Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони наздимарзӣ: "Монед, бо шиносномаи сурх ба Узбекистон равем"


Бархе аз сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон як ҳафта боз наметавонанд бо шиносномаи сурхи дохилӣ марзи Узбекистонро гузаранд. Қаблан ба онҳо иҷозат шуда буд, ки бо шиносномаи дохилӣ то 30 километри кишвари ҳамсоя рафта, панҷ шабонарӯз дар онҷо бимонанд.

"Ин ҳақро аз мо гирифтанд"

Айни ҳамин мушкилро сокинони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд низ доштаанд.

Азим Муродов, як сокини ноҳияи Турсунзода, минтақаи ҳаммарз бо Узбекистон, рӯзи 25-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин вазъ як ҳафта пеш тағйир кард. "Пештар бо паспорти сурх метавонистем ба Узбекистон гузарем. Ҳоло марзбонҳо мегӯянд, ки мумкин нест", - афзуд ӯ.

Ба қавли Азим Муродов, феълан имкони гирифтани шиносномаи хориҷиро надорад, "чун аз як тараф вақти зиёд металабад ва аз сӯи дигар нархи шиноснома гарон аст". Ин сокини ноҳияи Турсунзода гуфт, аксар сокинони минтақаҳои наздимарзӣ на барои сайругашт ва будубош дар кишвари ҳамсоя, балки асосан барои додугирифт мераванд ва бояд мақомот барояшон сабукӣ диҳанд.

Шикоят аз нархи шиносномаҳои хориҷӣ

Навбати сокинон барои убури марзи Тоҷикистону Узбекистон
Навбати сокинон барои убури марзи Тоҷикистону Узбекистон

Айни ҳамин мушкилро сокинони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд низ доштаанд. Як корбари Фейсбук рӯзи 25-уми март, пас аз нашри хабари Радиои Озодӣ, дар ин бора иттилоъ дод ва гуфт, “ё беҳтар аст нархи шиносномаи хориҷӣ арзон карда шавад. Шояд дар ягон кишвари олам мисли Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ чунин нархи баланд надорад. Дар Тоҷикистон нархи он қариб ҳаштсад сомонист, дар Қирғизистон – ҳаштод сомонӣ.”

Бар асоси тартиби нави муқарраргардида байни Тоҷикистону Узбекистон шаҳрвандони ду кишвар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ҳақ доранд, ба кишвари якдигар сафар кунанд. Бино ба як маълумотномаи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои убур аз марзи Узбекистон ин санадҳо заруранд:

  • Шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ, то 1 феврали соли 2022), Шиносномаи хидматии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ, то 1 феврали соли 2022)
  • Шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ), Шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 1 феврали соли 2022)
  • Шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (Агар шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Узбекистон шиносномаашро гум кунад, дар сафорати кишвар барояш ин ҳуҷҷат дода мешавад, то бо пешниҳоди он ба ватан баргардад)

Номаҳо аз ду сӯи марз. Тоҷикҳову узбекҳо чӣ мегӯянд?

Шиносномаи дохилии Тоҷикистон
Шиносномаи дохилии Тоҷикистон

Гузаргоҳҳои марзӣ баъди як ҳафтаи расман бекор шудани сафари якмоҳаи бидуни раводид серодам аст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, барои гузаштан аз марз баъзан соатҳо интизорӣ мекашанд. Навбатпоии зиёд бештар ҳангоми гузаштан аз ҷониби Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Сокинони ду кишвар, ки амалан ҳамсояи девор ба девор ҳастанд, якдигарро ду даҳсола надидаанд. Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо корбари тоҷик аз ҳузури худ ва сайругашташ дар Узбекистон хабар дода, аз ҷумла аз маркази шаҳри Тошканд, Регистони Самарқанд, хона-музейи Садриддин Айнӣ, бозори нони Фарғона ва мақбараи Имом Бухорӣ аксу видео гузоштаанд. Бархе аз корбарон аз муносибат ва пазироии хуби сокинони Узбекистон тавсиф карда, онҳоро барои боздид аз кишвар даъват намудаанд.

Дар Тоҷикистон низ чанде аз худравҳоро бо рақами давлатии Узбекистон мушоҳида кардаанд ва акси баъзеи онҳо ба Фейсбук роҳ ёфтааст. Аммо зоҳиран ин хурсандӣ ба дили онҳое намеғунҷад, ки як қадам то Узбекистон истодаанд, аммо бо шиносномаи сурхи дохилӣ имкони гузаштан аз марзро надоранд. Онҳо умедворанд, ки мақомот ҳарчи зудтар ба кумакашон хоҳад расид.

Ҳузури 30-рӯзаи бидуни виза

Шиносномаи биометрӣ
Шиносномаи биометрӣ

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 19-уми март созишномаи ҳукумати Тоҷикистону Узбекистон дар заминаи сафарҳои бидуни визаи шаҳрвандонро тасвиб кард. Ин созишнома рӯзи 9-уми марти имсол дар ҷараёни сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе имзо шуд ва Тошканд аз 16-уми март ва пеш аз анҷоми расмиятҳои марбут ба ратификатсия ё тасвиби ин санадҳо марзашро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард. Ин санад ҳузури 30-рӯзаи бидуни визаи шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигарро иҷозат медиҳад.

Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфт. Тайи якуним соли охир яхи муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе об шуд ва ду тараф ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои то ин дам баста, баргузории рӯзҳои фарҳангу парвози ҳавопаймоҳо ва убури қаторҳо аз марзи якдигар пардохтанд.

XS
SM
MD
LG