Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷик, ҷашни 75-солагияшро бо китоби нави "Кинои Бақо Содиқов" дар Тошканду Бухоро таҷлил кард. Ӯ тақрибан бист сол пеш аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчид ва аз соли 2002 боз дар пойтахти Узбакистон ба сар мебарад. Муаллифи "Адонис XIV" ва "Гирдбод", ки дар даврони Шӯравии собиқ сабт шуда, ба қавли муҳаққиқони кору рӯзгори ӯ, ба далели бо идеологияи замон насохтанашон хеле дер рӯи экранҳо баромаданд, рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз филмбардорӣ намондааст.
Ин филмро барои он омода кардем, ки ҷадидон ё ҷавонбухориён як ҷузъи таърихи минтақа буданд. Ба мардуми узбаку тоҷик ва дигарон тааллуқ доранд. Онҳо мардуми бузург буданд, рӯшанфикр буданд. Ҳар кас ҳар чиз мегӯяд, вале онҳо рушди минтақаро мехостанд. Ин бахши таърих тақрибан аз ёдҳо рафтааст.
Бақо Содиқов: "Ҳозир ҳамроҳи хонавода дар Тошканд зиндагӣ мекунем. Ба наздикӣ 75-солагиро ҷашн гирифтем ва ба ин муносибат ба Бухоро ҳам рафтем. Дар онҷо дар ҳалқаи дӯстону олимони маъруф китоби нави "Кинои Бақо Содиқов"-ро муаррифӣ кардем, ки аз тарафи Муҳиддин Маҳмудов дар Русия чоп шуд ва ҳафтаи гузашта дар Санкт-Петербург ҳам рӯнамоӣ гардид. Писари калониам Улуғбек Содиқов ВГИК-и Маскавро хатм кардааст ва дар панҷ соли охир дар Тоҷикистон се филм бардошт. Яке аз филмҳо бо ҳамроҳии фаронсавиҳо сабт шудааст. Дигараш "Зарандуд" аст, ки дар ҷашнвораи филмҳои Ҳиндустон соҳиби ҷоиза шуд. Асосан ба писарам ёрӣ медиҳам. Вай ҳам сенария менависад ва ҳам коргардонӣ мекунад. Яъне, ҳанӯз бо касби худам ҳастам."
Радиои Озодӣ: Аммо баъди рафтан аз Тоҷикистон ягон филми худатонро ҳам ба навор гирифтед?
Бақо Содиқов: "Дар инҷо, дар Узбакистон чанд сол қабл як филм гирифтам, ки “Мурувват” ном дорад. Як филми дигари иборат аз 7 қисмро наворбардорӣ кардем, ки “Фидоиён” аст ва дар бораи ҷадидони Бухорост. Дар онҷо дар бораи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Абдурауфи Фитрат ва Садриддин Айниву дигарон сӯҳбат мешавад."
Радиои Озодӣ: Ин филм аллакай ба намоиш даромадааст?
Бақо Содиқов: "Филми “Фидоиён” омода ҳаст, аммо ҳанӯз рӯи экран набаромадааст. Баъзе аз порчаҳояшро нишон медиҳанд, вале ҳанӯз пурра намоиш дода нашудааст. Порчаҳои парокандаашро ҳам, ки намоиш медиҳанд, намегӯянд, моли кист ва сохтаи кист. Ин филмро барои он омода кардем, ки ҷадидон ё ҷавонбухориён як ҷузъи таърихи минтақа буданд. Ба мардуми узбаку тоҷик ва дигарон тааллуқ доранд. Онҳо мардуми бузург буданд, рӯшанфикр буданд. Ҳар кас ҳар чиз мегӯяд, вале онҳо рушди минтақаро мехостанд. Ин як бахши таърих аст, ки тақрибан аз ёдҳо рафтааст ва ҷавонон аслан дар борааш чизе намедонанд."
Радиои Озодӣ: Агар каме ба қафо баргардем, чӣ шуд, ки аз Тоҷикистон рафтед?
Бақо Содиқов: "Ман соли 1996 аз Тоҷикистон баромадам ва шаш сол дар Самарқанд зистам. Чордаҳ сол мешавад, ки дар Тошканд ҳастам. Аммо то ҳол эҳсос мекунам, ки Ҳисору Балҷувон, Кӯлобу Чилдухтарон ва Бадахшон, дар маҷмӯъ, ҳар қитъаи Тоҷикистон пеши чашмам аст. Аз ёд медонам, ки аз тарафи Кӯлоб то Ховалинг чӣ қадар роҳ аст, чиро дидан мумкин аст. Бовар мекунед, Тоҷикистон дар дили ман аст. Ман дар Қазоқистон будам, дар Туркманистон будам ва ҳоло дар Узбакистон ҳастам. Миёни ин ҳама ҳеч фарқ намегузорам. Чӣ хел ҳамаи ин марзҳоро ҷудо карда мешавад? Ман аҳли сиёсат нестам, ман филмбардорам, одами эҷодиам ва фикр мекунам, натанҳо маданияти мо ва дини мо, балки эҳсоси мо як аст. Мо гӯшту нохунем."
Радиои Озодӣ: Вале чаро рафтед?
Бақо Содиқов: “Ман танҳо ҳаминро мегӯям, ки ба хотири ҳифзи хонаводаам аз Тоҷикистон рафтам. Баъд, гуфта будам, ки то панҷоҳсолагӣ ба ватан хидмат мекунам, яъне то замоне ки нерӯву тавони зиёд ҳаст ва, ба фикрам, ин корро ҳам кардам."
Бақо Содиқов кист?
Бақо Содиқов соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ соли 1979 узви Иттиҳодияи синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон шуд. Бақо Содиқов соли 1961 бо иҷрои нақши асосӣ дар филми «Панҷ нафар аз Фарғона» дар киностудияи «Узбекфилм» ба олами синомагарӣ пайваст. Дар киностудияи «Тоҷикфилм» аз соли 1967 ба ҳайси коргардон дар филмҳои бадеӣ ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ кор кардааст. «Адонис», «Гирдбод», «Бухорои шариф», «Ҷосус», «Имом Бухорӣ» аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд.
Радиои Озодӣ: Дар ин бист соле, ки аз Тоҷикистон рафтед, зоҳиран муносибати Тошканду Душанбе ҳам оддӣ набуд. Марзҳои баста, мушкили равуо...
Бақо Содиқов: “Ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки тоҷикро аз узбак ҷудо кардан намешавад. Дар ман ҳам хуни тоҷикӣ ҷорист, ҳам хуни узбакӣ. Аз тарафи падар ман бухороӣ ва аз тарафи модар балҷувонӣ ҳастам. Мо гӯшту нохун ҳастем. Ман ин хел гапҳоро қабул карда наметавонам. Бобои калони ман аз тарафи модариам Остонақулбек беки Ҳисор буданд. Бобоям Тӯрақулбек мири Балҷувон буданд. Тоҷикистону Узбакистонро фақат як сим ҷудо мекунад, ки дар хатти марз часпонда шудааст.”
Радиои Озодӣ: Дар ин муддат оё ягон бор ба Тоҷикистон омадед? Шояд барои сӯҳбат, дидор ё намоиш?
Бақо Содиқов: “Дар бист соли гузашта ягон бор нарафтам. Аммо вақте дар Самарқанд будам, ду нафар аз Тоҷикистон омада буданд ва ҳоло номашонро дар хотир надорам. Ба ман гуфтанд, ки махсус омаданд ва ҳатто гуфтанд, баъди бозгашт ба ман масъулиятҳо дода мешавад. Вале азбаски барои ман фарқе миёни Тоҷикистону Узбакистон набуд, азбаски фарқе миёни Душанбеву Бухорову Самарқанд набуд, мондам. Инҷо ҳам ватани мост, онҷо ҳам. Бухоро Самарқанд ва Тоҷикистону Узбакистон ҳамааш якест. Намедонам онро як дарахт бигӯям ё як мева. Дар замони Шӯравӣ ҳеҷ фарқ набуд ва виза ҳам зарур набуд. Чи хеле мебинед, ман бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанам. Аллоҳ истеъдоди филмофариро додааст, ман ҳамин корамро мекунам. Ғаму шодии Тоҷикистону Узбакистон ғаму шодии ман аст. Ман, албатта, фахр мекунам. Вақте дар ҷашнвораи Канн будем ва филми “Гирдбод” бо забони тоҷикӣ садо медод ва тарҷумааш бо забони англисӣ буд, ман ифтихор кардам. Бисёриҳо мегуфтанд, ки чӣ қадар забони ширин аст.”
Радиои Озодӣ: Дилатон танг мешавад ба ёди шаҳре, ки шояд ҷавониятон гузаштааст, дӯстоне, ки сари як пиёла чой сӯҳбат мекардед, хиёбонҳое, ки чеҳраҳои шиносро медид?
Бақо Содиқов: “Ватан, дӯстон, сарзамин, баҳр, дарахтон... Тоҷикистон ва дӯстони наздики ман дар дили ман ҳастанд. Бист сол шудааст, ки аз онҳо як метр ва ҳатто як сантиметр дур нашудаам. Онҳо дар дили ман ҳастанд. Ҳамон гунае, ки ҷавону поку самимӣ буданд, ҳамин тавр ҳифз шудаанд. Дар дили ман ҳастанд. Аз он рӯзгор Лоиқ Шералӣ, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов ва даҳҳои дигарро дар ёд дорам. Ман чаҳор шабакаи Тоҷикистонро ҳамарӯза пайгирӣ мекунам. Тамошо мекунам. Ахиран дидам, ки Бозор Собир аз Амрико омадааст ва маҳфил дошт, суолу ҷавоб дошт, хуш шудам. Ман як қадам аз Тоҷикистон дур нашудаам.”
Радиои Озодӣ: Пас, аз вазъи филмҳои нави тоҷикӣ ҳам хабар доред. Чӣ мегӯед?
Бақо Содиқов: “Бале, аз филмҳои нави Тоҷикистон хабар дорам. Ман ба ҳеч кас ақл ёд доданӣ нестам. Фақат мегӯям, ки мавзӯи филмҳо маҳдуд аст, тасвир маҳдуд аст. Барои мисол, агар Маҳмудҷон Воҳидов дар вақташ бо офаридаи шоирону адибони дохили Тоҷикистон қаноат мекард ва ба репертуараш ашъори Хайёму нақши Шекспирро ворид наменамуд ва аз осори бузургони дигари классику ҷаҳонӣ баҳра намебардошт, Маҳмудҷон Воҳидови дохилӣ буд. Вале Маҳмудҷон Воҳидов актёри сатҳи байналмилалӣ буд. Барои чӣ маҳдуд бошем, ки хислати маҳаллӣ дорад? Фарҳанги тоҷик инро намебардорад. Баъдан ба далели онки баъзе ҳунармандон дар замони даргириҳои дохилӣ аз кишвар рафтанд, шояд таъсири ин ҳам бошад.”