Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки бархе аз аъзо ва пайравони чунин гурӯҳҳо аз боздошту маҳбус шудани хеш изҳори қаноатмандӣ мекунанд ва фаъолияти худро дар маҳбасҳо идома медиҳанд.
Муҳаммад Аҳмад, ки ба идораи Радиои Озодӣ омада, худро аз пешвоёни ҳизби мамнуи “Таҳрир” дар Тоҷикистон муаррифӣ кард, мегӯяд, бо вуҷуди боздошт ва зиндонӣ кардани садҳо тан аз ҷонибдоронаш ин гурӯҳ ҳамчунон дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Душанбеву Турсунзода фаъол аст ва пайваста адабиёту шабномаҳои худро миёни мардум паҳн мекунанд.
Вай гуфт, пайравони ин гурӯҳи манъшуда ҳатто таъқибу фишору боздоштҳои солҳои ахирро низ ба суди густариши маҳдудаи фаъолияти ҳизб истифода бурдаанд ва акнун маҳбасҳоро ба як манбаъи дигари такмили суфуфи Ҳизбуттаҳрир табдил додаанд.
Вай мегӯяд, “мақсади бисёрии худи онҳост, ки барои даъват вориди зиндон шаванд. Баъд аз се–чор сол аз зиндон онҳое, ки таҳририҳоро намешинохтанд, ҳақро фаҳмида берун меоянд”.
Дар поёни соли гузашта ICG, гурӯҳи байналмилалии мутолиаи бӯҳронҳо, дар гузориши худ таъкид карда буд, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо дасти худ тундгароиро бо ситезаҷӯӣ дар маҳбасҳо омезиш дода, хатари бузургеро ба амнияти минтақа эҷод мекунанд.
Бештари соҳибназарони тоҷик ҳам ба ин назаранд, ки муқобилиятҳои шадид дар қиболи пайравони гурӯҳҳои исломии ифротгаро ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардани онҳо дар оянда барои Тоҷикистон ҳатман дардисарҳое хоҳад овард.
Фаромарзи Шералӣ, ки мутарҷими китоби “Муноқишаи илмӣ дар радди Ҳизбуттаҳрир” аст, дар Дубай ба сар мебарад. Вай мӯътақид аст, ки бо роҳи фишору таъқиб наметавон дар мубориза бо созмонҳое, чун Ҳизбуттаҳрир комёб шуд. Ба бовари ӯ, пештози чунин мубориза бояд худи рӯҳониён бошанд, ки бо такя бо улуми исломӣ пеши роҳи густариши нуфузи чунин ҳаракатҳоро бигиранд.
Ҷаноби Шералӣ мегӯяд, “танҳо ҳамин китоби моро хонда, бисёриҳо аз Ҳизбуттаҳрир рӯ гардонданд. Дар зиндонҳои Тоҷикистон садҳо таҳрирӣ менишинад, вале моро нагузоштанд, ки ин китобро миёни онҳо паҳн кунем. Аммо ба ҳар василае ин китоб ба дасти онҳо расид ва мо ҳоло даҳҳо танро медонем, ки бо таъсири ин китоб аз Ҳизбуттаҳрир баргаштаанд”.
Қосими Бекмуҳамад, таҳлилгари тоҷик, низ зиндонро ҷойе намедонад, ки назар ва ё мавқеи исломгароёнро тағйир диҳад ва ё ба қавли дигар ислоҳ кунад. Вай ҳамон тавре ки Гурӯҳи байнулмилалии мутолиаи бӯҳронҳо гуфтааст, зиндонро ба “гармхона”-е мушобеҳ медонад, ки дар он ҷо на танҳо зиндониёни исломӣ аз мавқеи худ канор намераванд, балки дар канори худ пайравони зиёдеро аз ҳисоби зиндониёни дигар мепарваранд.
Ба гуфтаи таҳлилгар, “онҳо дар ин замина то ҷое муваффақ ҳам ҳастанд. Бино бар ин, бояд дар сатҳи сиёсатгузориҳои расмӣ нигоҳ ба ин мавзӯъ ба сурати ҷиддӣ тағйир дода шавад. Ва фазое дар худи кишвар эҷод шавад, то чунин падидаҳои номатлуб ва ё ба инҳироф кашидани мардум ба ҳадди аққал расонида шавад”.
Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон фишору таъқиби пайравони гурӯҳҳои тундрави исломиро аз умдатарин роҳи ҷилавгирӣ аз ҳузур ва фаъолияти гурӯҳҳое, чун Ҳизбуттаҳрир медонанд. Ҳизбуттаҳрир таъсиси як хилофати воҳид дар заминаи кишварҳои Осиёи Марказиро ҳадафи аслии фаъолияти худ медонад.
Фаъолияти Ҳизбуттаҳрир дар Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ мамнӯъ аст ва номи он дар рӯйхати сиёҳи 11 созмони террористиву экстремистӣ, ки Душанбе таҳия кардааст, дар радифи гурӯҳҳое чун Ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳизби “Тоҷикистони озод” омадааст.
Гуфта мешавад, дар тӯли нӯҳ сол мақомоти интизомии кишвар бештар аз 400 узви Ҳизбуттаҳрирро барои ҷароиме назири паҳн кардани шабномаҳову адабиёти мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии низоми дунявии кишвар боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардаанд.
Ҳамчунин, вазорати фарҳанги Тоҷикистон нашри адабиёти таблиғотии Ҳизбуттаҳрир, аз ҷумла “Низоми ҳокимият дар ислом”, “Садо аз қаъри зиндонҳо”, “Госаппарат халифата”, “Пиндорҳои Ҳизбуттаҳрир”, “Назарҳои сиёсии Ҳизбуттаҳрир”, “Ислом низоми”, “Ислом давлати”, “Демократия низоми куфр аст” -ро ғайриқонунӣ эълон кардааст.
Муҳаммад Аҳмад, ки ба идораи Радиои Озодӣ омада, худро аз пешвоёни ҳизби мамнуи “Таҳрир” дар Тоҷикистон муаррифӣ кард, мегӯяд, бо вуҷуди боздошт ва зиндонӣ кардани садҳо тан аз ҷонибдоронаш ин гурӯҳ ҳамчунон дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Душанбеву Турсунзода фаъол аст ва пайваста адабиёту шабномаҳои худро миёни мардум паҳн мекунанд.
Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо дасти худ тундгароиро бо ситезаҷӯӣ дар маҳбасҳо омезиш дода, хатари бузургеро ба амнияти минтақа эҷод мекунанд ...
Вай мегӯяд, “мақсади бисёрии худи онҳост, ки барои даъват вориди зиндон шаванд. Баъд аз се–чор сол аз зиндон онҳое, ки таҳририҳоро намешинохтанд, ҳақро фаҳмида берун меоянд”.
Дар поёни соли гузашта ICG, гурӯҳи байналмилалии мутолиаи бӯҳронҳо, дар гузориши худ таъкид карда буд, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо дасти худ тундгароиро бо ситезаҷӯӣ дар маҳбасҳо омезиш дода, хатари бузургеро ба амнияти минтақа эҷод мекунанд.
Бештари соҳибназарони тоҷик ҳам ба ин назаранд, ки муқобилиятҳои шадид дар қиболи пайравони гурӯҳҳои исломии ифротгаро ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардани онҳо дар оянда барои Тоҷикистон ҳатман дардисарҳое хоҳад овард.
Фаромарзи Шералӣ, ки мутарҷими китоби “Муноқишаи илмӣ дар радди Ҳизбуттаҳрир” аст, дар Дубай ба сар мебарад. Вай мӯътақид аст, ки бо роҳи фишору таъқиб наметавон дар мубориза бо созмонҳое, чун Ҳизбуттаҳрир комёб шуд. Ба бовари ӯ, пештози чунин мубориза бояд худи рӯҳониён бошанд, ки бо такя бо улуми исломӣ пеши роҳи густариши нуфузи чунин ҳаракатҳоро бигиранд.
Ҳизбуттаҳрир таъсиси як хилофати воҳид дар заминаи кишварҳои Осиёи Марказиро ҳадафи аслии фаъолияти худ медонад ...
Қосими Бекмуҳамад, таҳлилгари тоҷик, низ зиндонро ҷойе намедонад, ки назар ва ё мавқеи исломгароёнро тағйир диҳад ва ё ба қавли дигар ислоҳ кунад. Вай ҳамон тавре ки Гурӯҳи байнулмилалии мутолиаи бӯҳронҳо гуфтааст, зиндонро ба “гармхона”-е мушобеҳ медонад, ки дар он ҷо на танҳо зиндониёни исломӣ аз мавқеи худ канор намераванд, балки дар канори худ пайравони зиёдеро аз ҳисоби зиндониёни дигар мепарваранд.
Ба гуфтаи таҳлилгар, “онҳо дар ин замина то ҷое муваффақ ҳам ҳастанд. Бино бар ин, бояд дар сатҳи сиёсатгузориҳои расмӣ нигоҳ ба ин мавзӯъ ба сурати ҷиддӣ тағйир дода шавад. Ва фазое дар худи кишвар эҷод шавад, то чунин падидаҳои номатлуб ва ё ба инҳироф кашидани мардум ба ҳадди аққал расонида шавад”.
Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон фишору таъқиби пайравони гурӯҳҳои тундрави исломиро аз умдатарин роҳи ҷилавгирӣ аз ҳузур ва фаъолияти гурӯҳҳое, чун Ҳизбуттаҳрир медонанд. Ҳизбуттаҳрир таъсиси як хилофати воҳид дар заминаи кишварҳои Осиёи Марказиро ҳадафи аслии фаъолияти худ медонад.
Дар тӯли 9 сол мақомоти интизомии кишвар бештар аз 400 узви Ҳизбуттаҳрирро ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардаанд ...