Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонзимни натиҷагирӣ аз музокироти байниҳукуматии ҳайатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Тошканд аз истиқболи гарми раҳбарияти ин кишвар ташаккур кард.
Ин нуктаро президент Раҳмон баъди имзои созишномаҳои ҳамкории миёни ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар ва дар нишасти хабарии муштаракаш бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар қасри раёсатҷумҳурӣ дар Тошканд таъкид кард.
Як натиҷаи муҳими ин сафар, ба қавли президент Раҳмон, имзои Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни ду кишвар аст. То ҳоли ҳозир Тоҷикистон танҳо Русия, Чин, Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон созишномаҳои шарикии стратегӣ ба имзо расонидааст..
26 санади ҳамкорӣ - ҳосили нави равобити Тоҷикистону Узбекистон
Дар музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон, ки рӯзи 17 август дар Тошканд баргузор шуд, 26 санади дигари ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид. Дар гуфтугӯҳо байни тарафайн таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ равона шуд. Ин музокирот соате баъд аз ба Тошканд бо даъвати президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ташриф овардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Дар изҳороти худ президентони Тоҷикистон ва Узбекистон гуфтанд, ки ба мувофиқа расиданд дар рудхонаи Зарафшон ду нирӯгоҳи барқӣ бунёд кунанд, ки нирӯи барқи онро сокинони ҳарду кишвар муштаракан истифода кунанд. Созиши дигар дар заминаи омӯзиши имкониятҳои истифодаи оби нӯшокии Сарез аз ҷониби сокинони кишварҳои минтақа мебошад.
1 миллион нафар аз марзи Тоҷикистону Узбекистон убур кардаанд
Президент Раҳмон бо ситоиш аз суръати ҳамкориҳои ду кишвар гуфт, ки мизони додугирифти тиҷоратии ду кишвар дар 6 моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин муддати соли гузашта ду баробар афзуд, созишномаҳои дар Тоҷикистон имзошуда бо арзиши 600 миллион доллар дар соҳаи нафту газ ва барқ бомуваффақият амалӣ мешаванд. Раҳбари Тоҷикистон гуфт, як ҳосили хуби ҳамкориҳо - соддасозии низоми равуо дар марз будааст ва дар муддати ним соли ҷорӣ аз марзи ду кишвар 1 миллион нафар, аз ҷумла хориҷиҳо убур кардаанд.
Дар поёни нишасти хабарӣ президети Тоҷикистон ба унвони ҳусни ният ба президент Шавкат Мирзиёев барги сабзи фарҳангӣ тақдим кард. Ин чаҳор китоби иборат аз эҷодиёти адибони классику замони имрӯз бо номи: "Гулбоғи ошноӣ", "Рӯдакӣ", "Армағони дӯстӣ" ва "Чашмаи хиради Навоӣ".
Чархиши муҳим
Вебсайти президенти Узбекистон менависад: “Соли 2018 дар таърихи муносибатҳои ду кишвар як чархиши муҳим рух дод. Аз оғози сол, - ба навиштаи ин вебсайт, - миёни намояндагони ин ду кишвар беш аз 50 дидору мулоқот ва чор ҷаласаи байниҳукуматӣ оид ба масоили тиҷоративу иқтисодӣ барпо шуд. Мизони тиҷорати дуҷониба дар ин муддат 35 дарсад афзоиш ёфт”.
Миёни ду ҷониб созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҳаҷми беш аз 300 миллион доллар ба имзо расидааст, менависад дафтари матбуоти президенти Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев дар музокирот гуфт, ки ҳадафи ниҳоӣ – то сатҳи 500 миллион доллар расонидани мизони додугирифтҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду ҳамсоя аст, дар ҳоле, ки ба бовари ӯ, “потенсиал ё тавоноии ин ҳамкориҳо ҳадди аққал 1 миллиард долларро ташкил медиҳад”. Мирзиёев гуфт, ки дар ҳамкориҳои ду кишвар паҳлӯҳои хеле зиёди дастнохӯрда ҳастанд, ки бояд дар ин самт корро тавсеа бахшанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 17-уми август бо як сафари давлатӣ ба Узбекистон рафт. Тибқи иттилои расмӣ, дар фурудгоҳи Тошканд Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар мақомоти он кишвар, истиқбол кардаанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг, ҳамроҳӣ мекунанд. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон ду рӯз давом мекунад. Дар ин сафар раисҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд дидан хоҳад кард.
Ду рӯз пеш Комил Алламҷонов, сухангӯи президенти Узбекистон, дар як баёнияи расмӣ гуфт, сафари президент Раҳмон аз гулгузорӣ бар пояи ҳайкали "Мустақиллик" ва мулоқот бо Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи Куксарой оғоз хоҳад ёфт. Ӯ гуфт, мулоқот аввал дар шакли як ба як ва сипас дар доираи васеъ баргузор мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 1998 бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафтааст. Ӯ моҳи сентябри соли 2016 барои иштирок дар маросими дафни Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, ба Самарқанд рафта буд.
Комил Алламҷонов мегӯяд, ду тараф масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсату тиҷорат, иқтисод, нақлиёту мухобирот, фарҳанг ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард. "Дар поёни гуфтугӯ имзои чанд санад, ки ҳамкории Тоҷикистону Узбекистонро тақвият бахшида, ба сатҳи нав хоҳад баровард, дар назар аст", - гуфтааст Алламҷонов.
Сухангӯи президенти Узбекистон мегӯяд, дар нимаи дувуми 17-уми август дар "Узэкспоцентр" намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистон баргузор мешавад. "Инчунин, интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи "Артел" дар Тошканд биравад", - афзудааст ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми август бо Нуриддин Исмоилов, раиси порлумон ва Абдулло Орифов, нахуствазири Узбекистон мулоқот хоҳад кард. Ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд рафта, аз маҳалҳои таърихӣ дидан хоҳад кард. Комил Алламҷонов гуфтааст, ин барномаи сафари давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон аст ва эҳтимол метавонад баъзе тағйирот ворид шавад.
Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 1998 бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафтааст. Ӯ моҳи сентябри соли 2016 барои иштирок дар маросими дафни Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, ба Самарқанд рафта буд.
Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон сафари ҷавобӣ ба меҳмонии Шавкат Мирзиёев аст, ки рӯзи 9-уми март ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни сафари, ба қавли мақомот, таърихии Мирзиёев ба Душанбе, 27 санаду созишнома имзо гардид, ки аз ҷумла ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ дод, бидуни виза то сӣ рӯз ба қаламрави якдигар равуо кунанд.