Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифоъ: "М.Исмоилов аз ҳукми додгоҳ афсурда аст"


Муҳаммадюсуф Исмоилов.
Муҳаммадюсуф Исмоилов.

Вакилони дифои рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов дар муқобили ҳукми додгоҳи сайёри Мастчоҳ алайҳи зерҳимояашон, аризаи шикоятӣ пешниҳод кардаанд.

Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28-уми октябр дар ноҳияи Ашт рӯзноманигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба 11 соли зиндон маҳкум кард.

Садриддин Саидов, вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ" рӯзи 11-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар муқобили ҳукми додгоҳи сайёри Мастчоҳ дар нисбати зерҳимояаш, аризаи шикоятӣ пешниҳод кардааст. Садриддин Саидов гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ҳатман ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, «додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ аризаи моро сабт карда, онро барои баррасӣ ба додгоҳи вилояти Суғд ирсол медорад ва мо феълан мунтазир ҳастем, ки додгоҳи вилоятӣ дар нисбати ҳукми ноодилонаи додраси ноҳияи Мастчоҳ чӣ хулоса хоҳад кард.»

Ҷаноби Саидов афзуд, ки бо зерҳимояаш рӯзноманигор Исмоилов мулоқот доштааст ва ӯ аз 11 соле, ки маҳкумаш кардаанд, хеле афсурда шудааст, вале ваҷҳҳое, ки мо дар аризаи шикоятӣ пеш овардаем, бояд ҳукмро тағйир диҳад.

Дар таърихи 23-юми сентябр парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов ба додгоҳи вилояти Суғд ирсол шуда буд. Додгоҳи вилояти Суғд, дар навбати худ, баррасии парвандаи Исмоиловро бар ӯҳдаи додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ вогузошт.

Тибқи қонун, судяе, ки барои ба ҳабс гирифтани гумонбаршаванда санксия медиҳад, дигар ҳуқуқ надорад, баъди ҷамъбасти парванда онро баррасӣ кунад. Бинобар ин парванда ба додгоҳи Мастчоҳ дода шуд. Парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 250 қисми 2 (тамаъҷӯӣ) ва 247 қисми 2 (қаллобӣ) ба додгоҳи ноҳияи Ашт дар таърихи 23-юми сентябр ирсол шуда буд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳоло 53 сол дорад. Вай соли 2010 бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир боздошт шуда, баъдан, бо қарори суд, баъди қариб як соли ҳабс, озод шуда буд. Ду соли ахир Муҳаммадюсуф Исмоилов, асосан, ба фурӯши рӯзномаҳо машғул буд ва чанд матлаби ахираш дар рӯзномаи "ИмрӯзNews" нашр шуданд. Муҳаммадюсуф Исмоилов 24-уми июн дар пайи шикояти як зан бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуда буд.

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳукми 11 солаи Додгоҳ дар нисбати рузноманигор Исмоиловро "беш аз ҳад" хонда, онро маҳкум намуданд.
XS
SM
MD
LG