Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории 26 имомхатиби масоҷиди ҷомеи кишвар


Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар пайи як санҷиш, 26 имомхатиби масоҷиди ҷомеъи кишварро аз вазифаҳояшон барканор кардааст. Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи умури дин гуфт, “сатҳи дониши на ҳамаи имомхатибон, ки имрӯз сокинон аз қафояшон намоз мегузоранд, ба талабот, ҳам аз назари қонуни давлат ва ҳам аз нигоҳи шариат ҷавобгӯ мебошад.”

“Аз ин хотир, ба аксари онҳо мӯҳлат муайян карда шуд, то тавонанд дониши худро васеъ кунанд”,-афзуд ӯ.



Абдураҳим Холиқов, ки дар як соли ахир масъулияти раҳбарии Кумитаи умури динро ба ӯҳда гирифтааст, мегӯяд, дар маҷмӯъ ҳудуди 250 тан аз имомхатибон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии атрофи Душанбе мавриди санҷиш қарор гирифтаанд.

Санҷиши имомхатибон ва барканории теъдоде аз онҳо аз мақомҳояшон ҳанӯз дар соли 2007 оғоз ёфта, ҳамасола идома мекунад, ки дар он аз масоили шаръӣ ва қонунҳои кишвар пурсида мешавад.

Давраҳои бозомӯзӣ барои имомхатибон


Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи мадании Тоҷикистон мехоҳанд, акнун имомхатибон низ давраҳои бозомӯзиро гузаранд.

Мунира Иноятова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар бораи рӯҳониён низ пажӯҳиш анҷом медиҳад, мегӯяд, шояд рӯҳониён гурӯҳе ҳастанд, ки мавриди такмили ихтисос қарор намегиранд ва дар ҳамон сатҳе, ки бо худомӯзӣ ба он ҷо расидаанд, боқӣ мемонанд.

Абдураҳими Мирзомуҳаммад, имомхатиби масҷиди “Нури имон” дар шимоли Тоҷикистон, низ мегӯяд, бояд мақомоти расмии кишвар бо як Донишкадаи расмии исломӣ иктифо накарда, ҳадди ақал дар маркази вилоятҳои кишвар Донишкадаҳои исломиро боз кунанд, то домуллоҳо дар он ҷо савияи дониши худро боло бубаранд.

Мақомоти Тоҷикистон агарчӣ динро аз давлатро ҷудо мешуморанд, вале солҳои ахир талош кардаанд, ки фаъолияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеъро таҳти назорати шадид бигиранд.

Дар қонуни озодии виҷдон ҳам, ки бо пешниҳоди ҳукумати кишвар тасвиб шудааст, гуфта шудааст, ки имомхатибҳои масоҷид бо раъйи сокинони маҳал ва бо мувофиқа бо масъули ҳукумати маҳаллӣ интихоб хоҳанд шуд.

Мавъизаҳои "носаҳеҳ"

Абдураҳим Холиқов, ки дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат ва аз фаъолияти яксолаи ин кумита натиҷагирӣ мекард, аз баёни мавъизаи иддае аз рӯҳониён ҳам ба шиддат изҳори нигаронӣ намуд.

Вай гуфт, ҳатто баъзе аз рӯҳониёни саршинос, дар баёни мавъизаи худ ба иштибоҳҳое роҳ медиҳанд, ки бадбинӣ ва хусумат дар ҷомеаро эҷод мекунад: “Кор то ҷое расидааст, ки имомхатиб фарқ байни ҳадиси саҳеҳ ва мавзӯъ намекунад. Мебарояд аз минбари баланд аз ҳадиси мавзӯъ гап мезанад.”

Ин дар ҳолест, ки масҷиди Баҳоуддини Нақшбанд дар шаҳри Душанбе барои нақзи қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои мазҳабӣ ва роҳ додан ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ огоҳии расмӣ гирифтааст.

Ҳамон тавре ки раҳбари Кумитаи умури дин гуфт, онҳо барои ҷилавгирӣ аз баёни тунди рӯҳониён дар мавъизаҳояшон талош кардаанд, китоби «Мавъиза»-ҳоро дар ҳаҷми 140 саҳифа омода кунанд, ки аз 52 мавзӯъ иборат буда, барои имомхатибон пешниҳод мешавад.

Қоидаҳои нав барои амри маъруф

Маҳрамбеки Анварзод, коршиноси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, мегӯяд, таҳияи «амри маъруф»-и рӯҳониёнро то кунун Туркия ва Миср таҷруба кардаанд ва он ба манфиати Тоҷикистон низ хоҳад буд, ки бар асоси Қонуни асосӣ кишвари дунявист.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол барои нафароне, ки тартиби «амри маъруф»-и ин кумита ва шӯрои уламоро риоят намекунанд, муҷозот пешбинӣ нашудааст.

Масъулони Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар ин нишасти хабарии худ аз сабти ном шудани Маркази исломии Тоҷикистон, ки дар замони барҳаёт будани Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, собиқ раҳбари Шӯрои уламои маркази исломӣ натавониста буд аз қайди расмӣ бигузарад, низ иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳоло муассисони 10 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 14 масҷиди ҷомеъ ва 65 масҷиди панҷвақта низ барои сабти номи расмии масоҷиди худ аснодро пешниҳод кардаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 3347 масҷиди панҷвақта, 327 масҷиди ҷомеъ, 31 масҷиди ҷомеи марказӣ, як мадрасаи мутавассита, 1 ҷамоатхона ва 74 созмони динии ғайриисломӣ рамсан фаъолият доранд.

Вале масълони Кумитаи умури дин мегӯяд, баъзе аз созмонҳои ғайриисломӣ, имсол талош кардаанд, аз чорчӯби қонунҳои Тоҷикистон берун раванд, ки «Библейская Лига», «Дом молтивы для всех народов»-и Норак ва Душанбе аз ӣҷумлаи онҳо буда, огоҳии расмӣ гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG