Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Узбекистон – бо автобус. ВИДЕО


Ширкати “Asian Express” эълон кард, ки аз моҳи апрели имсол ҳаракати мусофирбарҳоро ба шаш шаҳри Узбекистон оғоз хоҳад кард. Султон Камолов, раиси ширкат, рӯзи 22-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусофирбарҳо аз Душанбе ба Бухорову Деҳнав ва Тирмиз, аз Панҷакент ба Самарқанд ва аз Хуҷанд ба Тошканду Фарғона мераванд.

Харидории 200 мусофирбар

Низоми раводид миёни Тошканду Душанбе соли 2000-ум ва бо ташаббуси Ислом Каримов, президенти собиқи Узбекистон, ҷорӣ шуд.

Аммо Камолов гуфт, ҳанӯз масъалаи роҳкиро ниҳоӣ нашудааст. Ӯ гуфт, дар ин замина посухи тарафи Узбекистонро интизоранд. "Тасдиқи нархнома аз тарафи мақомоти ду кишвар ба он хотир зарур аст, ки автобуси ширкатҳои узбекистонӣ низ дар ин масирҳо машғули мусофиркашонӣ хоҳанд шуд. Рӯзҳои наздик ҳайати ширкати мо ба Тошканд меравад ва масъалаи нарх дар онҷо ниҳоӣ хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки оё миқдори автобусҳои ширкати "Asian Express" барои кашондани мусофирон дар ин масирҳо кофист, ё на. Султон Камолов, раиси ширкат мегӯяд, аз ҳоло дар бораи харидории 200 мусофирбари байнишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо Узбекистон қарордод бастаанд ва дар зудтарин фурсат ин автобусҳо вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Аввалин рӯзҳои сафари бе виза

Аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Узбекистон – бо автобус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Тавсеаи имкониятҳои кор ва ҳам ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни ду ҳамсоя баъди он имконпазир шуд, ки рӯзи 16-уми март Узбекистон ва 19-уми март Тоҷикистон марзро ба рӯи шаҳрвандони якдигар боз карданд. Ҳоло сокинони ду кишвар бо шиносномаҳои хориҷӣ метавонанд, дар фурсати то 30 рӯз бидуни виза ба хоки якдигар ворид шаванд.

Равуои бидуни монеа ба қаламрави Тоҷикистону Узбекистон пеш аз ҳама ба онҳое муҳим буд, ки дар кишвари ҳамсоя хешутабор доранд. Инчунин, барои онҳое зарур аст, ки бо ҳадафи кор, мисли тиҷорат ва ё муроҷиат ба баъзе сафоратҳо, бояд ба кишвари ҳамсоя раванд.

Низоми виза ё раводид миёни Тошканду Душанбе соли 2000-ум ва бо ташаббуси Ислом Каримов, президенти собиқи Узбекистон, ҷорӣ шуд. Он замон Тошканд гуфта буд, ки бо нигаронӣ аз таҳдидҳои амниятӣ баста шудани марзро зарур мешуморад.

"Мусофирон ҳеч мушкил нахоҳанд дошт"

Он сокинони Тоҷикистону Узбекистон, ки бо боз шудани марз дар як ҳафтаи охир барои таҷлили Наврӯз ва дидори азизонашон ба сарҳад шитофтанд, аз тӯлонӣ будани навбат ва зиёд будани хосторони убури марз нороҳатӣ мекунанд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 22-юми март гуфт, зимни убур аз марз барои мусофирони автобусҳо ҳеч мушкил эҷод нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, “автобус вориди нуқтаи гузаргоҳи марзӣ шуда, мусофирон берун меоянд. Онҳо аз қайди марзбонҳо ва масъулони назорати гумрукӣ мегузаранд. Сипас, дубора вориди автобус шуда, сафари худро идома хоҳанд дод”.

"Хуб мешуд, ки..."

Таҳлилгари тоҷик Неъматулло Мирсаидов гуфт, дар даврони Шӯравии собиқ ҳаракати автобусҳо миёни ду ҷумҳурӣ вуҷуд дошт ва роҳандози дубораи он орзуи беш аз даҳсолаи сокинон буд.

Неъматулло Мирсаидов
Неъматулло Мирсаидов

"Хуб мешуд, ду кишвар масъалаи ситонидани боҷ ба ном экологиро аз байн бибаранд, то автобусҳо бидуни пардохти изофӣ аз марз гузаранд. Мутмаинам, ки роҳандозии ҳаракати автобусҳо ба зиёд шудани теъдоди сайёҳон дар ду кишвар мусоидат карда, буҷети давлатиро ғанӣ месозад. Инчунин, тиҷорат миёни Тоҷикистону Узбекистон низ бештар хоҳад шуд", - шарҳ дод Мирсаидов.

Дар мулоқоти рӯзи 9-уми март дар Душанбе раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон инчунин тавофуқ карда буданд, ки дар канори парвози ҳавопаймо миёни пойтахтҳои ду кишвар, парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба Самарқанду Бухоро роҳандозӣ хоҳад шуд.

Эмбрайерҳо барои парвоз ба Узбекистон?

Дар ширкати “Сомон Эйр” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан масъулони ин ширкат барои харидории 8 ҳавопаймои Embraer Е-190 Е2 музокирот доранд. Ин навъи ҳавопаймо камхарҷ аст ва барои интиқоли мусофирон дар масирҳои минтақавӣ бештар мусоид мебошад.

Вале ҳанӯз ҷонибҳо парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои ду кишварро шурӯъ накардаанд. Аз соли 2017 ба ин тараф танҳо як хатсайри ҳавоӣ Тошканду Душанберо пайваст мекунад.

XS
SM
MD
LG