Порлумони Тоҷикистон созишномаи таъйини беш аз 192 километр марзи баҳсӣ бо Узбекистонро тасвиб кард. Мақомот мегӯянд, танҳо "як минтақаи ночиз" миёни сарҳади ду кишвар номуайян боқӣ мондааст.
Шакке надорам, ки мақомоти тоҷику узбек дар зудтарин фурсат нуқтаи ниҳоӣ дар баҳсҳои марзиро мегузоранд
Низомиддин Зоҳидӣ – муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, тавофуқ дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар аввали моҳи марти имсол ба даст омад. "Як минтақаи ночизи марзӣ миёни Узбекистон ва Тоҷикистон мондааст, ки бояд дар созишномаи ҷудогона тасдиқ карда шавад", - афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Созишномаи нав аз муқаддимаву 6 модда ва харита иборат аст. Аҳмадҷон Қобилов, вакили порлумон гуфт, ки ҳадафи созишнома ниҳоӣ кардани масъалаи мушаххас ва аломатгузории хатти марзи ду кишвар аст. Ӯ афзуд, "ин созишнома ба Қонуни асосӣ ва қонунҳои дигари Тоҷикистон мухолифат надорад".
Ба бовари ин вакили порлумон, Тоҷикистон дар раванди таъйини хатти марз бо Узбекистон “ҳеч гузашти ҷиддӣ накардааст”. Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон, дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, қисмати боқимондаи минтақаи номуайяни марзӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон камтар аз як километр дар атрофи нерӯгоҳи “Фарҳод” мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Узбекистон мехоҳад, як роҳраве боқӣ монад, ки кормандон тавонанд, барои нигоҳубини нерӯгоҳ ворид шаванд.
Бар асоси санаде, ки рӯзи 9-уми март дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев дар Душанбе имзо шуд, ду тараф аҳд додаанд, ки “Фарҳод”-ро барои тақрибан ним асри дигар ҳамроҳ истифода баранд.
Тӯли 25 соли охир тасвиб нашудани қарордоди марзии миёни Тоҷикистону Узбекистон ба баҳсҳо дар атрофи моликияти ин нерӯгоҳ марбут буд. Тошканд даъво дошт, ки ин нерӯгоҳ моли Узбекистон аст ва Душанбе иддао мекард, ки он дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст. Маҳз рӯшан набудани сарнавишти ин нерӯгоҳ, ба эътиқоди соҳибназарон, яке аз сабабҳои аслии мушкили марзии миёни Тоҷикистону Узбекистон будааст.
Дар навбати худ, дақиқ набудани хатти марз сабаб шуда буд, ки Узбекистон барои сафари сокинони Тоҷикистон муқаррароти визаро роҳандозӣ кунад. Ин низом аз соли 2001 то моҳи гузашта дар омаду рафти шаҳрвандони тоҷик ба ин кишвари ҳамсоя мушкилоти фаровоне эҷод мекард. Инчунин, мақомоти вақти Узбекистон минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистонро минакорӣ карданд, ки боиси марги даҳҳо нафар гардид. Тоҷикистон ба далели баста шудани роҳҳои иртиботӣ дар бунбасти нақлиётӣ қарор гирифт.
Аммо баъди ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон вазъ тағйир ёфт ва Тошканду Душанбе дар пайи аз байн бурдани ихтилофҳои пешин шуданд. Аз ҷумла, мақомоти ду кишвар тасмим гирифтанд, минтақаҳои марзии минакоришударо поксозӣ кунанд ва мардум дигар бидуни ҳарос машғули кишоварзиву чорводорӣ шаванд. Аз ҷумла, қарор шудааст, имсол минаҳо дар марз барчида шаванд.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дастрасӣ ба созишномаи марзии миёни ду кишвари ҳамсояро дастоварди бузург унвон кард. Ӯ гуфт, "аслан дар миёни мардуми тоҷику узбек набояд ҳаргиз мушкили марзӣ вуҷуд дошта бошад. Як мақоле ҳаст, ки шутурро куштӣ, бояд пӯсташро то дум ҷудо кунӣ. Шакке надорам, ки мақомоти тоҷику узбек дар зудтарин фурсат нуқтаи ниҳоӣ дар баҳсҳои марзиро мегузоранд”.
Ба эътиқоди соҳибназарони тоҷик, ҳал нашудани мушкили марзии миёни Узбекистон ва Тоҷикистон дар аҳди раҳбарии Ислом Каримов аз ангезаҳои сиёсӣ холӣ набуд. Аммо дар пайи сафари ахири Шавкат Мирзиёев ба Душанбе сокинони ду кишвар имкон пайдо карданд, ки бидуни дарёфти виза ба мӯҳлати то 30 рӯз ба қаламрави кишварҳои якдигар сафар кунанд.
Интизор меравад, дар ояндаи наздик Эмомалӣ Раҳмон низ бо сафари давлатӣ озими Узбекистон шавад ва боз чанд қарордоди муҳимеро бо мақомоти кишвари ҳамсоя имзо кунад. Соҳибназарон аз эҳтимол дур намедонанд, ки дар ҷараёни ин сафар мушаххассозии хатти марзи миёни Тоҷикистону Узбекистон ниҳоӣ хоҳад шуд.