Додгоҳи вилояти Суғд дар Хуҷанд рӯзи 27 ноябр аризаи шикоятии рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоиловро бетағйир гузошт. Ба ин тартиб, ҳукми додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ, ки нисбати рӯзноманигоре аз ноҳияи Ашт Муҳаммадюсуф Исмоилов 11 соли зиндонро раво дида буд, дубора тасдиқ шуд.
Садриддин Саидов, вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ" рӯзи 27-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз Додгоҳи вилояти Суғд аризаи шикоятии онҳоро баррасӣ намуда ҳукми додгоҳи сайёри Мастчоҳро дар нисбати зерҳимояаш бетағйир гузошт.
Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28 октябр дар ноҳияи Ашт рӯзноманигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба 11 соли зиндон маҳкум кард
Парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 250 қисми 2 (тамаъҷӯӣ) ва 247 қисми 2 (қаллобӣ) ба додгоҳи ноҳияи Ашт дар таърихи 23-юми сентябр ирсол шуда буд.
Вакили дифоъ Садриддин Саидов гуфт, ки бо ин муборизаи онҳо барои бозбинӣ шудани ҳукми журналист хотима намеёбад ва онҳо ният доранд, ба додгоҳи зинаи болоӣ - Додгоҳи назоратии вилояти Суғд шиоят кунанд.
Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳоло 53 сол дорад. Вай соли 2010 бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир боздошт шуда, баъдан, бо қарори суд, баъди қариб як соли боздошт озод шуда буд. Ду соли ахир Муҳаммадюсуф Исмоилов асосан бо фурӯши рӯзномаҳо машғул буд ва чанд матлаби ахираш дар рӯзномаи "ИмрӯзNews" нашр шуданд. Муҳаммадюсуф Исмоилов 24-уми июн дар пайи шикояти як зан бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуда буд.