85 дар сади пиронсолони бесаробон дар Душанбе русҳо ҳастанд. Масъулони Маркази минтақавии кумак ба куҳансолону маъюбон дар пойтахти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар бисёри маврид онҳоро фарзандони худашон бехонумон мекунанд. Аввал маҷбур мекунанд, ки хонаро фурӯшанд ва баъдан пулро гирифта, барои ҳамеша ба Русия мераванд. Вале парастории пиронсолони бесаробони рус бар дӯши Тоҷикистон меафтад.
Инак, моҳи 11-ум аст, ки сафорати Русия ба доди ман намерасад. Чӣ гуна онҳо наметавонанд макони таваллуди маро муайян кунанд? Магар онҳо наметавонанд ба ман шиноснома ё ягон ҳуҷҷати дигар диҳанд, ки ба хонаи пиронсолон мунтақил шавам?Маргарита
Якуми октябр дар дунё ҳамчун рӯзи пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Барои бисёре аз пиронсолон ин рӯзи хушоянд нест. Махсусан, барои онҳое, ки баъди фиреби наздикон аз манзили зист маҳрум мондаанд.
Дар Тоҷикистон ба пиронсолони яккаву танҳо, бесаробон ва маъюб дар марказҳои махсуси иҷтимоӣ кумак мерасонанд. Яке аз чунин марказҳо дар Душанбе қарор дорад. Дар ин ҷо афроди куҳансол макони зист, се вақт хӯрок, либос, кумакҳои тиббиву ҳуқуқӣ дарёфт мекунанд. Ба онҳо инчунин барои таҳияи аснод барои интиқол ёфтан ба хона-интернатҳо ва ё шомил шудан ба клубҳои гуногуни пиронсолон ёрӣ мерасонанд.
Ҳоло дар Маркази минтақавии кумак ба куҳансолону маъюбон 25 нафар зиндагӣ мекунанд. Ҳар яке аз онҳо қиссаи талхи худро доранд. Дар ин ҷо ҳуҷҷатҳои онҳоро барқарор ё табобат карда, кӯшиш мекунанд, наздикони онҳоро пайдо кунанд, то онҳоро бо худ бигиранд.
«Тақрибан 85 дар сади бошандагони мо мардуми русзабон ҳастанд, ки албатта дар рушди Тоҷикистон саҳм гузоштаанд», - гуфт Муҳаббат Зарифова, раҳбари Маркази минтақавии кумак ба куҳансолону маъюбони шаҳри Душанбе ва афзуд, «дар ҳоли ҳозир фарзандони бисёрашон онҳоро партофта ба Русия рафтаанд ва намехоҳанд онҳоро бо худ бигиранд.»
Людмила Майдановаи бознишаста фарзанд надорад ва чанд сол қабл шавҳари ӯ вафот кард. Пиразани танҳо қурбони қаллобон шудааст. Ӯ ба гуфтаи касоне бовар кард, ки ваъда доданд, ӯро ба оилаи худ пазируфта ба Новосибирск мебаранд. Ба ӯ гуфтаанд, агар манзилашро дар Душанбе фурӯхта, пулро ба онҳо диҳад, аз ӯ муроқибат хоҳанд кард.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Майданова хонаашро фурӯхта, ба Русия рафтааст. Аммо дар Новосибирск пайвандони нав ба ӯ рӯи хуш надодаанд. Танҳо бо кумаки сафорати Тоҷикистон вай ба Ватан баргаштааст. «Дар ин ҷо се моҳ боз зиндагӣ дорам. Ҳуҷҷатҳои маро омода карданд. Акнун маро ба Панҷакент ба хона-интернати пиронсолон мебаранд»,- мегӯяд Людмила Майданова.
Қиссаи Маргарита, сокини Душанбе низ ба ин монанд аст. Соле қабл ин зани бознишаста шиносномаи Русияашро аз даст дод ва аз ҳуҷҷаташ дар хобгоҳ маҳрум монд. Ҳамкнун 11 моҳ боз дар Маркази кумак ба маъбони пойтахт зиндагӣ мекунад. Ҳарчанд аз рӯи қоида барҷомондагон дар ин ҷо танҳо то ним сол бояд ба сар баранд, то замоне ки ҳуҷҷатҳои онҳо омода шуда ба дигар хона-интернатҳо мунтақил шаванд, аммо Маргаритаро бидуни шиноснома ба интернат интиқол дода наметавонанд.
Сафорати Русия барои барқарор кардани шиносномаи ӯ шитоб намекунад, ҳарчанд борҳо ваъда дода буд, ин корро анҷом бидиҳад. «Инак, моҳи 11-ум аст, ки сафорати Русия ба доди ман намерасад», - гила дорад Маргарита. Вай афзуд, «чӣ гуна онҳо наметавонанд макони таваллуди маро муайян кунанд? Магар онҳо наметавонанд занг бизананд? Наметавонанд, ки ба ман шиноснома ва ё ягон ҳуҷҷати дигар бидиҳанд, ки ман ба хонаи пиронсолон мунтақил шавам?»
Ба ҷуз аз 25 бошанда боз ҳудуди 80 бознишаставу маъюб ба ин марказ меоянд. Онҳо ба фарқ аз Людмила ва Маргарита дар пойтахти Тоҷикистон манзили худро доранд. Аммо ба танҳоӣ аз худ муроқибат карда наметавонанд.
Набӣ Ҳомидов ба хотири ғизо хӯрдан ё шустушӯи либос ба ин марказ меояд. Ӯ низ бо пайвандони хеш мушкил дорад. «Писари ман ба завҷаам гуфтааст, ки агар ба ман хӯрок диҳад ӯро низ аз хона меронад. Маро ду-се дафъа латту кӯб кард, то ки аз хона баромада равам», - қисса кард ин пирамард.
Клуби бофандагӣ ва муошират ба маъюбон ва афроди куҳансол имкон медиҳад, ки худро ба коре машғул сохта, бо якдигар рози дил кунанд. Духтурҳо онҳоро табобат мекунанд. «Дар мо бунгоҳи тиббӣ вуҷуд дорад, ки бо ҳама гуна дорувор ва таҷҳизоти ЭКГ таъмин аст», - мегӯяд Муҳаббат Зарифова. «Дар ҳолати зарурат электрокардиограммаро гирифта, барои машварат ба духтурони дигар мефиристем», - гуфт ӯ.
Дар ин марказ ба куҳансолон, инчунин, равоншиносону ҳуқуқшиносон кумак мекунанд.