«Пир», ба иддаои муҳаққиқон, ишора ба пирони тариқат дар тасаввуф аст, ки садсолаҳо дар сарзамини тоҷикон аз нуфузи хоса бархурдор буданд. Эътиқод ба аҳли тариқат дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон то ҳанӯз пойбарҷост.
...Ҳоҷӣ Ғайбулло, имом-хатиби яке аз рустоҳои ноҳияи Ҳамадонӣ ва аз пайравони Нақшбандия мегӯяд, ки авлоди онҳо садсолаҳо боз мансуб ба ин тариқат аст ва бобояш Мулло Ҳабибуллоҳ замони шӯравӣ яке аз пирони тариқат дар минтақаи Кӯлоб буд. Ба гуфтаи ӯ, бобояш овони наврасиву ҷавонӣ муриди Домулло Шариф дар Ҳисор, Эшони Азизхоҷа ва Домуллои Кишти Боло буд, ки ҳамагӣ аз сӯфиҳои тариқати Нақшбандия буданд. Аз дигар авлодонаш, аз ҷумла, Эшони Шайх дар Пири Марванда аз афроди бонуфузи минтақа маҳсуб мешуд ва муридони зиёд дошт.
Ҳоҷӣ Ғайбулло меафзояд, ки аз овони тифлӣ сӯҳбатҳои орифона дар манзили хоксоронаи бобояш Мулло Ҳабибуллоҳ ва чилланишиниҳои ӯ дар ёдаш мондааст. Он солҳо мардуми зиёд аз атрофу акноф, ҳатто раҳбарони воломақоми ҳизбӣ, ба зиёрати бобояш меомаданд."Ман ба эътиқодмандони Нақшбандия дарс мегӯям, аммо худ то ҳол дар ин тариқат ба дараҷае нарасидаам", иқрор мекунад Ҳоҷӣ Ғайбулло.
Аҳмадхоҷа Маҳмадхоҷаев, узви вобастаи АУ Тоҷикистон ва муҳаққиқи тасаввуф, мегӯяд, ки мардуми Тоҷикистон асосан аз равияҳои Нақшбандия ва Қодирия пайравӣ мекунанд. Қодирия, ки поягузораш Абдулқодири Гелонист, дар қарни даҳ арзи вуҷуд кардааст ва қадимитарин дар тасаввуф маҳсуб мешавад. Абдулқодири Гелонӣ соҳиби девони шеъру ғазалҳои ирфонӣ ва рисолаи «Футуҳоти ғайбй» аст. Поягузори равияи Нақшбандия Муҳаммад Баҳоваддини Нақшбанд, зодаи Бухорои шариф аст ва мақбараи ӯ дар ин шаҳр қарнҳо боз зиёратгоҳи ҳазорон нафар боқӣ мемонад.
Саидаҳмади Қаландар, донишманди тоҷик, ки понздаҳ соли ахир пиёдаву савора дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи аҳли тариқат буд, мегӯяд, маҳз тасаввуф замони шӯравӣ дини исломро аз нобудшавӣ ҳифз кард. «Аҳли тасаввуф бо сабру тоқату гӯшанишинӣ тавонистанд, ки аз таъқибҳо фирор кунанду дар ғорҳо панаҳ баранд, аз як маҳал ба маҳали дигар раванд ва тавассути эътиборашон миёни мардум ва ҳузури муридҳояшон дар ҳар минтақа чароғи дину ирфонро зинда нигаҳ доштанд.»
Ба гуфтаи Саидаҳмади Қаландар, ҳавзаи тасаввуф дар ҷануби Тоҷикистон дар охирҳои солҳои 30-юми қарни гузашта, солҳои воқеъан мусибатбор барои рӯҳониёни тоҷик, ҳавзаи Домулло Абдураҳими Элокӣ буд. Баъд аз таъқибу парокандашавии хонаводаи Эшони Сайид Ғиёсиддин ибни Муҳаммадшарифи Намангонӣ ягона писари зиндамондаи ӯ Абдураҳмонхоҷа бо васияти падар назди Домулло Абдураҳим омад ва дар хонадони ӯ ба камол расид ва то оғози истиқлоли Тоҷикистон ба ҳайси «қутби тасаввуф» шинохта мешуд.
Ҳоло ҳавзаи тасаввуф дар мавзеи Қалъаи нави Файзобод дар ихтиёри Эшони Абдулвоҷид, яке аз писарони Эшони Абдураҳмонҷони Элокӣ аст. Мусоҳиби мо меафзояд, ки Эшони Абдураҳмонҷон ба ҳамагӣ панҷ кас «хати иршод» дода буд ва онҳо дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба симати пирони тариқати Нақшбандия фаъолият доштанд ё доранд. Яке аз онҳо Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ чанд моҳ пеш аз олам даргузашт, Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ ва Махдуми Темурхон аз Шаҳринав чун пири тариқат эътироф шудаанд. Дар шимоли Тоҷикистон ҳавзаи тасаввуфи Эшони Хоҷаҷон маъруф аст, ки баъдан дар ихтиёри писараш Эшони Шакархон қарор дошт ва ҳоло пири тариқати ҳавза Эшони Муҳаммад аст ва дар Мастчоҳи нав ба сар мебарад.
Дар ҷануби Тоҷикистон Эшони Аслиддин дар Данғара ва Махсуми Санги Кулула дар Кӯлоб аз шахсиятҳои тавонои тариқати Нақшбандия буданд ва миёни мардум маҳбубияти хоса доштанд. Дар маросими ҷанозаи Махсуми Санги Кулула ҳазорон нафар, аз ҷумла, даҳҳо мансабдорони ҳизбӣ ширкат доштанд, ки баъдан муҷозот шуданд ва ҳатто билетҳои ҳизбии худро аз даст доданд.
Саид Аҳмадов, пажуҳишгари масоили динӣ, иқрор мекунанд, ки имрӯз ҳам бархе аз мансабдорони ҳукуматӣ ба аҳли тасаввуф назар ба дигар рӯҳониён эҳтирому таваҷҷуҳи бештар доранд. Сабаби эътиқоду эҳтироми беандоза ба пирони тариқат ва аҳли тасаввуф чист? Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, “ҳадаф аз рафтани мардум ё ҳадаф аз вуҷуд доштани ҳавзаи тасаввуф аз номаш зоҳир мешавад, яъне, пок кардани вуҷуд. Ин талқини пири тариқат дар ҳамон ҳавза ба муридҳо барои тақвияти вуҷудашон, пок кардани вуҷудашон аз ҳама гуна ширк, фиреб, риё, дурӯғ, найранг, рибо, амалҳои ношоиста, кирдорҳои зишт мебошад. Одамон барои покшавӣ ба назди сӯфиҳо мераванд ва назр мебаранд, ҳарчанд онҳо ба ин ниёзе надоранд.”
Ба гуфтаи Саидаҳмади Қаландар, аҳли тасаввуф ба ҷуз покиву парҳезкорӣ дар садоқат ҳам намунаанд. Онҳо оромгоҳҳои пирони тариқати замоне бадарғашудаи худро ҳатто дар Сибири Русия пайдо карда, ё ҷанозаҳои онҳоро ба ватан овардаанд ё онҳоро ҳамон ҷо нигоҳубин мекунанд. Ҳарчанд ӯ иқрор мекунад, ки дар Тоҷикистон сӯфиҳои тақаллубӣ ҳам кам нестанд.
Саидаҳмади Қаландар меафзояд, аз тариқати Қодирия, дуввумин тариқати роиҷ дар Осиёи Марказӣ, хонаводаи Тураҷонзодаҳо ва Эшони Абдулхалилҷон пайравӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Саид Аҳмадов мегӯяд, алҳол дар Тоҷикистон пири тариқате нест, ки ҳама пайравони Нақшбандия ё Қодирия ихлосманди ӯ бошанд, аз ин рӯ бархе аз муридон барои дарёфти "хатти иршод" ба Афғонистони ҳамсоя мераванд.
Атохоҷа Маҳмадхоҷаев, муҳаққиқи тасаввуф мегӯяд,як тафовут миёни Нақшбания ва Қодирия он аст, ки пайравони равияи Нақшбандия бо садои паст зикр мекунанд ва ҳангоми зикр ҳатто шахси дар паҳлӯ нишаста садояшро намешунавад, яъне «Аз бурун дар миёни бозорам, в-аз дарун хилватест бо ёрам», «Дар зоҳир бо халқ, дар ботин бо Ҳақ», «Даст ба кору дил ба ёр». Ҳикоят мекунанд, ки аз нафаре пурсидаанд: «Аз кадом зикр дар ҳайрат мондӣ»? Посух мегӯяд: «Ҷавонеро дидам дар Каъба, ки пардаи Каъба дар даст дошту дилаш ба дунё банд буд, вале дар бозори Ҳирот ҷавонеро дидам, ки ҳар рӯз ба беш аз ҳазор динор мол мефурӯхт, вале дилаш бо Худованд пайванд буд.»
Барои пайравони Қодирия зикр бо садои баланд, яъне, зикри чаҳрӣ, хос аст. Ба гуфтаи Атохоҷа Маҳмадхоҷаев, дар маҷмӯъ ёздаҳ усули зикр ё вуқуф мавҷуд аст, ки сето онҳо - қалбӣ, адабӣ ва замонӣ мансуб ба Баҳоваддини Нақшбанд будаанд ва ҳашт усули боқимонда аз поягузори тариқаи Хоҷагон Абдухолиқи Ғиждувонӣ ба мерос мондааст.
Пажуҳишгари масоили тасаввуф Аҳмадхоҷа Маҳмадхоҷаев мегӯяд, ки пайравони тариқати Нақшбандия ҳамагӣ соҳиби касбу коранд ва мардумро барои бо заҳмат як пора нон ёфтан таблиғ мекунанд. Ӯ ба як гуфтаи Баҳоваддини Нақшбанд ишора мекунад, ки «бисёр гуфтани зикр шарт нест”, лекин ҳамеша дар ёди Ҳақ бояд буд, яъне, «даст ба кору дил бо ёр». Ва аммо зикр баъд аз намоз сурат мегирад ваё алоҳида? Дар посух ба ин суол Муҳаммадхоҷаев мегӯяд, ки «сӯфиҳо аз шариат берун нестанд. Барои аҳли тасаввуф шариат зиннаи аввал аст, яъне шариат, тариқат ва ҳақиқат. Шариатро надониста ба тариқат наметавон гузашт. Аҳли тасаввуф баъд аз намоз зикри Худо мекунанд ва баъдан ҳангоми кор ҳам зикри Ҳақро идома медиҳанд».
Дар ҳамин ҳол муҳаққиқон мегӯянд, ягон паҳлуи тасаввуф чун муносибати ин таълимот ба мусиқӣ баҳси зиёду тулонӣ барнаангехтааст. Тариқати Нақшбандия аз таронаву рақс парҳез мекунанд. Дар маҳфилҳои суфиёнаи дигар равияҳо қироати шеър пушти навои созҳои мусиқӣ ва дар ҳоли беихтиёр ҷунбонидани бадан сурат мегирифт. Ва чунин қироати шеър дар тасаввуф "само" унвон шудааст.
Пажуҳишгарон мегӯянд, аҳли тасаввуф барои шунидани мусиқӣ омодагии ҷиддӣ мегирифтанд. Онҳо қабл аз намоз таҳорат мекарданд ва пироҳанҳои пок мепӯшиданд. Зимни шунидани мусиқиву тарона онҳо ба садо ва сурати қорӣ ваё овозхон аслан таваҷҷуҳ намекарданд, муҳим шеър буд ва муҳимтар аз он муҳаббат ба Худованд. Зимни иҷрои “само» сомеъонро ҳолати ваҷд фаро мегирад.
Аҳмадхоҷа Муҳаммадхоҷаев мегӯяд, ки аҳли тасаввуф пайравони Мавлавия, яъне, Ҷалолиддини Румиро ”аҳли само” мехонанд. Зимни мавлавихонӣ рақси "само" иҷро мешавад, рақсе, ки онро рақси дарвешон низ меноманд.
Зимнан, муридони тариқати Мавлавия зимни имтиҳони сангине, ки ҳазору як рӯз идома мекард, дар баробари азёд кардани ғазалҳои суфиёнаву ғазалҳои Ҷалолиддини Румӣ, санъати дар як ҷо чарх заданро низ меомӯхтанд. Онҳо муддатҳои тулонӣ гирди мехе чарх мезананд, ки миёни ду панҷаи пойи чапашон ҷойгир буд.
Зикр бо мусиқиву тарона дар дигар тариқати тасаввуф – Чиштия ҳам маъмул аст. Умар Темур, овозхону мусиқидони тоҷик, ки мавзӯъи тасаввуф ва мусиқиро пажуҳиш мекунад, мегӯяд, тайи як соли ахир дар Афғонистон буд ва он ҷо дар маҳфилҳои сӯфиҳои чиштия ҳам ширкат дошт, ки бо истифода аз асбобҳои зиёди мусиқӣ баргузор мешаванд ва баъзан то субҳ идома меёбанд..
Аҳмадхоҷа Маҳмадхоҷаев мегӯяд, ки ҷараёнҳои гуногуни тасаввуф тайи қарнҳо бо ҳам мухолифат ё таассубу душманӣ надоштанд, аммо бархе аз рӯҳониён сӯфиҳоро бад медиданд ва ҳатто аъмоли онҳоро куфр мехонданд.
Ба гуфтаи муаррихи тоҷик Раҳматулло Абдуллоев, солҳои 90-уми қарни гузашта миёни намояндагони исломи “сиёсӣ” ва аҳли тасаввуф ҳам чанд мудат хусумат ҷой дошт, зеро аҳли тасаввуф рӯҳониёни дигар, ҳатто Саид Абдуллои Нуриро “ваҳҳобӣ” мехонданд. Аммо баъдан ин сӯитафоҳум аз байн рафт.
Раҳматулло Абдуллоев мутмаин аст, то имрӯз дар манотиқи кӯҳистон ва баъзе мавзеъҳои Бадахшон боқӣ мондани ибораҳои “Ё пирам!”, "Ё пирам Баҳоваддин!" ва "Ё Баҳоваддини балогардон!", ки аз онҳо дар лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ фаровон истифода мебаранд, далели ихлос ба Нақшбандия ва нуфузи пирони тариқат миёни мардум аст.