Ба нақли ин ду ҷуфт онҳо соле пеш бо ҳам ошно шудаву, аҳди ҳамхонагиро бастанд, аммо чун ҳарду аз хонаводаҳои камбизоат ва серфарзанданд ба ин зудӣ барпо шудани тӯи арӯсии худро орзу ҳам намекарданд. Сиёвуш мегӯяд, модарарӯсаш, ки дар кӯдакистон муррабия будааст, номи ӯву духтарашро дар феҳрасти вижаи ноҳия, номнавис кардаву барои дохил шудан ба рӯйхати «ҷуфтҳои хушбахт», ки бо дастгирии ҳукумат хонадор мешаванд, сабаб гардидааст.
Сиёвуш гуфт, «ман худ аз ноҳияи Ҳисор ва ҳамсарам аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аст. Имрӯз бо дастгирии ҳукумат тӯи мо баргузор шуда истодааст ва мо миннатдор аз он ҳастем, ки давлат нафаронро аз табақаҳои маълулу камбизоат ва ятим дастгирӣ мекунад.»
Ба ин тартиб, Сиёвушу Фирӯза, аз ҷумлаи 64 ҷуфте ҳастанд, ки маросими хонадоршавии онҳо панҷшанбеи рӯзи 27-уми июн ба муносибати таҷлил аз 16-умин солгарди имзои созишномаи сулҳ дар маҷмааи «Душанбе-Плаза» ба ибтикори шаҳрдорӣ ва бо ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.
Ду ҳафта қабл шаҳрдорӣ ба раисони 4 ноҳияи пойтахт дастур дода буд, ки бидуни сохтакорӣ, рӯйхати ҷавононро аз оилаҳои камбизоат, ки хонаводаҳояшон имконияти хонадор кардани онҳоро надоранд, пешниҳод намоянд. Дар навбати худ шаҳрдорӣ барои арӯсии ин 64 ҷуфт, беш аз 50 ҳазор доллар ихтисос дод.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ин маблағҳоро Раёсати молияи шаҳр аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи шаҳрдорӣ ҷудо карда, барои хариди сару либос, пояфзол ва гулдастаҳо масраф кардааст. Ҷаноби Саидов афзуд, «аз ҳар ноҳияи пойтахт маросими ақди никоҳи ин 16 ҷуфт навҷавонон аз оилаҳои ниёзманд, махсус дар Рӯзи Ваҳдат доир мешавад ва ба ҳар ҷуфт тӯфаҳои рамзиву 5 ҳазор сомонӣ тӯҳфа карда мешавад. Ҳамчунин дастурхонҳои идонаи базми навҷавонон дар 4 тарабхонаҳои шаҳр, «Роҳат», «Қанд», «Яккачинор» ва «Маскав» ҳар кадоме аз ноҳияҳо ҷуфтҳои худро истиқбол намуда, базм барпо мекунанд. Ва дар ин базм аз тарафи ҳар ду ҷуфтҳо 14 нафарӣ мемҳмонон даъват шудаанд.»
Ба гуфтаи Шавкат Саидов, соли гузашта ҳам бо ташаббуси шаҳрдорӣ дар Рӯзи Ваҳдат маросими арӯсии 60 ҷуфт аз хонаводаҳои эҳтиёҷманд сурат гирифта буд. Дар зимн, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни табрики навхонадорон гуфт, дар миёни ин ҷуфтҳо фарзандони баъзе аз волидайне, ки тариқи сомонаи президент бевосита барои баргузории туйи фарзандашон кӯмак хостаанд, низ иштирок доранд. Ҷаноби Раҳмон аз ҷумла гуфт, «шумо ки худ азоб кашидаед, мушкилоти зиёд боз дар ҳаёти якҷояии шумо дар пеш аст. Онҳоро низ бояд паси сар кунед. Барои ҳамин ҳам вақте соҳиби фарзанд шудед, бояд дар тарбия ва маълумотнок намудани онҳо кӯшиш кунед. То ки онҳо дар зиндагӣ хору зор нашаванд.»
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, дар тӯли чанд соли ахир бо дастгирии ҳукумати кишвар 80 ҳазор ҷавонон аз оилаҳои камбизот ва ниёзманд хонадор карда шудаанд.
Бо ин ҳама чунин ба назар мерасад, ки чанд соли ахир хонадор кардани фарзандон ба як мушкили умда табдил шудаву теъдоди зиёди мардум низ мехоҳанд бо даст додани имконият аз имтиёзҳои ҳукумат барои хонадор намудани фарзандонашон истифода бубаранд.
Аксари хонаводаҳо дар кишвар мегӯянд, бо вуҷуди қабули Қонун дар бораи танзими расму оин барои ҷуфт кардани фарзандони худ маблағҳои зиёдро масраф карда гоҳҳо зери қарзи миёншикан низ мемонанд. Ба гуфтаи онҳо ва иддае аз сокинон, ҳоли ҳозир оилаҳо дар Тоҷикистон барои баргузории тӯи арӯсиву домодӣ ба ҳисоби миёна аз 5 то 6 ҳазор доллар масраф мекунанд.
Аз ҷумла Зебо Маҳмуродова, як сокини пойтахт, ки моҳи пеш духтарашро хонадор кардааст, мегӯяд, танҳо барои харидории ҷиҳози тӯй, 1200 доллар ва барои зару зевараш беш аз 500 доллар сарф намудааст. Хонум Зебо гуфт, «барои гузаронидани чойгаштак ҳудуди 1000 доллар, барои харидории сару либоси арӯс беш аз ҳазор доллар ва дар маҷмӯ барои гузаронидани тӯи духтарам беш аз 5 ҳазор долар сарф кардем. Имрӯз ҳар падару модар мехоҳад, ки фарзандашро бо номи нек ба хонаи шавҳар гусел кунад. Ва ҳоло расм шудааст, ки духтарҳо бе рахти хоб, ва қолинҳои 200-300 доллар арзиш дошта тӯй кардан намехоҳанд. Онҳо мегӯянд, агар набарам дар назди хонаводаи домод забонкӯтоҳ мешавам. Ҳар волидайн низ ҳаракат мекунад, ки ҳамаи инро харидорӣ намояд.»
Ҳарчанд хонум Зебо мегӯяд, онҳо низ ҷонибдори он ҳастанд, ки тӯйҳо хоксорона ва бо даъвати ками меҳмонон сурат бигирад, аммо фарзандон ин рӯзи хушбахтиро намехоҳанд, ки ба таври маъмулӣ ва хоксорона таҷлил шавад.
Озода Раҳимова, як сокини дигари шаҳри Душанбе ҳам чанд моҳ пеш ба хона арӯс овардааст. Ӯ мегӯяд, ин маросими хурсандиро танҳо бо кӯмаки пайвандон тавонистааст, доир кунад. Ӯ аз ҷумла афзуд, «мо барои ин тӯи 12 ҳазор сомонӣ харҷ кардем ва бо он маоше, ки мо дорем, ҳаргиз бе кӯмаки хоҳару бародаронам фарзандамро тӯй кардан наметавонистам. Ҳар яки онҳо 500 ва 1000 сомонӣ ба мо ёрдам карданд ва шукри Худо мо бе гирифтани қарз писарамонро хонадор кардем.»
Аммо дар ҳамин ҳол Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, мушкили иҷтимоии хонаводаҳои тоҷик то ба он ҳадде нест, ки зарурати бо кӯмаки ҳукумат доир намудани маросими хатнасури кӯдакону наврасон ва тӯи арӯсии навхонадорон ба миён ояд. Ба андешаи ин таҳлилгар, бо он, ки чунин маросимҳои дастаҷамъӣ дар чанд соли ахир расм шудааст, бештар бо аҳдофи хосе сурат мегирад. Хилватшоҳи Маҳмуд гуфт, «ман фикр намекунам, ки хонаводаҳои тоҷик то ба он ҳадде фақиранд, ки наметавонанд маъракаҳои хонаводаияшонро баргузор кунанд. Ин ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдат, Истиқлол, Соли Нав, яъне дар санаҳои махсус ин гуна маъракаҳо ва сурҳоро баргузор мекунанд, бештар ба як чизи рамзӣ ва дар чорчӯби махсус ғунҷонидашуда, дарак медиҳад.»
Нозирони умур мегӯянд, бо вуҷуди он, ки дар ҳар як иқдоми ҳукумат, ба хусус маъракаи хатнасури кӯдакону наврасон ва хонадоркунии ҷавонон аҳдофе, ҳатто сиёсӣ ҳам нуҳуфта бошад ҳам, вале ин далолати он аст, ки таваҷҷӯҳ ба ин табақаи ҷомеа ва дар зимн ба маротиб коҳиш додани мизони камбизоатӣ дар кишвар аз сӯи давлат бештар мешавад.
Хоса оморҳои расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки дар ду соли ахир мизони камбизоатӣ коҳиш ёфта ва агар дар гузашта 53 дар сади ҷамъиятро ташкил медод, ҳамакнун ин рақам ба 38 дар сади ҷамъият расидааст. Зимнан, ба таъкиди президенти Тоҷикистон, имсол махсус барои кӯмак ба ятимон ва афроди бесаробон 180 миллион сомонӣ аз буҷаи кишвар ихтисос дода шудааст.