Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блоки динии ҳукумат чаро иваз шуд?


Сулаймон Давлатов
Сулаймон Давлатов

Раҳбарии 3 ниҳоди умдаи масоили мазҳабии ҳукумати Тоҷикистон ба нафарони мӯътадил ва соҳиби таҳсилоти исломӣ вогузор шуд, вале дар маҳофил чандон мунтазири тағйири ҷиддие дар сиёсати динии Душанбе нестанд.

Соҳибназарони тоҷик табдили раҳбарони Кумитаи дини Тоҷикистонро, ки дар солҳои охир бо як сиёсати бештар динситезонааш шӯҳрат дошт, як навъ аломати эҳтимоли тағйирот дар ин бахши сиёсати кунунии ҳукумат маънидод мекунанд ва мегӯянд, барои бори аввал дар раҳбарии ин кумита нафаре мешинад, ки таҳсилоти исломӣ дорад. Аз тарафи дигар, ҳам раиси нави Кумитаи дин ва ҳам раиси нави Донишкадаи исломӣ ҳарду таҳсилкардаи мадориси хориҷианд, ки то ҳол мавридҳои ироаи мансабҳои давлатӣ ба ин тоифа хеле ками дар кам мушоҳида мешуд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, аз ин "бозӣ" ё, ба таъбири як ҳамсӯҳбати мо, "табдили мӯҳраҳои шатранҷ" набояд умедвори ислоҳотии фарогире дар ин ришта шуд, чунки аввалан, кадом омили чашмрасе мушоҳида намешавад, ки аз вазидани боди ислоҳот бар фазои Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон - маркази асосии қабули қарор дар Душанбеи кунунӣ - дарак диҳад. Аз тарафи дигар, ба ақидаи онҳо, ҳар касе ба ҳар мақоме дар ҳукумати Тоҷикистон меояд, сарфи назар аз дидгоҳи ақидатиаш, дасти дарозе барои тағйир ҳатто дар риштаи таҳти раҳбариаш надорад, балки (агар бихоҳад худро ҳифз кунад) маҷбур мешавад боз ҳам бо ҳамон қоидаҳои кӯҳна ва кайҳо қабулшудаи бозӣ дар ин майдон бозӣ кунад.

Охири ҳафтаи гузашта бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов, ки тайи се соли ахир ректори Донишкадаи исломӣ буд, раҳбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ и Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Абдураҳим Холиқзодаро иваз кард. Қобили зикр аст, ки Сулаймон Давлатов - хатмкардаи факултаи забони арабии Донишгоҳи байнулмилалии исломии Покистон ва факултаи шариати Донишгоҳи Риёзи Арабистони Саудӣ мебошад.

Бо амри дигари раҳбари ҳукумат, Тоҷиддин Асомуддинзода, собиқ муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, раиси Донишкадаи исломӣ таъин шуд. Ӯ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши олии ҷомеат-ул-Мустафои Эронро хатм кардааст.

Муродулло Давлатов
Муродулло Давлатов

Ҳамчунин бо амри сарвари кишвар Муродулло Давлатов аз раҳбарии Маркази исломшиносии назди раёсатҷумҳурӣ барканор шуд ва дар курсии ӯ Файзулло Бобоев нишаст. Мансабдорони барканоршуда - Абдураҳим Холиқзода ва Муродулло Давлатов номзадҳои ҳизби халқӣ-демократӣ ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонанд.

Саймуддин Дӯстов, раиси маркази таҳлилии “Индем”, бо ишора ба таъини Сулаймон Давлатов, Тоҷиддин Асомуддинзода ва Файзулло Бобоев мегӯяд, ба ҷойи афроде, ки мавзеъгириҳои зиддидинӣ ва зидди рӯҳониён доштанд, насли нави мазҳабиҳои мӯътадил омад. Ба гуфтаи ӯ, “тими рафта ҳатто дар баъзе мавридҳо исломситезиро ба худ раво медид. Аз вижагиҳои корашон он буд, ки дар ҳалли масъалаҳои мазҳабӣ ва исломи сиёсӣ онҳо мавзеъгирии оштинопазир доштанд, яъне онҳо исломи сиёсиро дар муҳити сиёсии Тоҷикистон қабул надоштанд, аммо насли нав, ба гумони ғолиб, ба ин кор қодир нест, зеро худи онҳо мазҳабиҳои мӯътадилеанд, ки дар оғӯши Ҳанафия пайдо шудаанд ва он гуна бадбиниро дар баробари рӯҳониён ё эшонҳои суннатӣ ва домуллоҳо надоранд”.

Ҳамзамон Саймуддин Дӯстов мутмаин аст, ки ҳадди аққал тайи панҷ-ҳафт соли оянда ба сиёсати динии ҳукумати Тоҷикистон ислоҳот ворид нахоҳад шуд, ҳарчанд афроди мӯътадил талош хоҳанд кард, ки “дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ дар муҳити мазҳабӣ ва сиёсӣ рақобат офарида, тадриҷан нерӯҳои харобкор, нерӯҳоеро, ки ба гурӯҳҳои хориҷӣ такя мекунанд, нерӯҳоеро, ки аҳдофи сиёсияшон зидди манфиатҳои миллист, аз майдон берун кунанд”.

Cаймуддин Дӯстов
Cаймуддин Дӯстов

“Айни ҳол ҳама марказҳои зеҳнии давлатӣ – Маркази таҳқиқоти стратегӣ, Академияи фанҳо, Кумитаи амнияти миллӣ, Шӯрои амният, парлумон ва ёвари раисиҷумҳур дар умури рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеъа мутмаинанд, ки нуфузи рӯҳониёни сиёсӣ, домуллоҳои суннатӣ, эшонҳову рӯҳониёни варзида дар муҳити иҷтимоӣ аз байн бурда шавад, зеро онҳо, аз нигоҳи ниҳодҳои расмӣ, ба гунае таҳдид ба оромии кишвар ва давлатдории миллиянд. Ин сиёсати аллакай шаклгирифта аст ва бо омадани чанд нафари нав тағйир нахоҳад хӯрд”, меафзояд ӯ.

Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарон ба он нукта ишора мекунанд, ки барои нахустин бор дар курсии ниҳодҳои динӣ афроди дар донишгоҳҳои динии дигар кишварҳо таҳсилкарда нишастаанд. Аз ин пеш ҳама шогирдони собиқи ин гуна макотиби олии динӣ, новобаста ба мансубяиташон ба ин ё маҳал, ба рӯйхати “сиёҳ”-и ҳукумат шомил буданд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Аҳмадшоҳи Комилзода, таҳлилгари тоҷик, тағийрот дар “блоки дини ҳукумат” аз бозие беш нест ва иваз кардани донаҳои шатранҷро мемонад. Ӯ меафзояд, ки “ин “мерос” аз тафаккури замони шӯравист, ки раҳбаронро ҳар сари чанд вақт аз як мақом ба мақоми дигар мебаранд, то дар зеҳни мардум ақидаеро ҷой кунанд, ки дар ҳукумат тағйироти кадрӣ сурат мегирад”.

Саидаҳмади Қаландар, пажӯҳишгари масоили мазҳабӣ, мегӯяд, ки бори аввал ба раёсати Кумитаи дин ва Донишгоҳи исломӣ шахсиятҳое омаданд, ки воқеъан таҳсилоти динӣ дидаанд. Аз нигоҳи ӯ, баъзе аз раҳбарони пешин агар барои ташхиси ягон масъалаи динӣ, фатво ё тафсири ҳадисҳо ба мутахассисони зердасташон муроҷиат мекарданд, раиси нави Кумитаи дин ба ин ниёзе надорад. Файзулло Бобоев, раҳбари нави Маркази исломшиносии Тоҷикистон ҳам, ки дар гузашта муовини раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттӣ ва узви Шӯрои илмии Президиуми Академияи улуми Тоҷикистон буд, ба гуфтаи мусоҳиби мо, аз муҳаққиқони аршади ислому таърихи ислом, аз мутаҷимони Қуръони Шариф ба забони тоҷикӣ ва тафсири “Саҳеҳи Бухорӣ” мебошад.

Тафтиши намозгузорон дар роҳ ба сӯи масҷиди марказии Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Тафтиши намозгузорон дар роҳ ба сӯи масҷиди марказии Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Аммо ба назар мерасад, ки рӯҳониёни тоҷик аз тағйирот дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Донишкадаи исломӣ ва Маркази исломшиносӣ дигаргуниеро дар сиёсати давлт чашмдор нестанд. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, узви раёсати ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ мегӯяд, тағйирот як амри зарур ва ногузир аст ва бино ба як мақоли арабӣ, “ҳар чизи нав лаззати худро дорад”. Аммо, меафзояд ӯ, дар ҳоле ки низом якхела аст, тағйири сиёсат дар умури дин гумон аст.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, тағйири вазъи эътиқодмандон бо сатҳи диндории мансабдор бастагӣ дорад ва агар раҳбари Кумитаи дин ба ҳалли мушкилоте, бигирем, осон кардани сабти номи масҷидҳо, иҷозаи вуруди наврасону занон ба масҷидҳо иқдом кунад, боиси рӯсурхияш миёни мардум хоҳад шуд.

“Дар замони шӯравӣ бо вуҷуди сахтгириҳо мо боре надидем, ки касе кӯдакро аз дари масҷид баргардонида бошад. Аммо ҳоло чӣ, барои наврасону ҷавонони то 18-сола масҷидравӣ манъ шудааст. Ё ки занҳо масҷидравияшон манъ шудааст. Фақат дар масҷид мардум метавонанд бо аркони дин ошно шаванд, фарқи байни ҳарому ҳалолро фаҳманд, инро дар мактаб намеомӯзонанд,” - мегӯяд Муҳаммадалии Файзмуҳаммад.

Масҷиди марказии Душанбе
Масҷиди марказии Душанбе

Зимнан, Тоҷикистон барои нақзи озодиҳои мазҳабӣ ва таъқиби рӯҳониён пайваста мавриди интиқоди созмонҳои байнулмилалӣ қарор мегирад. Як бахши гузориши имсолаи созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch ҳам ба ин мавзӯъ бахшида шуд. Бино ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, мактабҳои хусусии динӣ дар Тоҷикистон баста шуданд, мавъизаҳо бо дастури Шӯрои уламои исломи Тоҷикистон ироа мешаванд. Мақомот масҷидҳои сабтиномнашударо ҳам мебанданд. Бар пояи дастурҳо, бо рӯсарӣ ба мактабу донишгоҳрафтани духтарон манъ шудааст ва дар хиёбонҳо бо риш гаштани мардони миёнасол ҳам метавонад муҷозоти онҳоро ба думбол дошта бошад...

XS
SM
MD
LG