Яъне ё имоми масҷид, узви шӯрои уламо ва ё узви ягон муассисаи дигари динӣ. Албатта, ба истиснои онҳое, ки узви Ҳизби наҳзати исломиянду номзадии худро аз тариқи ин ҳизб пешбарӣ кардаанд. Чаро?
ҚОНУН ИҶОЗА НАМЕДИҲАД
Масъулони Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, қонунгузориҳои кишвар номзадии ходимони динро бо ҳифзи вазифаашон дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон ғайримумкин донистааст. Дар ин бора дар як сӯҳбати кӯтоҳ Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумисюни марказии интихобот, гуфт, “онҳое, ки дар масҷид кор мекунанд, номзадии худро гузошта наметавонанд. Дар мавриди ин ки бояд диндорон вориди парлумон шаванд, мушкиле нест. Ҳамаи мо диндорем ва метавонем номзадии худро бигузорем”. Болтуев дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, дар сурати пешбарӣ кардани номзадии худ, рӯҳониён бояд аз вазифае, ки бар ӯҳдаашон аст, даст кашанд. Яъне, агар як имоми масҷид вақте хост номзадии худро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кунад, маҷбур аст аввал аз вазифаи имоматияш истеъфо диҳад.
НОБАРОБАРӢ?
Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдони саршинос, мегӯяд, ки дар ин маврид нобаробарие миёни ходимони дин ва намояндагони идораҳои дигари давлативу ғайридавлатӣ мушоҳида мешавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ба фарқ аз ходимони дин намояндагони идораҳои дигар ҳуқуқи ҳифзи вазифаашон то замони соҳиб шудан ба курсии вакилӣ дар парлумони Тоҷикистонро доранд: “Дар муқоиса аз кормандони масъули ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки фақат дар сурати интихоб шуданашон аз вазифаи асосии худ истеъфо медиҳанд, ходимони дин аз лаҳзаи пешбарии номзадияшон аз мансаб истеъфо медиҳанд. Дар ҳоле ки маълум нест, натиҷаи ин интихобот чӣ мешавад. Ва чунин ҳма мешавад, ки ходими хоими дин ба ҳадаф намерасаду ҳам вакил намешавад ва ҳам аз имомхатибӣ ва ё дигар корманди озоди ташкилоти динӣ буданаш маҳрум мешавад. Ин нобаробарӣ ҳам ҳаст. Бинобар ин зарур аст, ки қонунгузор ба ин хел масъалаҳо яксон муносибат кунад, то ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз эътиқоди динӣ баробар риоят шавад.”
ХОСИ ХУДКОМАҲО
Шокирҷони Ҳаким аз ин меъёри қонунгузории Тоҷикистон ба унвони як садд барои ворид шудани рӯҳониёни тоҷик ба парлумони кишвар ёдоварӣ мекунад ва ин мушкилро ба иродаи мақомдорон бастагӣ медиҳад. Зеро мегӯяд ӯ, дар солҳои навадуми қарни гузашта дар Тоҷикистон рӯҳониён аз эътибори хос бархӯрдор буданд ва агар қонунгузор монеа эҷод намекард, онҳо имкони ҳарчи бештар ворид шудан ба парлумонро доштанд: “Агар мо ба таҷрубаи кишварҳои хориҷӣ, новобаста аз эътиқоди динӣ ва равияи динӣ ва хусусияти динияшон мутаваҷҷеҳ шавем, ин гуна мушкил дар кишварҳои демократӣ умуман ба назар намерасад. Ин мушкил бештар хоси кишварҳои авторитарӣ ва ё худкома мебошад”.
НИГОҲЕ БА СОЛИ 1990
Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи парлумонии соли 1990 дар Тоҷикистон се намояндаи рӯҳониён баранда шудаанд. Ин се нафар - Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонон, Мулло Ҳайдар, имомхатиби масҷиди Кӯлоб ва домулло Ҳадиятулло аз ноҳияи Исфара буданд, ки дар парлумон бо ҳифзи вазифаҳои динии худ аз аҳли рӯҳоният намояндагӣ мекарданд.
Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, сиёсатшинос ва муаллифи китоби “Уламои исломӣ”, мегӯяд, ҳич маҳдудият ва меъёргузориҳо дар қонуни интихоботи соли 1990 барои рӯҳониён дар Тоҷикистон вуҷуд надошт ва рӯҳониён аз ин фурсат бидуни мушкил истифода карданд:
“Шахсиятҳои дар он замон хеле шинохта мисли Сайид Абуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Мулло Ҳайдар ва Домулло Ҳадиятулло номзад шуда буданд ва аз ин қатор се нафар дар ҳавзаҳои худ пирӯз ва вакили парлумон интихоб шуданд. Ин тибқи қонуни интихоботи солҳои навад, ки давраи бозсозӣ буд, сурат гирифт. Вале имрӯз дар қонунгузории Тоҷикистон тағйирот ворид шудааст. Тибқи моддаи 33-юми қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ ходимони дин дар давраи иҷрои вазифаи динии худ наметавонанд номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон шаванд”.
Аммо оқои Раҳнамо мегӯяд, ҳоло низ мақомоти Тоҷикистон барои ҳузури рӯҳониён дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи парлумонӣ “садди чинӣ” эҷод накардааст. Гуфта мешавад, ширкати рӯҳониён дар парлумонро аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ Русия ҳам таҷруба кардааст. Глеб Якунин, рӯҳонии шинохтаи мазҳаби парвослави дини масеҳият барои нахустин бор соли 1990 депутати Шӯрои Олӣ дар Русия будааст. Вай ҳамчунин аз соли 1993 то 1996 ба унвони депутати Думаи Русия кор кардааст. Аммо баъд аз норозигии аксарият, ки гуфтаанд, чи гуна як рӯҳонӣ метавонад дар як вақт ҳам депутат бошад ва ҳам ходими дин, аз мақомаш рафтааст.
“РӮҲОНӢ ДАР ПАРЛУМОН ЗАРУР АСТ”
Бо ин ҳол, иддае ҳастанд, ки ҳузури рӯҳониён дар парлумонро зарур мешуморанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон мавзӯи марбут ба ҳиҷобу рӯсарӣ, ихтилофи ақида миёни мазоҳиби ислом, ба қайдгирии дубораи масҷидҳову тафтиши мавъизаҳо зиёд аст, рӯҳониён бояд аз мавқеи диндорон дар парлумон дифоъ кунанд.
Аммо дар се навбати гузаштаи интихоботи парлумонӣ, ба ҷуз аз аъзои Ҳизби наҳзат, танҳо ҳизби сиёсии исломӣ дар Тоҷикистон, аз рӯҳониён нафаре барои ишғоли курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон талош накардааст. Феълан фақат Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонон, ба унвони рӯҳонӣ дар Маҷлиси Миллӣ - палтаи болоии парлумон ҳузур дорад, ки баъд аз як моҳи дигар мӯҳлати вазифааш анҷом мепазирад.