Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда хоҳиш кардааст, ки ҳаққи қаламашро аз бархе чопхона ва Кумитаи радио ва телевизион, ки осори ӯро бидуни қарордод ё иҷозаи ӯ нашр кардаанд, руёнад. Бахши захираҳои зеҳнии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир санҷиш бар асоси аризаи шоир идома дорад ва бо пурра мушаххас шудани номи бархе нашриёт ва муассисаҳо, ҳаққи қалами шоир ситонида мешавад.
Мансур Раҷабов, намояндаи Шӯъбаи захоири зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 20 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат шоир Бозор Собир бо як ариза ба онҳо муроҷиат кард, ки чопхонаҳо бе машварати пешакӣ бо ӯ ашъорашро ба шакли китоб нашр карда, вале ҳаққи қаламашро напардохтаанд. Вай гуфт: “Дар аризаи Бозор Собир номи нашриёти “Истиқбол”, “Шуҷоъ” ва нашриётҳои алоҳида зикр шудааст, ҳоло мо мушаххас карда истодаем, ки ин нашриётҳои алоҳида кадом ҳастанд ва дар чӣ шароит китоби шоирро ба чоп расонидаанд. Ман дирӯз бо Бозор Собир суҳбат доштам, ҳоло санҷиш дар нашриёти “Истиқбол”, ки ба Латофат Кенҷаева мансуб аст, идома дорад”.
Видео аз бойгонӣ: Шаби эҷодии Бозор Собир дар соли 2016
Дар ҳамин ҳол ба таъкиди Бозор Собир дар аризааш исми Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон низ зикр шудааст, ки сурудҳо ва таронаҳо бар матни ашъори шоирро пахш кардаанд ва ҳаққулқалами ӯро надодаанд. Устод Бозор мегӯяд, ки таи 20 сол аз шеъру сурудҳои ӯ истифода шуда ва таронаҳо пахш кардаанд, вале бо ӯ на қарордод бастаанд ва на машварат кардаанд:
“Ман ба Шуъбаи ҳуқуқ ва ҳифзи муаллифи вазорати фарҳанг рафтам ва аризаамро пешниҳод кардам. Онҳо гуфтанд, ки мо дар ин масъала кумак мекунем ва хоҳиш карданд, ки ба Шуъбаи ҳифзи захираҳои зеҳнии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунам. Онҳо ҳоло ба ҳамин масъала машғуланд ва 20 сол мешавад, ки аз осори ман истифода кардаанд, вале бо ман машварат нашудааст”. Ба унвони мисол, китоби «Хуни Қалам», мунтахаби ашъори Бозор Собир дар солҳои гуногун аз тарафи чанд нашриёти хусусӣ ба нашр расидааст, вале ҳаққи қалами шоир пардохт нашудааст.
Масъулони шӯъбаи ҳифзи ҳақи муаллифи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, Бозор Собир ва ҳар адиби дигари Тоҷикистон бар асоси қонун дар бораи “ҳифзи ҳуқуқи муаллиф” ҳақ дорад, ки дар сурати нашри осори ӯ бидуни созишнома ва ё иҷозати муаллиф, ҳақи қаламро талаб кунад. Нӯъмонҷон Муқимов, сардори Шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқи муалифи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, Бозор Собир ба шуъбаи онҳо муроҷиат карда буд ва онҳо машварат намуда аризаи ӯро ба Шуъбаи ҳифзи захоири зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ фиристодаанд.
Дар ҳамин ҳол як намояндаи Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфт, баъди муроҷиати Бозор Собир онҳо ҳақи қалами ӯро пардохтаанд ва шоир дар масъалаи мазкур ҳеҷ даъвое надорад. Ҳоло тавре Вазорати корҳои доилӣ мегӯяд, санҷиши масъалаи ҳаққи қалами Бозор Собир дар нашриёти “Истиқбол” идома дорад ва бархе нашриёте, ки ашъори шоирро дар шакли китоб ба нашр расонидаанд ва ҳанӯз ошкор нашудаанд, мавриди таҳқиқ қарор доранд.
Маъруфтарин намунаҳои ашъори ӯ - "Аз хуни Сиёвушем", "Забони модарӣ", "Зулфата боло задам", "Девори Бухоро", "Аз хоки ватан гӯри падар дар дили ман монд" ва дигарҳо дар шакли шеъру тарона пайваста аз радиову телевизионҳои Тоҷикистон садо медиҳанд.
Бозор Собири 78-сола дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 1980-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд. Соли 1993 ӯ барои 9 моҳ ба зиндон кашонида шуд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.
Соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, ки дигар дар Тоҷикистон мемонад.