Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коллеҷи милиса дар Кӯлоб барои ятимон (ВИДЕО)


Барои нухстин бор дар дар шаҳри Кӯлоб коллеҷи милиса ва полки низомии 3-40-83-и вазорати умури дохила таъсис ёфт, ки донишҷӯёну хизматчиҳояш асосан ятимон хоҳанд буд.

Таъсиси коллеҷи милиса ва полки низомии 3-40-83 дар Кӯлоб бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Тафовути коллеҷи милисаи Кӯлоб аз коллеҷҳои ҳамнавъ дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дар он аст, ки бештар ятимони куллро ба таҳсил фаро хоҳад гирифт. Дар баробари ин, аз полки низомӣ барои таҳсил дар коллеҷ ҷавононе ҷалб хоҳанд шуд, ки аз хизмати ҳарбӣ гузаштаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27 январ дар маросими ифтитоҳи бинои коллеҷи милиса ва полки низомӣ дар Кӯлоб гуфт, ки ба ин ду муассиса бештар ҷавонони ятим ҷалб мешаванд, ки давлат онҳоро тарбия кардааст ва дар оянда аз онҳо хизмати содиқонаро интизор аст. Вазир гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси полки низомӣ, поён бурдани сатҳи ҷинояткорӣ дар ин минтақа аст.

«Боварӣ дорам курсантони ин коллеҷ бо дониши хубу аъло, рафтору муносибати намунавӣ ва меҳру садоқат ба ватан, ҳамзамон бо нерӯи созандаву бунёдкор таҳсил намуда, ҳамчун фарзандони вафодори ин сарзамин ба ватан баъди таҳсил хизмат хоҳанд кард”- гуфт Рамазон Раҳимзода.

Баъди таъсиси коллеҷ ва полки низомӣ дар Кӯлоб сар аз 28 январ сарбозони қисми низомӣ ҳамарӯза аз соати 17 то панҷи субҳ ҳамроҳ бо як ходими полис ба тартибу низом дар кӯчаҳо назорат мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ин иқдом барои пешгирии дуздиву роҳзанӣ ва шабгардии беҳудаи ҷавонон пешбинӣ шудааст.

«Ҷалби ятимони кулл ба таҳсил дар коллеҷи милиса ба маврид аст. Тасаввур кунед, ки онҳо меҳри ватанро гирифтаанд ва фидоии ватананд, падари онҳо ватан аст ва модарашон ҳам. Ибтикори назорати шабона бар шаҳр бисёр фикри хуб аст, махсусан, ки вақтҳои охир дуздӣ хело афзоиш ёфтааст, шояд ин ҳолат пеши роҳи дуздиву ҷинояткориро бигирад»- гуфт хабарнигори маҳаллӣ Билоли Шамс.

Мақомот мегӯянд, ки барои азнавсозии бинои коллеҷи милиса ва полки низомӣ 2 миллиону 450 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Ҳаким Раҳмонзода, полковники милиса ва роҳбари сохтмони коллеҷ ва полки низомӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, биноҳо бо шароити хеле хуб бунёд шудаанд ва таҳсилу хизмат дар онҳо аз 27 январ оғоз мешавад.

«Бинои коллеҷ бо ва полк дар сатҳи баланд сохта шуда, дар он ҳамом, ошхона ва бо дигар иншоотҳои инфрасохторӣ таъмин карда шуд. Дар оянда мақсад дорем, ки бинои қисми ҳарбии 35-03 таъмир карда ба истифода диҳем»,- гуфт Ҳаким Раҳмонзода.

Мардуми маҳаллӣ ҳам аз ҷалби ятимҳо барои таҳсил дар ин ду пойгоҳ истиқбол мекунанд. Ба гуфтаи сокинони Кӯлоб, ин тасмим сарнавишти ятимонро, ки баъди хориҷ шудан аз сағирахонаҳо тақрибан дар кӯча мемонанд, комилан дигар хоҳад кар.

Вазорати умури дохила ҳамчунин ният дорад, ки дар оянда дар паҳлӯи коллеҷи милиса, Академияи милисаро ҳам таъсис диҳад, то ҷавонони ятим баъди итмоми коллеҷ тавонанд таҳсили худро идома диҳанд. Бинобар маълумоти Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон, дар минтақаи Кӯлоб 376 ятими кулл сабт шудаанд, ки бузургтарини онҳо 23 сол доранд.

XS
SM
MD
LG