Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳониён дар маъракаи мансабдорон. Хидматона -- 500 доллар


Интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз муфтии Тоҷикистон барои ширкаташ дар маъракаҳои афроди сарватманд ба маънии сард шудани бозори рақобати рӯҳониён дар маросимҳои мардумӣ арзёбӣ мешавад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои ширкаташ дар маросимҳои мансабдорону сарватмандон аз ҷониби раиси ҷумҳур дар ҳоле мавриди интиқод қарор гирифт, ки ҷаласаи ҳукумати кишвар пайомади офатҳои табиии ахирро баррасӣ мекард.

Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз Абдулқодирзода барои ширкаташ "дар маросимҳои​ шахсони мансабдор" эродҳои ҷиддӣ гирифт ва супориш дод, ки ӯ "дар ҳама ҳолат бояд паҳлуи мардуми бечора ва мусибатзада" бошад ва тамоми диндоронро низ ба ин кор ҷалб намоянд. Ҳамзамон президент ба раиси Шӯрои уламо тавсия дод, ки ба мардум фаҳмонад, то ба кӣ бояд садақа дод: "Садақаро ба уламо ва муллоҳо не, ба бечораҳо ва камбағалон бояд дод."

Накӯҳиши раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нисбати муфтии кишвар дар ҳоле садо медиҳад, ки дар Тоҷикистон ва бахусус миёни мардуми сарватманд анъанаи даъвати муллоҳои мӯътабар ба маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Чунин даъватҳо аз ҷониби рӯҳониён ҳам ба хубӣ истиқбол мешавад, зеро аз чунин маъракаҳо онҳо маъмулан бо подоши хуб бармегарданд. Мисли он аст, ки дар тӯю хурсандиҳо ба монанди сабқат шахсони доро овозхонони маъруфро бо маблағҳои калон даъват мекунанд ва ширкати “ситораи саҳна”-ро дар ҷашнвораашон мояи ифтихор медонанд.

Умар Давлат, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, худи ӯ чандин бор шоҳиди он шудааст, ки ҳамсояҳои дорояш пас аз марги наздиконашон дар фикри он буданд, ки кадом муллои обрӯманду бонуфузро барои имоматии ҷанозаашон даъват кунанд, то баъдан мардум гӯянд, ки дар ҷанозаи

онҳо муллои номдор ҳузур дошт. ”Албатта, ҳама мехоҳанд, вақте як нафари наздикаш даргузашт, дар маъракааш рӯҳониёни шинохта ширкат дошта бошанд, вале то ҷое ман мушоҳида кардаам, дар ҷанозаи хонаводаҳои фақир чунин муллоҳо ширкат надоранд. Аммо вақте як нафари сарватманд маърака дорад, ҳатман он ҷо мераванд, ҳатто сухан ва ё ба истилоҳи дигар амри маъруф низ мекунанд,” -- мегӯяд Умар Давлат.

Ҳарчанд ин мусоҳиби мо дақиқ намедонад, ки соҳибхонаҳо барои муллоҳои маъруф чӣ миқдор “кисапулӣ” медиҳанд, аммо афроди огоҳ гуфтанд, ин маблағ ба ҳисоби миёна 500 долларро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки бархе аз рӯҳониёни саршиноси кишвар бо рақобати байниҳамӣ барои обрӯ ва нуфуз машғул буда, барои ширкат дар маросимҳои шахсони қудратманд ва пулдор бо ҳам сабқат низ мекунанд.

Таҳлилгарони масоили динӣ бар инанд, ки чунин раванд дар ҷомеа ба меъёр табдил ёфтааст ва рӯҳониён ҳам барои худ нарху навои муайян доранд. Ҳарчанд худи онҳо бевосита маблағ талаб намекунанд, аммо соҳибхонаҳо ҳангоми гусел ҳатман ба ҷайби эшон пул “мехалонанд” ва инъом ҳам медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳое хосе низ вуҷуд дорад, ки афроди пулдор якбора чанд рӯҳониро ба маърака даъват мекунанд.

Саъдии Юсуфӣ
Саъдии Юсуфӣ

Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси маосили динӣ дар вокуниш ба накӯҳиши президент аз муфтии Тоҷикистон дар бораи ширкаташ дар маросимҳои афроди мансабдор ба ҷанбаи дигари масъала таъкид карда мегӯяд, «баъди аз саҳна рондани исломиҳои сиёсӣ ва тазъифи рӯҳонияти ғайрирасмии пурнуфуз, ҳамакнун фурсати хубе барои рушду решадавонии ба истилоҳ «муллоҳои давлатӣ» дар фазои сиёсиву ичтимоии мамлакат фаро расидааст. Чанд рӯз пеш як дустам аз муллои рустои дурдасте қисса мекард, ки барои хатнасури бачаҳояш ҳама аҳли деҳро «андоз» бастааст ва ҳатто аз дӯсти ман, ки дар пойтахт ба сар мебарад низ хостааст, ки як миқдори пули қобили мулоҳиза ҳамчун «осол» ба ҳазрати ҷаноби мулло ирсол кунад. Ба тахмини дӯстам, будҷаи маъракаи муллои он рустои дурдаст ҳудудан 6 то 7 ҳазор доллар аст. Маблағи бузурге, ки сари суфрае ва тайи чанд соате нест мешавад.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз нигоҳи Саъдии Юсуфӣ, талоши рӯҳонияти Тоҷикистон бояд дар ростои камхарҷ сурат гирифтани маъракаҳо равона шавад, на ин ки онҳо ширкатдори маросимҳои пурдабдаба бошанд.

Аммо ба иддаои Амруллоҳи Низом, аз дигар таҳлилгарони тоҷик, нуфузталабии рӯҳониён, танҳо хоси ҷомеаи тоҷик нест ва дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Афғонистон ва Эрон низ вуҷуд дорад.

Амруллоҳи Низом
Амруллоҳи Низом

Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ҳукуматдорон ва касоне ки пул доранд, мехоҳанд обрӯи худашонро тавассути рӯҳониён дар байни мардум ҳифз кунанд, “ба истилоҳи дигар, рӯҳониён қурбонии нуфузи ҳукуматдорон ва пулдорон барои ҷомеа мешаванд. Вале дар робита ба накӯҳиши президент, метавонам онро бигӯям, ки ҳоло мушкил дар туй рафтани раиси Маркази исломии Тоҷикистон нест. Мушкил дар он аст, муфтии кишвар бидуни ишораи президент ҷуръати расонидани ҳақоиқро ба мардум надорад. Ҳамингуна дигар рӯҳониёне ки ҳамвазни муфтӣ ва ё болотар аз он ҳастанд, барои мисол Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ки метавонад ҳақоиқи зиёдро ба мардум бифаҳмонад, аммо чун президент то ҳанӯз ба ӯ гушзад накардааст, мо боре ҳам дар расонаҳои хабарӣ надидем, ки мустақиман ҷуръат карада бошаду ба мардум чизеро фаҳмонида бошад. ”

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки соли гузашта дар маросими ҷанозаи рӯҳоние бо номи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ (мулло Қурбон) дар масҷиди маҳаллаи Оли Сомон (собиқ Олий Совет)-и ноҳияи Рӯдакӣ, байни Ҷамолиддин Амонуллоҳзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи минтақаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ, писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонуллоҳ Неъматзода ва рӯҳонии маъруф Нуриддинҷон Тӯраҷонзода бар сари раҳбарии намози ҷанозаи марҳум баҳсе даргирифт, ки дар маҳофил ба он “муллоҷанг” ном додаанд.

Ин моҷаро ба ақидаи соҳибназарон то кадом андоза бузург шудани фосила байни муллоҳои расмии имрӯза, яъне онҳоеро, ки дар сохторҳои расмии марбут ба Кумитаи дин ва Шӯрои уламо соҳибвазифаанд ва рӯҳониёни аз сохторҳои расмӣ берун вале дар байни мардум соҳиби нуфуз ва тарафдори зиёдро намоиш дод.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки накӯҳиши ахири раиси ҷумҳур аз муфтӣ – Сайдмукаррам Абдулқодирзода чӣ пайомаде дар миёни ҷомеа хоҳад ва чӣ таъсире ба карйераи ин рӯҳонӣ хоҳад дошт? Гоҳе чунин эродҳои ҷиддӣ метавонанд маънии бузургтар аз ислоҳи рафторро дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG