Хабарнигор Муҳаммадюсуф Исмоилов аз ноҳияи Ашт, ки дар соли 2013 барои тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуд, умедвор аст, ки ӯ ҳам дар қатори ҳазорҳо зиндонии дигар афв шуда, ба озодӣ мебарояд. Дар ин бора рӯзи 13 ноябр ба Радиои Озодӣ ҳамсари ӯ Маҳтоббӣ Абдуллоева хабар дод. Ин зан, ки баъди зиндонӣ шудани ҳамсараш ду фарзанди 1,8 ва 4-солаашонро танҳо бузург мекунад, мегӯяд, рӯҳияи шавҳараш дар зиндон коставу афсурда шудааст.
«Вай пайваста такрор мекунад, ки ҳамаи иттиҳомоти зидди ӯ як тӯҳмат аст. Вай аз ин ҳодиса хеле пушаймон аст ва мегӯяд, ки хатои хеле азиме дар нисбати сарнавишти худ ва хонаводааш кардааст,» - гуфт Маҳтоббӣ Абдуллоева. Вале бо ин вуҷуд, Исмоилов умедвор аст, ки ӯро ҳам афв мекунанд ва вай ба назди хонаводааш бармегардад. Маҳтоббӣ Абдуллоева мегӯяд, бино ба иттилои ӯ, барои зиндониҳои Хуҷанд, ки якеашон ҳамсари ӯ мебошад, чандон кору машғулияте фароҳам нест ва тамоми рӯз онҳо «рӯ ба раҳми Худо» зиндагиро пеш мебаранд.
Баъди зиндонӣ шудани ҳамсар хонум Абдуллоева ҳамроҳ бо фарзандони кӯчакаш барои як муддат ба назди модари худ ба шаҳри Кӯлоб рафт ва дар давоми ин якуним сол талош кард, аз нӯги сӯзани гулдӯзӣ нони фарзандонашро пайдо кунад. Дар баробари ин, ҳамсояву хешу наздикон ҳам ба ин хонавода дасти кӯмак дароз мекунанд. Маҳтоббӣ Абдуллоева мегӯяд, ки соле ду бор ҳаққи дидор бо шавҳари зиндониашро дорад ва аз рӯи маълумоти вай, кӯмаки хурде, ки аз рӯи тавонаш ба ҳамсараш мебарад, ба таври пурра ба дасти ӯ намерасад.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ умедвории Исмоиловро ба афв раҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ҳам тасдиқ кард. Вай гуфт, аз рӯи машварати ҳуқуқии вакили дифои Исмоилов, ҳоло, ки ӯ бори дуюм зиндонӣ шудааст, танҳо ҳақ дорад ба афви шартӣ дар шакли қисман кам кардани мӯҳлати ҳукмаш умед бандад. Тасмим дар ин замина ба дасти мақомот аст, - таъкид кард ӯ. Айни замон, ба гуфтаи Қаршибоев, Исмоилов ба унвони як шахси бемори дараҷаи 2, ки ҳамчунин аз дарди аъсоб ранҷ мебарад, дар сурати анҷоми як санҷиши бетараф, шояд ҳақ хоҳад дошт, ки ҳатто пурра аз зиндон озод шавад.
Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзи 24 июни соли 2013 аз ҷониби пулиси ноҳияи Ашт бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” боздошт шуд. Тафтишот гуфт, ки ин журналист ба як хонуме таҳдид кардааст, ки агар ҳаққи хомӯшии ӯро напардозад, гӯё кадом маълумоти маҳрамонаеро дар борааш фош мекунад. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ пул боздошт шуд. Додгоҳи саёҳри ноҳияи Мастчоҳ Исмоиловро ба 11 соли зиндон маҳкум кард, ки созмонҳои ҳомии озодии матбуот як ҳукми беҳад сангин барои «тамаъҷӯӣ» ба маблағи ҳамагӣ 400 сомонӣ унвонаш карданд.
Ин дуюмин мавриди ба зиндон афтодани журналист буд. Соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи "Ашт валангор мегардад" дар ҳаққи мақомоти маҳалии ноҳияи Ашт бо парвандаи "тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» боздошт карда, муддати 11 моҳ дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ доштанд. Ин қазия ҳамла аб озодии баён унвон шуд ва бо талоши созмонҳои журналистӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ журналист озод шуд. Вале баъди ҳамагӣ ду сол Муҳаммадюсуф Исмоилов дубора ба чанги мақомот уфтод ва ин бор бо ититҳоми «тамаъҷӯӣ». Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки ин «хабарнигори ҳаваскор бозичаи дасти гурӯҳҳои муайян шуд, ки барои амалишавии ҳадафҳои худ ӯро истифода карда, дар ҳолати сангин, аз ӯ фосила гирифтанд.» Худи Исмоилов боздошт ва ҳукми дувуми зиндонашро ҳам идомаи интиқоми мақомоти маҳаллӣ аз фошгӯиҳояш дар матбуоти марказӣ меномад.