Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо: Бозор ҳатман як рӯз “мекафад”


Бозор Собир
Бозор Собир

Раҷаби Мирзо, журналист

Рӯзи 20 ноябри соли 2008 мисли имрӯз орому сокит набуд. Ҳарчанд шабакаҳои иҷтимоӣ он замон мисли имрӯз таъсиргузор набуданд, вале фазои мушаххас месохтанд. Ҳамон рӯз ҳамин шабакаҳои начандон таъсиргузор андешаҳоро дигар карданд ва фазо сохтанд: Рӯзи Бозор Собир!

Имруз 76-солагии ӯст. Намедонам дар минбарҳои баланд, ки 3 сол боз Бозор Собир меҳмонашон аст ва 6 сол пеш номашро шунидан намехостанд, имрӯз маъракае ҳаст ё не, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оромист. Шӯру валвала нест.

Тамоми нашрияҳо пешопеш аз шоири машҳур гуфтанд. Радиои Имрӯз, ки он замон сармуҳаррираш будам, рӯзи дароз аз Бозор гуфт. Бегоҳ, ҷамъе аз мухлисони ашъори Бозор Собир дар қаҳвахонаи "Шарқи Озод" нишастанд, овозхонҳо омаданд, суруд хонданд, аз ашъору суханони Бозор Собир гуфтанд ва дар қисмати охири ин маърака, замоне ки вақти Тоҷикистон бо Амрико мувофиқ омад, тариқи телефон бо Бозор Собир сӯҳбатҳои самимӣ доир шуд.

Ихлосмандону зиёиён ҷашни 70-солагии Бозор Собирро хеле самимӣ таҷлил карданд, ёдномаҳояшонро гуфтанд. Бозор ҳам изҳори хушнудӣ мекард, мисли кӯдак меболид... Имруз 76-солагии ӯст. Намедонам дар минбарҳои баланд, ки 3 сол боз Бозор Собир меҳмонашон аст ва 6 сол пеш номашро шунидан намехостанд, имрӯз маъракае ҳаст ё не, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оромист. Шӯру валвала нест.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Соли 2008 ҳам гап - гапи бозгашти Бозор Собир дар назар буд. Дар сатҳи баланд омодагиҳо ҷараён дошт. Вале баъд гуфтанд, ки ду мусоҳибаи Бозор Собир ба "боло" хуш наомадааст. Аммо мардум шоири худро пазироӣ намуд. Ҳамчуноне, ки ду бори дигар ҳам омаду танҳо ихлосмандонаш ӯро танҳо нагузоштанд. Ва ҳар бор шоир бо афсӯсу вовайло Ватанро тарк мегуфт. Ман ҳайрон будам, ки ӯ чӣ мехоҳад? Хонаву дар дорад, ҳатто ҳарфи онҳоеро он замон дар хотир дорам, ки мегуфтанд, агар инҷо боқӣ монад, барояш беҳтарин зиндагиро таъмин мекунанд. Албатта, ин ҳарфи мақомдорон набуд, аз атрофиёну ихлосмандони Бозор Собир буданд, ки гароишҳои иҷтимоии ӯро хуш доштанд. Вале Бозор рафт, қабул накард.

Бозор Собир бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон
Бозор Собир бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон

Ман боз ҳам ба саволи худ ҷавоб пайдо намекардам, як шоир боз чӣ мехоҳад, агар зиндагиашро таъмин кунанд, дар иҳотаи ихлосмандонаш бошад, обрӯву мартаба дошта бошад. Боз чӣ?

Ӯ танҳо охири моҳи майи соли 2013 баргашт ва бо даъвату пазироии хос! Ин ҳам замоне ки андешаву ашъори ӯ акнун барои бисёрии мухлисонаш нофорам буд. Ҳамон замон гуфтам, ки агар Бозор Собир ягон мавқеъгирии сиёсӣ накунад, ҳамоно маҳбуби мардум боқӣ мемонад. Аммо на... шоир чизҳое гуфт, ки интизор надоштанд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҳол онки ин бозгашт метавонист, як таҳаввулоте дар Тоҷикистон анҷом кунад. Ба ҳар сурат, ин замон хеҷ кадоме аз "бузургон" дигар масоили иҷтимоиву воқеиятҳоро ба ҳокимон намерасонд. Мегуфтанд, ки ҳатто дар замони камонсолорӣ Лоиқ Шералӣ ба ҳокимон ҳарфҳои дили худ ва воқеиятҳоро дар сӯҳбати рӯ ба рӯ мегуфт. Интизор доштем, ки ин ҷойгоҳи пас аз Лоиқ холӣ, бо омадани Бозор пур мешавад. Нашуд, баръакс, Бозор ҳам ба қатори "ва ғайраҳо" рафт. Шояд қасос гирифт? Шояд ба дигарон нишон дод, онҳое, ки ӯро як замон ба зиндон кашида буданд, акнун дар минбарҳо мешинонанд ва паҳлӯи худ ҷо медиҳанд?

Шояд назди зиндагии шоҳона оҷиз монд ва ба арзишу принсипҳои қаблӣ пушт гардонд? Шояд пириро ба гардан гирифт?

Бозор Собир бо Гулназар
Бозор Собир бо Гулназар

Ҳоло ба ҳеҷ кадом аз ин саволҳо посухи рӯшан нест. Вале ман бовар дорам, ки Бозор ҳатман як рӯз "мекафад". Ин хоҳиш нест, ин меъёри озодист, ки агар як бор нафас кашидӣ, ҳавои дигарро қабул карда наметавонӣ!

Вале шахсиятҳое мисли Бозор Собирро ҳамеша бояд иззат кард, агарчӣ мавқеъгириҳояш бароямон писанд нест. Ӯ ва ӯ баринҳоро бояд ҳамин гуна қабул кард, ки ҳастанд. Зеро, ҳатман аз мову Шумо ҳамчун ҳамасрони эшон ёд меоранд.

Ман ба ин ҳам бовар дорам, ки як рӯз Бозор Собир ин мисраъҳои худро аз кӯҳнакитобаш дарёфт кардаву хоҳад гуфт:

“Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,

Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.

Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,

Шеър дар ҳалқам бимирам,

Шоири халқам бимирам!”

XS
SM
MD
LG