Мавлон Мухторов, муовини раиси кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 1 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои имомхатибоне, ки дар ин мулоқот ширкат мекунанд, либоси ягона супориш додааст." Корхонаи дӯзандагии "Ёқут-2000" супориш гирифтааст, ки то рӯзи баргузории мулоқот барои беш аз 200 тан аз имохатибон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон либоси ягона бидӯзад.
Як масъули ширкати "Ёқут - 2000" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки "алакай ҳамаи имомхатибон ба корхона омада ва андозаи либос ва кафши онҳо гирифта шуд ва интизор меравад то таърихи 3-юми июл барои онҳо ҷелак, пироҳан ё курта, шим ва кашф таҳия ва омода шавад." Аммо ин манбаъ дар мавриди ҳазина ва аз тарафи кӣ пардохт шудани пули либоси ягона барои имомхатибон изҳори беиттилоъӣ кард ва танҳо гуфт, ки "ба мо супориш шудааст, мо медӯзем."
Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти давлатӣ дар мулоқоти президент бо аҳли ҷамоат ва рӯҳониён мехоҳанд барои аҳли нишаст чунин дастовез таҳия кунанд. Ҳамонгуна ки дар мулоқоти ахири раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҷавонон дар моҳи май ба 2200 нафар ширкатдорон планшет тӯҳфа карда шуд, ки қимати ҳар яки он дастикам 500 доллар гуфта мешавад.
Ба иттилоъи масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон, мулоқоти президент бо фаъолону рӯҳониён рӯзи панҷшанбеи 4 июл дар толори Кохи Ваҳдати Душанбе баргузор мешавад.
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, ки дастгоҳи иҷроияи президент аз мубтакирони аслии ин иқдом аст ва интизор меравад, дар ин ҳамоиш беш аз 1200 нафар, аз ҷумла фаъолону раисони ҷамоатҳо ва имомхатибони масҷидҳои кишвар ширкат кунанд.
Аммо ҷаноби Мухторов гуфт, ки раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, назири ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ба ин мулоқот даъват нашудаанд. Оқои Мухторов ба ин пурсиш, ки оё рӯҳониёни маъруф ба мисли Ҳоҷӣ Мирзо ё бародарон Тӯраҷонзодаҳо низ даъват шудаанд, гуфт, ки даъвати рӯҳониёни маъруф ба дӯши дастгоҳи раёсатҷумҳурист ва ӯ феълан дар ин бора чизе гуфта наметавонад.
Хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мегӯянд, то кунун ҳеҷ даъватномае аз тарафи ҳукумат ҷиҳати иштирок дар ин мулоқот дарёфт накардаанд. Раиси Академияи исломии собиқи ҲНИТЗубайдуллоҳи Розиқ низ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки тайи чанд соле, ки президент бо рӯҳониён мулоқот дорад, ҳеҷ нафаре расман ба намояндагӣ аз ҲНИТ даъват нашудааст.
Мулоқоти рӯзи 4 июл дувумин мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо рӯҳониён хоҳад шуд. Мулоқоти аввали Эмомалӣ Раҳмон дар чунин чорчӯб соли 2009, ки дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам эълонаш карда буданд, доир шуд.