба Маҷлиси намояндагон ироа шудааст, ки имтиёзотеро барои сармоягузорон ва соҳибкорон фароҳам мекунад.
54 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ
Масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ мегӯянд, ҳоло 54 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламрави Тоҷикистон мавриди иҷро қарор доранд, ки маблағи умумии онҳо 14,1 миллиард сомонӣ ё муодили 2, 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Лочин Файзуллозода, то 1 июли соли ҷорӣ маблағи 6,8 миллиард сомонӣ аз худ карда шудаааст, ки ин 48 дарсади маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузориро ташкил медиҳад. Ҷаноби Файзуллозода, афзуд, ки лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 10 соҳаи иқтисоди Тоҷикистонро дар бар гирифтааст.
Аммо ба таъкиди ҷаноби Файзуллозода, воридоти сармояи хориҷӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ маблағи 201,6 миллион долларро ташкил додааст, ки аз он 96,6 миллион доллар сармояи мустақим мебошад. Воридоти сармояи мустақим асосан ба соҳаҳои омӯзиши геологӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, алоқа, сохтмон, саноат, саноати масолеҳи сотхмонӣ, кишоварзӣ ҳазина мешавад.
300 миллион доллар фоидаи Тоҷикистон аз CASA – 1000
Лочин Файзуллозода, муовини раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар посухи суол дар мавриди сарнавишти тарҳи “CASA – 1000” ин лоиҳаро барои Тоҷикистон пураҳамият арзёбӣ кард. Ҷаноби Файзуллозода гуфт, дар ҳоли ҳозир дар иҷрои ин тарҳ 4 кишвар, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун кишвари содиркунанд ва Афғонистону Покистон, чун воридкунанда саҳим мебошанд. Аммо ба таъкиди ҷаноби Файзуллозода, Ҳинд ва Қазоқистон низ ба ин тарҳ таваҷҷӯҳи зиёд намуда ва мехоҳанд то ба ин тарҳ ҳамроҳ гарданд.
Муовини аввали раиси кумитаи сармоягузории Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳар сурат иҷрои ин лоиҳа ба нафъи Тоҷикистон аст ва онҳо умедворанд, ки он на танҳо сад дар сад, балки ҳазор дар сад иҷро мешвад ва кишвари мо тариқи ширкати “Барқи Тоҷик” солона маблағи 300 миллион доллар фоида ба даст меорад.