Садриддин Саидов, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов - рӯзноманигори маҳаллӣ рӯзи 28 май гуфт, ки ҳайат оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи Олӣ дар пайи шикояти вай ҳукм нисбат ба Исмоиловро “ғайриқонунӣ” дониста, аз раёсати додгоҳи вилояти Суғд хост ҷазои ҳабси вай камтар карда шавад. Вале дар посух раёсати додгоҳи вилояти Суғд ин пешниҳоди Додгоҳи Олиро “беасос” номид: “Раёсати додгоҳи вилоятӣ ҳукми ҳабси Исмоиловро бетағйир гузошт. Гарчанде ки Додгоҳи олӣ дар қарори худ онро “вазнин” номида, бозбинии парванда ва кам кардани муҳлати ҳасбро талаб карда буд.”
Садриддин Саидов, ки дар як маҳфили рӯзноманигорӣ дар Хуҷанд дар ин бора сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, ахиран қарори раёсати додгоҳи вилояти Суғдро дар ин бора дастрас кард ва ба он комилан розӣ нест: “Фикри ман аз аввал, аз додгоҳи зинаи аввал то ин дам, ки парвандаи Исмоилов баррасӣ мешавад, ин аст, ки тамаъҷӯӣ дар амалҳои Исмоилов исботи худро наёфтааст. Тибқи талаботи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, дар қарорҳои зинаҳои поёнии додгоҳӣ дар мавриди парвандаи Исмоилов ба ҳолати “тамаъҷӯӣ”-и вай баҳои ҳуқуқӣ дода нашудааст. Барои ҳамин талаби асосии мо сафед кардани Исмоилов аз гуноҳи “тамаъҷӯӣ” аст.”
Мақомоти додситонии ноҳияи Ашт моҳи июни соли гузашта баъди шикояти Санавбар Аҳадова, як зани маҳаллӣ, ки Исмоилов бо таҳдиди чопи мақолаи бадномкунанда аз вай каме пул гирифтан мехоҳад, зимни гирифтани ҳудуди 500 сомонӣ маблағ аз он хонум ба гумони “тамаъҷӯӣ” дастгир карда буданд. Вале Садриддин Саидов мегӯяд, зерҳимояаш он маблағро аз он хонум ҳамчун ёрии молӣ хоста ва ӯ ҳам ба ризояти худ додааст.
Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28-уми октябр дар ноҳияи Ашт рӯзноманигори маҳаллӣ - Муҳаммадюсуф Исмоиловро мутобиқи бандҳои 250, қисми 2-и ва 247- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “тамаъҷӯии такрорӣ“, “қаллобӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд” ва “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ” гунаҳкор эълон ва ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд.
Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳукми додгоҳ дар нисбати рӯзноманигор Исмоиловро "беш аз ҳад" хонда, онро маҳкум намуда буданд. Ҳамакнун маҳфилҳои рӯзноманигорӣ ва вакилони мудофеи Суғд радди тақозои Додгоҳи Олӣ ҷиҳати бозбинии парванда ва сабуктар кардани ҷазои Исмоилов аз сӯи раёсати додгоҳи вилояти Суғдро иқдоме “таассуфангез” меноманд.
Ҷӯра Юсуфӣ, сардабири нашрияи мустақили “Дам” дар Хуҷанд мегӯяд: “Ба он хотир, ки Муҳаммадюсуф солхӯрда аст ва кӯдаки хурд дорад, 11 сол ба ҳабс маҳкум кардани вай ҷазои бисёр вазнин аст. Дар ҳоле, ки додгоҳҳои кишвар бархеро барои аз худ кардани маблағҳои ҳангуфте чанд сол ҷазои ҳабс таъин мекунад, фиристодани як рӯзноманигор барои 11 сол ба паси панҷара аз рӯи инсоф нест. Ман умедворам Додгоҳи олӣ нисбат ба парвандаи Исмоилов бетараф нахоҳад буд ва сабук кардани ҳукми ӯро аз зинаи поёнии додгоҳ талаб хоҳад кард. Ва ин иқдом боис мегардад, ки минбаъд додгоҳҳои кишвар ҳамаро ба як чашм нигаранд.”
Ин дар ҳолест, ки мақомоти додгоҳи вилояти Суғд боре аз зинаҳои поёнии додгоҳӣ бозбинии парвандаеву сафед кардани шахси маҳкумшудаеро тақозо накардаанд. Ва маълумоти расмӣ баёнгари он аст, ки пурра сафед кардани шахсе дар фаъолияти чанд соли охири додгоҳҳои минтақа ҷой надоштааст.
Садриддин Саидов, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, талоши худро ҷиҳати бозбинии парвандаи Исмоилов ва “сафед кардани вай” идома хоҳад дод ва ин навбат аз қарори раёсати додгоҳи вилоятӣ ба зинаи ниҳоии додгоҳии кишвар - раёсати Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд.