Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгар Парвина Аминҷонова иҷозаи намояндагӣ аз Тоҷикистонро гирифтааст


Акс аз мусобиқаи ҷаҳидан бо симхода дар Бразилия. Соли 2016
Акс аз мусобиқаи ҷаҳидан бо симхода дар Бразилия. Соли 2016

Парвина Аминҷонова, варзишгари тоҷиктабори Русия, ки дар мусобиқаи шаҳри Санкт-Петербург дар ҷаҳидан ба баландӣ бо симхода ширкат дошт, аз Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (World Athletics) иҷозаи намояндагӣ аз Тоҷикистонро дар мусобиқоти байнулмилалӣ гирифтааст.  

ТАСС навиштааст, ин варзишгардухтар аз 25-уми сентябри соли 2024 ҳақ пайдо кард, ки дар мусобиқоти байнулмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ кунад.

Аминҷонова 20-сола аст, як сол пеш дар мусобиқоти қаҳрамонии донишкадахои олии таълимии Санкт-Петербург аз номи Донишгоҳи миллии давлатии ба номи Лесгафт ҳунарнамоӣ карда, ба гирифтани ҷоизаи биринҷӣ мушарраф шуда буд.

Бино ба иттилои сомонаи World Athletics, Аминҷонова бори охир дар мусобиқаи қаҳрамонии Русия миёни ҷавонон дар Санкт-Петербург дар ҷаҳидан ба баландӣ бо симхода бо натиҷаи 3,50 метр мақоми ҳаштумро ишғол кардааст. Рекорди шахсии ӯ 3,80 метр аст. Ин натиҷаро вай моҳи январи соли 2020 дар Ҷоми Санкт-Петербург нишон дода буд.

Ғайрат Неъматов, сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Парвина Аминҷонова барои дар мусобиқоти байнулмилалӣ аз номи Тоҷикистон иштирок кардан ба Федератсияи варзиши сабуки кишвар нома ирсол карда буд.

Оқои Неъматов афзуд, “Парвина Аминҷонова, ки шиносномаи Тоҷикистонро низ дорад, дар мавриди иҷозат додани федератсияи мо метавонад дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ кишварамонро намояндагӣ кунад. Мо ба ин хоҳиши ӯ зид нестем. Аммо ширкат дар арсаи ҷаҳонӣ маблағи зиёдеро талаб мекунад, ки алъон Федератсияи варзиши Тоҷикистон ба пардохти он қодир нест. Бинобар ин, ба Парвина лозим меояд, ки худаш аз пайи дарёфти маблағ шавад.”

Ҳамсуҳбати мо, инчунин иброз дошт, ки барои тамрину омодагии варзишгарони бахши ҷаҳидан бо симхода дар Тоҷикистон шароит муҳайё нест. Вай гуфт, “ҷаҳидан ба баландӣ бо симхода намуди мушкилу серхароҷот аст. Он дар Тоҷикистон роҳандозӣ нашудааст. Дар ягон варзишгоҳи кишвари мо барои ин намуд ҷойи махсус вуҷуд надорад. Зеро барои сохтани он ва таҷҳизоти зарурӣ камаш 50 ҳазор доллар зарур аст. Инчунин мушкили дигар ба сафар рафтани варзишгар тавассути ҳавопаймо бо симходае, ки дарозиаш то 5,2 метр аст, мебошад.”

Баъди моҷарои калони вобаста ба допинги соли 2015, варзишгарони Русия аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти таҳти сарпарастии Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (World Athletics) маҳрум шуданд. Раҳбари ин созмони ҷаҳонии варзиш Себастян Коу қаблан борҳо изҳор дошта буд, ки русҳоро ҳатто дар мақоми бетараф иҷоза намедиҳад дар мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG