Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозор Собир: Ҳадафи бозгашт ба хатти форсӣ ҷумҳурии исломист


Дар акс: Бозор Собир ҳамроҳи Гулназар Келдӣ. Моҳи марти 2015
Дар акс: Бозор Собир ҳамроҳи Гулназар Келдӣ. Моҳи марти 2015

Бозор Собир, ки дар айни интихоботи президентии 2013 аз Амрико баргашт, дар матлабе зидди бозгашт ба хатти арабиасос сӯҳбат карда, Эмомалӣ Раҳмонро ба Ризошоҳи Паҳлавӣ монанд намудааст.

Бозор Собир -- шоири тоҷик, ки бо баёнияҳову сӯҳбатҳои баҳсбарангезаш маъруфият дорад, ин дафъа алайҳи бозгашт ба хатти ниёгон ё хатти арабиасос дар Тоҷикистон эътироз кардааст. Ӯ дар матлабе, ки дар нашрияи мустақили "СССР" ба чоп расонд, гуфтааст, "ин хати ниёгон, ки солҳо инҷониб мавриди ҳангома... қарор гирифтааст, дар дебочаи ҳассосу барангезандаи барномаи мушаххаси панисломӣ ва сионистӣ аст. Ғараз, ҷумҳурии исломӣ сохтан аст. Варна дар ин дағдаға баҳонаи казоие нест."

Дар ҳоле ки ба қавли Бозор Собир, "ҳар китоби арзандае, ки аз классикон буд, кайҳо ба хати русӣ чоп шудааст." Вай афзуда, ки "мо ҷумҳурии мавҷудаю, хати мавҷудаю забони Айниамонро натанҳо ба хати ниёгон, балки ба 70 пуштамон қурбон намекунем. Бигзор, Эрону Афғонистон хаташонро ба хати мо бадал кунанд. Як муддат шодихори онҳо шуда, хеле масҷидсозию мазорсозӣ кардем, бас аст."

Бозор Собир аз рӯзноманигорони, ба гуфтаи ӯ, "тақлидкор" ҳам интиқод намудааст, ки ба вожаю ибораҳои сохтаи эрониён дода шуда, аз калимаҳои аслӣ, ки байналмилалиянд, даст кашидаанд. "Эронӣ мешавем гуфта, паспортро - шиноснома, визаро - раводид, аэропортро-фурудгоҳ кардем. Ҳол он ки инҳо тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ ва нисбии ҳамон истилоҳотанд. Паспорт, яъне ба порт гузар, аэропорт, яъне, порти ҳавоӣ, ҷое, ки ҳам фуруд меоӣ ва ҳам парвоз мекунӣ. Ва ногуфта намонад, ки "билет"-ро чипта гуфтан айб аст. Эрониҳо низ билет мегӯянд. Аз истилоҳоти ҷаҳонӣ ҳазар кардан лозим нест, онҳо дар таркиби забон ҳамчун ҳавои тозаанд, забонро замонавӣ, мудерн мекунанд,"-афзудааст ӯ.

Шоири тоҷик дар ин матлаби худ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояташ аз арзишҳом миллӣ ҷонибдорӣ карда, ва ӯро ба Ризошоҳи Паҳлавӣ, охирин шоҳи Эрон, ташбеҳ додааст. Оқои Собир гуфтааст, дар паҳлӯи Ризошоҳ танҳо ва танҳо Раҳмонро метавон дид. "Аввалан, ӯ муҷассамаи бошукӯҳи Исмоили Сомониро ниҳод. Муҷассамаи Рӯдакиро ниҳод. Агар панисломистон ҳайкали Фирдавсиро хароб кардаанд, ӯ барпо намуд. Аз классикон касе нест, ки ба номи ӯ кӯчаву хиёбону мактаб набошад,"-гуфтааст ӯ.

Бозор Собир аз овардани як каф хоки мазори Камоли Хуҷандӣ аз Табрез ба Хуҷанд низ ёдоварӣ намуда, аз маъракаи таблиғи либоси миллӣ ҷонибдорӣ кардааст. "Тоҷикистони навин ба ҳар сӯе, ки нигарӣ ба ӯ тааллуқ дорад, ҳамчун Эрони Ризошоҳи Паҳлавӣ. Ин шахсиятҳои фавқулода падарони миллатанд,"-таъкид доштааст ӯ.

Ризошоҳи Паҳлавӣ, ба қавли Бозор Собир, шахсияте буд, ки баъди 1100 сол ба даст омад. "Ӯ бунёдгузори Эрони навин ва вориси бошарафи Эрони бостон буд. Ӯ буд, ки ҳама осори қадимаро ҷилд-ҷилд нашр намуд. Ӯ буд, ки ба унвони вожаҳои форсӣ созмоне таъсис дод… Алғараз, Эрони асилро аз зери хокистару мурдареги ҳазорсола берун овард,”-хулоса кардааст шоири тоҷик.

Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, 27 майи соли 2013 аз Амрико ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ, ки тайи 19 соли мусофираташ дар Амрико ба камияш 3 дафъа ба Тоҷикистон омада буд, ҳини бозгашташ гуфта буд, ин бор бо даъвати бевоситаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргаштааст. Бозор Собир аз соли 1994 дар Сиэтлли Амрико ба сар мебурд.

Бозор Собир соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 70 ва 80 дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80 ба ҷунбиши Растохез пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.

XS
SM
MD
LG