Ҳудуди 250 соҳибкори тоҷик барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои иқтисодии миёни Тоҷикистону Узбекистон ба Тошканд рафтаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, интизор меравад, дар ин ҷаласа ба маблағи беш аз 200 миллион доллар қарордоди ҳамкорӣ имзо шавад.
- Ба иттилои мақомот, аз Тоҷикистон дар ҷаласаи шӯро дар баробари соҳибкорон, кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Палатаи савдо, Вазорати корҳои хориҷа, Кумитаи сайёҳӣ ва Вазорати маориф иштирок мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар баробари семент метавонад ба Узбекистон регу шағал низ содирот кунад.
Насим Раҷабов, ёвари мудири кулли ширкати "Ғаюр-семент"-ро рӯзи 15-уми август тавассути телефони мобилӣ дар роҳи сафар ба Узбекистон пайдо кардем. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳи масъулони ин ширкат дар ҷаласаи соҳибкорони ду кишвар иштирок карда, сипас, аз меҳмонҳои намоишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон мешаванд. Раҷабов гуфт, онҳо қасд доранд дар Узбекистон як корхонаи тавлиди семент бисозанд.
“Қарор аст, бо мақомоти баландпоя ва маҳаллӣ дар Узбекистон мулоқот карда, ҷузъиёти тарҳи сохтмони корхонаро баррасӣ кунем. Ҳамроҳи мо шариконамон аз Узбекистон мешаванд. Танҳо пас аз анҷоми мулоқот дар Узбекистон ва бозгашт ба ватан метавонем ҷузъиёти ин тарҳ, аз ҷумла, маҳалли сохтмону иқтидорашро дақиқ эълон кунем”, - афзуд ӯ.
Бино ба омори расмӣ, танҳо дар семоҳаи аввали имсол Тоҷикистон ба Узбекистон 322 ҳазор тонна семент содирот кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 16 баробар бештар мебошад. Ба Афғонистон дар ин муддат 131 ва ба Қирғизистон 19 ҳазор тонна семент содир шудааст. Коршиносон ниёзи Узбекистон ба сементро дар як сол ҳудуди 5 миллион тонна ҳисоб кардаанд.
Коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, ин кишвар тавони дар як сол истеҳсол кардани то 17 миллион тонна сементро дорад, ки баъдан ба Узбекистону Афғонистон ва Қирғизистону Туркманистон содирот шавад. Аммо барои расидан ба ин ҳадаф бояд корхонаҳои нави тавлиди семент бунёд карда шаванд.
Навори видеоӣ дар инҷост:
Тошканду Душанбе дар чӣ бахшҳо ҳамкории бештар кунанд?
Абдуғанӣ Мамадазимов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бо фароҳам омадани имкониятҳои васеи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон ин ду кишвар метавонанд дар соҳаҳои дигари истеҳсолот низ ҳамкориҳои густарда ба роҳ монанд.
Ӯ гуфт, як бахши ояндадор туризм ва сайёҳӣ мебошад: “Дар солҳои гузашта дар Узбекистон сайёҳии таърихӣ рушд карда буд. Аммо ба далели гармӣ сайёҳии тафреҳӣ чандон пешрафт накард. Тоҷикистону Узбекистон имкон доранд дар ин замина ҳамкории хубе дошта бошанд. Заршӯӣ ва иктишофи маъдан метавонад барои ҳар ду кишвар фоидаовар бошад, зеро Узбекистон дар ин замина таҷрибаи ғанӣ дорад. Гузашта аз ин, тавлиди маҳсулот аз алюминий, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад, самти дигари ҳамкориҳо аст. Селексияи тухми пахта ва пиллапарварӣ низ метавонад барои Тоҷикистон фоидаовар бошад, зеро дар солҳои охир Тоҷикистон дар ин замина аз Узбекистон қафо мондааст”.
Регу шағал аз Тоҷикистон ба Узбекистон?
Коршиносон мегӯянд, дар канори содироти сементи Тоҷикистон ба Узбекистон, имкон дорад ба ин кишвар маҳсулоти дигари сохтмонӣ, назири рег ва шағал низ содирот шавад. Зеро бештаре аз қаламрави кишвари ҳамсоя аз водиҳо иборат буда, дар солҳои Шӯравӣ аз Тоҷикистон то ба Русия регу шағал содирот мешуд.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, интизор меравад, дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ҳамкории соҳибкорони тоҷику узбек дар Тошканд ба маблағи беш аз 200 миллион доллар қарордод имзо шаванд. Баъд аз анҷоми кори ин Шӯро, қарор аст, дар пойтахти Узбекистон намоишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон доир карда шавад.
Намоишгоҳ ҳамаро дар ҳайрат хоҳад гузошт?
Ҳарчанд мақомоти тоҷик аз омодагиҳо ба ин намоишгоҳ хабар медиҳанд, ҷузъиёти онро ифшо намекунанд. Як нафар аз дастандаркорони баргузории намоишгоҳ аз шаҳри Тошканд ба Радиои Озодӣ бо шарти ифшо нашудани исмаш гуфт, “ин намоишгоҳ на танҳо сокинони оддӣ, балки ду раиси ҷумҳури Тоҷикистону Узбекистонро дар ҳайрат хоҳад гузошт”.
Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – субҳи 17-уми август бо сафари ҷавобии давлатӣ ба Узбекистон меравад. Ин нахустин сафари давлатии президент Раҳмон дар 20 соли охир ба Узбекистон хоҳад буд.
Муносибатҳои Душанбеву Тошканд пас аз фавти раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон Ислом Каримов ва ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев беҳтар шуд. Дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар 9-уми марти имсол миёни ду кишвар 27 созишнома имзо шуд, ки шароити бидуни виза сафар кардани шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави ҳамдигар то сӣ рӯз яке аз онҳо мебошад.
Интизор меравад, бо имзои як созишнома масоили баҳсҳои марзӣ дар миёни Тоҷикистону Узбекистон ниҳоӣ шавад
Узбекистону Молдова - дар як қатор
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Узбекистон ба маблағи 117 миллион доллар доду гирифт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст. Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 66 миллион доллар маҳсулот содирот карда, аз ин кишвар ба маблағи 51 миллион доллар коло ворид намудааст.
Ба ин тартиб, Узбекистон баъд аз Молдова дувумин кишварест, ки тиҷораташ бо Тоҷикистон ба фоидаи Душанбе ҷамъбаст шудааст. Ҳамакнун президентҳои ду кишвар дар Тошканд қасд доранд, созишномаи шарикии стратегиро имзо кунанд. Ҳамчунин, интизор меравад, бо имзои як созишномаи дигар масоили баҳсҳои марзӣ дар миёни ду кишвар ниҳоӣ бишавад.