Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, дар оғози маҳфили эҷодиаш, ки шоми 18-уми март дар Театри опера ва балети Душанбе баргузор шуд, аз зиндаги пурмоҷарои худ дар 30 соли пеш, маҳбас ва муҳоҷирате, ки то ҳанӯз идома дорад, ёд кард.
Ӯ гуфт, фикр намекард, ки ҳама навиштаҳояш як - як ба сари худаш хоҳад омад: “Тирборонҳоро ҳам дидам, маҳбасро ҳам дидам, аз он гузашта 21 сол аст дар муҳоҷиратам. Яъне ҳар чизе ман гуфта будам як як ба сарам омад.”
Ба ҷуз ин чанд ҷумла, дар маҳфили худ Бозор Собир дигар фақат шеър хонд. Тавре ҳам қаблан гуфта мешуд, шоир ин бор аслан ба сиёсат дахл накард ва ба ҷуз қироати шеър дигар дар ягон мавзӯъ ҳам сӯҳбат накард.
Маҳфили шеъри Бозор Собир, ки баъди бозгашти навбатиаш аз Амрико, шоми 18-уми март дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, бо ҳузури зиёди ҳаводорон ва шоирону фарҳангиёни тоҷик сурат гирифт. Саидқул Билолов, овозхоне, ки репертуари таронаҳояш асосан аз шеърҳои Бозор Собир иборат аст, дар ин маҳфил дар баробари шоир рӯи саҳна буд ва бо талаби шоир шеърҳои маъруфи ӯро иҷро кард.
Саидқул Билолов аз ҷумла дар мавриди яке аз сурудҳо гуфт, “ин сурудро бо хоҳиши худи устод иҷро кардам. Таърихи ин суруд ҳам аҷиб аст. Ин рубоиҳоро ман он солҳо, ки устод дар ғурбат буданд, аз Радиои Озодӣ гирифта, бо ашк оҳанг бастаам.”
Бозор Собир, баъд аз анҷоми маҳфил дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди як соли иқоматаш дар Амрико барои таҷлил аз ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ гуфт, як соли қабл барои дидани фарзандону набераҳо ба Амрико рафта буд. Аммо ӯ нагуфт, ки баъд аз адои ҷашни Наврӯз дубора ба он сӯйи уқёнус бархоҳад гашт ё на.
Вале Бозор Собир дар маҳфили шеъраш расман эълон кард, ки 21 сол боз дар муҳоҷират аст: “Ба Амрико пеши бачаҳо рафтам. Набераҳоям ҳар рӯз занг мезананд, ки бобо биё, бобо биё. Мо туро ёд кардем. Барои ҳамин маҷбур шудам биравам, дигар ягон ҳадафу барномае набуд.”
Бозор Собир дар айни интихоботи президентии се соли пеш дар Тоҷикистон бо даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, ки дар инҷо иқомат хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро баъди богашт дар Қасри Миллат пазируфт ва тавре худи шоир баъдан гуфт, онҳо 2 соат бо ҳам сӯҳбати самимӣ доштанд. Аммо ин бозгашти ӯ дар остонаи интихоботи президентӣ ва сӯҳбатҳои ӯ дар мавзӯи маҳдуд кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷомеа бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд.
Бозор Собири 78-сола дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 1980-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд. Соли 1993 ӯ барои 9 моҳ ба зиндон кашонида шуд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.