Дар ҳоле, ки бархе аз коршиносон баргузории чунин вохӯриро ба интихоботи ояндаи президентӣ рабт медиҳанд, бархеи дигар мегӯянд, дар муносибатҳои байни дину давлат ва нуфузи дин дар ҷомеа масъалаҳои зиёде ҷамъ омадааст, ки чунин муколамаро ба як зарурат табдил додаанд.
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 30-уми апрел ҳини суханронӣ дар ҳамоиши «Нақши масҷид дар ҷомеаи Тоҷикистон», ки Оҷонсии иттилоотии «Азия плюс» ташкил карда буд, аз эҳтимоли ҳалли яке аз масъалаҳо хабар дод ва гуфт: «Умед дорем, ки дар мулоқоти моҳи июн бо диндорон, масъалаи бо маош таъмин шудани имомхатибон ҳалли худро ёбад.»
Аммо нияти, ба истилоҳ, «будҷахӯр» кардани имомхатибонро бархе аз соҳибназарон ба чолиш кашиданд. Ба гуфтаи онҳо, қонуни асосӣ дахолати давлат ба умури динро манъ кардааст. Саодат Олимова, аз маркази тадқиқотии «Шарқ» мегӯяд: «Чӣ гуна ҳоло дар мавриди таъйин кардани маош ба имомхатибон аз ҳисоби давлат метавон сухан кард? Констиутсияро ҳеҷ кас то ҳол аз эътибор соқит накардаст! Барои ин бояд райпурсӣ баргузор карда ба Конститутсия тағйирот ворид кунӣ. Пасон метавон дар мавриди таъйини маош ба имомхатибон сӯҳбат кард.»
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносни дигар мегӯянд, дар қатори мусулмонон дар Тоҷикистон намояндагони адёни дигар низ кору зиндагӣ доранд ва агар давлат ба имохатибон нияти таъйини маошро дорад, ба усқуфҳои калисо ва роҳибони каниса ё синагога низ бояд маош диҳад.
Дар ҳамоиши мазкур ҳамчунин назару пешниҳодҳои дигар ҳам садо доданд. Як масъули САҲА дар Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бигузор барои имомхатибони кишвар давраҳои омӯзишӣ таъсис шаванд. То ин ки онҳо бо воситаи мавъизаҳояшон ҷавононро аз ақида ва ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ боздоранд.
Намояндагони Кумитаи дин аз пешниҳоди мазкур истиқбол карда, омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт иброз доштанд.
Аммо таҳлилгарон ташкили чунин давраҳои омӯзиширо як кори беҳуда ва тундравӣ медонанд. Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик дар ин робита гуфт: «Агар гӯем, ки имомхатиб бояд ин кору он корро кунад, зидди экстремизм мубориза барад, ин худаш як экстремизм аст!. Имомхатиб ҳамон вазифаи аслии худашро хуб иҷро кунад, давлат аст.»
Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур гуфта шуд, ки танзими аз ҳад беши мавъизаи хатибон ва қироати вазъҳои фармоишӣ дар мавзӯъҳои супоришии Кумитаи дин ба салоҳи ҷомеа нест. Абдуллои Роҳнамо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, чун рӯҳониён вақтҳои охир бештар дар мавзӯъҳои сиёсии истиқлолияту ваҳдат мегӯяд, ҷавонон ба мавъизаи онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд: «Вақте мавъизаи имомхатибонро мешунавӣ, фикр мекуни, ки телевизиони давлатиро тамошо дорӣ. Имомхатибон чун саводи сиёсии комил надоранд, беҳтар аст онҳо дар мавзӯъҳои сисёсӣ комилан сухан нагӯянд.»
Ҳамин тариқ, ҳамоиш таззодҳои зиёдеро ба миён овард ва ин ақидаро тасдиқ кард, ки дар муносибатҳои байни дину давлат ва вазъи дин дар ҷомеаи Тоҷикистон воқеан масъала ва мушкилоти зиёде ҷамъ шудааст.
Бояд гуфт 97 дарсади аҳолии Тоҷикистон пайрави дини Ислом ҳастанд ва дар ҷумҳурӣ мувофиқи омори тоза 3 ҳазору 982 масҷид фаъол аст.