Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти вакилони М.Исмоилов ба Додгоҳи олӣ


Вакилони дифои рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов аз болои ҳукми додгоҳи сайёри Мастчоҳ ва ҳамчунин додгоҳи вилояти Суғд, ба Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд.

Вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз болои ҳукми додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ, ки рӯзноманигорро ба 11 соли зиндон маҳкум кардаст ва ҳамчунин аз болои додгоҳи вилояти Суғд ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд.

Садриддин Саидов, вакили мудофеи рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ" рӯзи 16--уми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз ба Додгоҳи олӣ аризаи шикоятӣ ирсол дошта, тақозо кардааст, ки ҳукми додгоҳҳои зинаҳои поёнӣ мунсифона баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, вақте, ки додгоҳи Мастчоҳ рӯзноманигорро ба 11 сол маҳкум кард, онҳо ба додгоҳи вилоятӣ Суғд шикоят бурданд, аммо додгоҳи вилоятӣ ҳукми судро бетағйир гузошт ва аз ин рӯ ба зинаи олии додгоҳӣ шикоят бурдаанд.

Вакили мудофеъ мегӯяд, амалҳои ҷиноие, ки ба гардани Исмоилов -- як инсони солхӯрда гузошта шудааст, ба ин андоза нест, ки ӯро 11 сол аз озодӣ маҳрум кунанд ва додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ ноодилона рафтор карда ва Додгоҳи олӣ инро бояд ба эътибор гирад.

Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ дар моҳи октябри соли гузашта дар ноҳияи Ашт рӯзноманигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 250 қисми 2 (тамаъҷӯӣ) ва 247 қисми 2 (қаллобӣ) ба додгоҳи ноҳияи Ашт дар таърихи 23-юми сентябр ирсол шуда буд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳоло 54 сол дорад. Вай соли 2010 бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир боздошт шуда, баъдан, бо қарори суд, баъди қариб як соли боздошт озод шуда буд. Ду соли ахир Муҳаммадюсуф Исмоилов асосан бо фурӯши рӯзномаҳо машғул буд ва чанд матлаби ахираш дар рӯзномаи "ИмрӯзNews" нашр шуданд. Муҳаммадюсуф Исмоилов 24-уми июн дар пайи шикояти як зан бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуда буд.
XS
SM
MD
LG