Саидмурод Фаттоҳзода аз зумраи афроди собиқадор дар тими раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ӯ ҳанӯз дар овони президентии Раҳмон Набиев дар ибтидои солҳои 90 ба идораи раёсатҷумҳурӣ ба кор омад ва тайи беш аз 20 сол дар ин идора аз ҷумлаи ёварони наздики раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар анҷумани моҳи декабри ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки раҳбариашро низ президент Раҳмон бар ӯҳда дорад, Саидмурод Фаттоҳзода муовини аввали раиси ҳизб интихоб шуд ва ҳоло барои бори аввал ба ин ҳайс раҳбарии ситоди интихоботии ҳизби ҳокимро бар ӯҳда дорад.
Саидмурод Фаттоҳзода дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.
Радиои Озодӣ: Шумо ду даҳсола аз мушовирони раисиҷумҳур будед ва ба назар мерасид, ки президент ба шумо эътимод дорад. Чаро Шумо аз мақоме, ки хеле муҳим буд, рафтед?
Саидмурод Фаттоҳзода: "Албатта, дар симати мушовири президент чанд муддат кор кардам, вале дар ҳамон давра ҳам аз ҳизб дурӣ надоштам. Ба ин хотир, ки дар саргаҳи таъсиси ҳизб мо қарор доштем ва ҳамеша аз кору фаъолияти он огоҳӣ доштем. Моҳи декабр дар анҷумане, ки барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо муаррифӣ шуд, роҳбарияти сиёсии ҳизб, бевосита раҳбари ҳизби мо ва худи аъзои ҳизб маро ба ин вазифа сазовор донистанд. Чун моро лоиқ донистанд, мо қабул кардем. Ин барои ман бисёр як шарафи бузург буд, ки муовини аввали раиси ҳизби халқӣ-демократӣ шавам."
Радиои Озодӣ: Ҳамин гуна маълумоте ҳам буд, ки ҳизби шумо бояд дар заминаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон бунёд мешуд. Чаро ин тарҳ татбиқ нашуд?
Саидмурод Фаттоҳзода: "Дар ҳамон шабу рӯз дар фазои афкори ҷомеаи мо нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ бисёр назари манфӣ вуҷуд дошт. Шояд аз ҳизбҳои сиёсӣ таъсири худро танҳо ҳизби коммунист то як андоза нигоҳ дошта буд ва ҳамон вақт, чӣ тавре ки раҳбари давлат, раҳбари ҳизби мо дар анҷумани ҳизби халқии демократӣ, даъвати 12-ум изҳор намуд, бисёриҳо аз ҳисоби ветеранҳо, аз ҳисоби собиқ коммунистон, ки он давра дар сохторҳои ҳукуматӣ кор мекарданд, пешниҳод намуда буданд, то номи ҳизби коммунистро дигар карда, ин ҳизбро такягоҳи идеологии ҳукумат кунанд. Вале сарвари давлат инро напазируфтанд ва гуфтанд, не, мо ба ин роҳ намеравем. Мо бояд як ҳизби нав таъсис диҳем. Азбаски мо ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ месозем, бояд ин ҳизб дар доираи ҳамин арзишҳо амал намояд. Бо супориши роҳбари давлат, шахсиятҳои барҷастаи мо ба таъсиси ин ҳизб шурӯъ намуданд."
Радиои Озодӣ: Баъзе ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бар инанд, ки дар маъракаи пешазинтихоботии соли ҷорӣ барои ҲХДТ шароиту имконоти бештару хубтар фароҳам шудааст ва ҳизбҳои дигар дар канори саҳнаи сиёсӣ мондаанд. Шумо ба ин чӣ мегӯед?
Саидмурод Фаттоҳзода: "Гумон мекунам, шароит барои ҳамаи ҳизбҳо як хел ба вуҷуд оварда шудааст, чунки мо ҳама дар доираи тартибу мақоме, ки Комисияи марказии интихобот ва райъпурсӣ муайян кардааст, амал мекунем. Аз вақту соате, ки дар телевизионҳо ба мо ҷудо шудааст, то вохӯриҳо дар ҳавзаҳо як хел аст. Лекин сухан дар бораи дигар чиз меравад, ки ҳизбҳо кадом тактикаву стратегияро интихоб кардаанд. Масалан, ҳизби мо шеваи таблиғи худро дар ин интихобот дигар кард. Мо аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз паёмакҳои телефонӣ бо паҳн кардани аҳдофи ҳизб васеъ истифода мебарем. Ҳоло мебинам, ки баъзе аз ҳизбҳо шиору шеваи кори моро истифода мекунанд, ки мо ба ин зид нестем."
Радиои Озодӣ: Манзур аз суоли боло ин буд, намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ бар ин назаранд, ки ҳукумат барои Шумо шароити хос фароҳам кардааст.
Саидмурод Фаттоҳзода: "Ҳавзаҳои интихоботӣ барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ нақшаи муайян тартиб додааст ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ шароит фароҳам меорад. Ин тараф аз худи ҳизб вобаста аст, ки то куҷо қобилияти ташкилотчигӣ дорад, ки мардумро ҷамъ оварад. Намехоҳам ба шаъни дигар ҳизбҳо бирасам, аммо воқеият ин аст, ки аксаран қобилияти ҷамъ кардани интихобкунандагонро надоранд. Ҳатто то ҷое медонем, ҳизби наҳзате, ки даъвои доштани ҳазорон тарафдорро мекунад, дар вохӯриҳояшон аз 10 то 15 нафар ҷамъ мешаванд, дар баъзе минтақаҳо умуман ҷамъ намешаванд. Тавре хабарҳо нашр шуд, ҳатто дар вилояти Суғд мардум раҳбари ҳизби сиёсии онҳоро барои сӯҳбат қабул накарданд. Дар наворҳои нашршуда дида мешуд, сокинон онҳоро ҳамчун гунаҳкори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо ва гунаҳкори паҳнкунандаи идеологияе, ки имрӯз ҷавонони моро ба кишварҳое мисли Сурияву Ироқ то як андоза талқин мекунаду онҳо он ҷо ҳалок мешаванд, қабул кардаанд. Ҳодисаҳое, ки дар Ироқу Сурия рух медиҳанд, мисли зинда оташ задани халабони урдунӣ, буридани даҳҳо насронии Миср аз ҷониби гурӯҳи “Давлати исломӣ”, буридани сари садҳо гаравгони дигар, албатта, ҳамаи ин таъсири худро ба ҷомеаи мо мерасонад ва назари ҷомеа ҳам дар мавриди ҳаракату ҳизбҳое, ки бо истифода аз номи ислом амал мекунанд, тағийр меёбад."
Радиои Озодӣ: Аммо Шумо боре дар як нишаст гуфта будед, ки салафия идеологияи расмии Арабистони Саудӣ аст ва Тоҷикистон намояндагони онро таъқиб намекунад. Фикр мекунед он изҳорот иштибоҳ буд?
Саидмурод Фаттоҳзода: "Ин гуфтаҳо дар Шӯрои ҷамъиятӣ буд, дар мавзӯи “Муносибати давлат ба дин”. Манзурам ин буд, ки дар сатҳи сиёсати давлат дар мо ҷараёни салафия мамнӯъ шуд. Ба он хотир ки дар масҷидҳо вақте мардум рафта фаризаҳои диниро иҷро мекарданд, намояндагони салафия ба таври хос баъзе рукнҳои намозхониро иҷро мекарданд ва ин боиси нороҳатии шадиди мардуми мо мегашт. Ҳамон вақт гуфта будам, дуруст, мо манъ кардем, лекин ҳангоми суханронӣ нисбат ба бархе аз ҷараёнҳо, мисли салафия, ки дар Арабистони Саудӣ ин мазҳаби расмӣ ҳаст, суханҳои қабеҳу таҳқиррро раво набинем. Пушти ин суханҳо ягон ишора ва ё дигар шудани сиёсат набуд, фақат назари шахсии ман буд, ки умуман дар мавриди эътиқоди мардум нисбат ба арзишҳои динӣ суханронӣ мекунем, бояд бо эҳтиёт рафтор кунем."
Радиои Озодӣ: Мунтақидони ҳизби Шумо мегӯянд, соҳибони курсиҳо пеш аз пеш мушаххас ҳастанд ва баргузор кардани интихобот танҳо намоишнома барои ҷомеаи байналмилалӣ аст, Шумо ин гуна интиқодҳоро қабул доред?
Саидмурод Фаттоҳзода: "Ин суханҳое, ки ҳамкорони сиёсии мо мегӯянд, таҳқири сахт нисбат ба мардуми Тоҷикистон аст, бисёр беэҳтиромӣ нисбат ба халқи тоҷик аст. Сухани зиште гуфтанӣ нестам, аммо ин ҳарфҳо мисли онест, ки гуштигире ба майдон набаромада, мегӯяд, "судя" (довар)-ро харидаанд ва ё ҳарифаш бо пул ҳамаро тарафи худ кардаасту ман бо ӯ дигар мубориза намекунам. Ин ҳолатест, ки пеш аз пеш мағлубияти худро саҳнасозӣ мекунанд, то худро на мағлуб, балки мазлум нишон диҳанд. Одоби сиёсиро бояд нигаҳ дошт ва пеш аз пеш чунин изҳороте, ки шаъни миллати моро паст мезанад, надиҳем."
Радиои Озодӣ: Шояд бори аввал аст, ки бо матбуот чунин як сӯҳбат анҷом медиҳед. Шумо даҳсолаҳо аз кормандони наздик ба раисиҷумҳур будед, аммо ҳамеша дар соя мондед, ҳатто вақтҳое, ки кори Шумо ба матбуот ва ташкилоти ҷамъиятӣ марбут буд. Чаро?
Саидмурод Фаттоҳзода: "Вақте ба симати ёрдамчии роҳбари давлат будам, ба симати мудири котибот будам ва вақте ба ҳайси мушовири давлатии президент будам, Шумо медонед, ки як этикаи корманди хизматчии давлатӣ ҳаст. Аз рӯи он вазифаҳое, ки дар назди мо гузошта шуда буд, мо фаъолияти роҳбари давлатро таъмин мекардем ва тамоми фаъолияти мо ба он нигаронида шуда буд, ки он вазифаҳои конститутсионие, ки дар назди роҳбари давлати мо истодааст, дар иҷрои онҳо ба мисли ҳар ниҳоди дигари давлатӣ бояд саҳми худро дошта бошем. Мушовири давлатӣ будам, дар Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок ва баромад мекардам. Баъзан вақт дар рӯзномаҳо ҳам мақолаҳоям дарҷ мешуданд, вале ҳизб хусусияти дигар дорад ва аз рӯи тақозои вазифа бояд бо мардум алоқаи зичтар тариқи Ваосити ахбори омма дошта бошам."
Радиои Озодӣ: Шумо ҳам дар як навишта президенти кишварро ба шахсиятҳои бузурги таърихӣ мисли Авраам Ликолн баробар дониста будед. Ин муқоиса бар чӣ асосе сурат гирифта буд?
Саидмурод Фаттоҳзода: "Беҳуда роҳбари давлатро ба Авраам Линколн, ба Шарли де Гол баробар накардам. Ин тамаллуқу хӯшомадгӯӣ нест, зеро вобаста ба таърихи миллат, вобаста ба марҳилаҳои таърихӣ ҳар як миллат шахсиятҳои бузургро ба вуҷуд меорад. Масштаб, албатта, гуногун аст, ҷуғрофиё гуногун аст, лекин принсипҳо як аст. Масалан, Авраам Линколн барои чӣ дар Амрико ба ҳайси як президенти маҳбуб боқӣ монд. Барои он ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ягонагӣ, якпорчагии кишварро нигоҳ дошт. Бубинед, имрӯз тамоми муаррихон, тамоми таҳлилгарон эътироф мекунанд, ки бузургтарин хидмати роҳбари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон ин нигоҳ доштани кишвари Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, муқоиса кардани президенти кишвар бо чунин шахсиятҳои таърихӣ мантиқӣ аст."
Радиои Озодӣ: Собиқаи тӯлонии ҳамкорӣ бо президенти кишварро доред. Дар бораи ин ҳамкорӣ чӣ гуфта метавонед?
Саидмурод Фаттоҳзода: "Он чизе, ки бароям таъсири амиқ мегузорад, мардумдӯст будани президенти кишвар аст. Ҳамчун инсони одӣ одами раҳмдил ҳастанд. Аммо сиёсат дигар аст. Масалан, шумо баромади машварати охирини Шӯрои амниятро дида бошед, то чӣ андоза президенти кишвар нисбат ба коррупсионерон ва решакан кардани ин падида сахтгирона сӯҳбат карданд, яъне раҳмидилӣ нисбат ба коррупсионер бераҳмӣ нисбат ба халқи худ аст. Ҳамчун одаме, ки аз наздик бо Ҷаноби олӣ кор кардам, рости гап, масштаби шахсияти ӯ то охир баҳо дода нашудааст. Ӯ шахсе ҳаст, ки тамоми вуҷудаш барои миллати худ бахшида шудааст. Ӯ ду ҷониберо, ки ба хуни ҳамдигар ташна буданд, оштӣ дод, гурезагонро ба ватан баргардонд, субот дар ҷомеаро пойдор кард. Фақат ҳамин кофист, ки мо Ҷаноби олиро ҳамчун падари миллат эътироф кунем."
Радиои Озодӣ: Агар Шумо дар оянда мемуар ё китоби хотирот бинависед, кадом мақомдорон ба мемуарҳои Шумо ворид хоҳанд шуд?
Саидмурод Фаттоҳзода: "Ростӣ, китоби хотирот навиштанӣ нестам. Китоби хотиротро бояд шахсиятҳое нависанд, ки барои ин миллат корҳои бузургеро анҷом додаанд. Худро чунин шахсият намеҳисобам. Лекин то андозае, ки тавонистам, дар корҳои илмиии худам сабабҳои низои ҷанги шаҳрвандиро ошкор хоҳам кард, ба хотире, ки ин як дарс барои наслҳои оянда шавад, то бидонанд, ки аз сари миллати мо чӣ гузашт ва он такрор нашавад. Дар мақолаҳои илмии худ мо бояд то як андоза ба мардум ҳӯшдор диҳем. Албатта, ҷамъият бе камбудӣ нест ва ҳар шахсу гурӯҳҳои иҷтимоӣ манфиати худро дорад, лекин ҳамеша мо бояд арзишҳои болотаре дошта бошем, ки дар ин ҳолат аз арзишҳои хусусӣ даст кашем. Мо суботи сиёсӣ, оромӣ дошта бошем, иқтисодиётамон ҳатман пешрафт хоҳад кард. Ҳодисаҳои Укранина бармало нишон дод, ки суботи сиёсӣ набошад, кишвар ба чӣ табдил медиҳад."