Раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ваё СПАД, рӯзи душанбеи 26 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург, ҳамгироии Русия, Туркия ва Эрон барои барқарории сулҳ ва оташбас дар Сурия аз роҳҳои сиёсиро баррасӣ карданд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ҳамоиши сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 26 декабр дар Санкт-Петербург баргузор шуд, ҳамтоёни худро аз иқдоми ин кишвар ва Эрону Туркия барои барқарории сулҳи фарогир ва оташбас дар Сурия, огоҳ кардааст.
Дар ин бораи дабири куллии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ба хабаргузориҳои русӣ иттилоъ додааст. Николай Бордюжа гуфтааст, ки раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вазъ дар Сурияро баррасӣ ва паҳлӯҳои онро таҳлил намуданд.
Таваҷҷуҳ ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
Ба гуфтаи Николай Бордюжа, сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунин таҳдидҳои мавҷуд ва роҳҳои муштараки аз байн бурдани онҳоро баррасӣ карданд. Аз ҷумла дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои узви СПАД, роҳҳои кӯмак ба Тоҷикистон барои таъмини амният минтақаҳои марзӣ бо Афғонистон, баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои узви СПАД хост, ки ба масъалаи муҳим будани ҳифзи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон таваҷҷуҳ дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ аз кишварҳои узви СПАД хостааст, ки ба масъалаи муҳим будани ҳифзи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон низ аҳамият диҳанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, ҳифзи ин марз “тадбири муҳим дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ” аст.
Остона мизбони гуфтугӯҳои сулҳи Сурия мешавад
Дар ҳамин ҳол, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи душанбеи 26 декабр эълон кард, ки ин кишвар пешниҳоди Русия барои мизбонии гуфтугӯҳои сулҳ байни ҳукумат ва мухолифони Башор Асадро пазируфтаст. Нурсултон Назарбоев пас аз мулоқот бо Владимир Путин дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки "кишвараш омодаи истиқбол аз тамомии тарафҳо барои анҷоми музокирот дар шаҳри Остона аст."
Дар мавриди музокироти Остона, президенти Қазоқистон ҳамчунин эълом кардааст, ки бо раисони ҷумҳури Эрон ва Туркия низ гуфтугӯҳое доштааст. Русия, Эрон ва Туркия чанд рӯз пеш дар нишасти сеҷониба дар мавриди бӯҳрони Сурия дар Маскав ширкат карданд.
Дар поёни ин нишаст, ин се кишвар бар азми худ барои "мубориза бо терроризм" ва талош барои "ҳалли сиёсии бӯҳрони Сурия" таъкид карданд. Пас аз ин дидор, Ҷон Кирбӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки агар ин нишаст таъсироти мусбат бар вазъияти Сурия дошта бошад, Вашингтон аз он истиқобол мекунад.
Иқдоми Маскав, Теҳрон ва Анқара барои сулҳ дар Сурия
Ба гузориши хабаргузориҳо, Владимир Путин ҳафтаи гузашта гуфта буд, Русия, Эрон ва Туркия ба ҳамроҳи Башор Асад, президенти Сурия мувофиқат кардаанд, "Қазоқистони бетараф" метавонад ҷои муносибе барои баргузории музокироти сулҳ бошад, то дар ҷараёни он, роҳи ҳалле барои поёни ҷанги дохилии Сурия пайдо шавад.
Хабаргузориҳои давлатии Эрон ҳам хабар додаанд, ки Владимир Путин ва Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 24 декабр барои савумин бор дар як моҳи ахир гуфтугӯи телефонӣ доштанд ва "бӯҳрони Сурия " меҳвари гуфтугӯи онҳо будаааст.
Дар ҷанги шашсолаи Сурия, Теҳрон ва Маска аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят кардаанд. Аз ҷумла дар як соли гузашта, Русия бо ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи мухолифони ҳукумати Сурия, роҳро барои амалиёти заминии артиши Сурия, ба вижа дар Ҳалаб ҳамвор кардааст. Эрон ҳам аз ҷумлаи пуштибонҳои ҳукумати Башор Асад ба шумор меравад ва дар як соли ахир аз кушта шудани беш аз як ҳазор нерӯи худ дар Сурия хабар дод.
Мухолифони Асад ба Остона меоянд?
Бо вуҷуди сару садоҳо дар мавриди мизбонии Остона аз гуфтугӯҳои сулҳ, то ба ҳол маълум нест, ки мухолифони Башор Асад бо ширкат дар ин гуфтугӯҳо розӣ ҳастанд ё на. Аз тарафи дигар, ба гузориши хабаргузории "Интерфакс"-и Русия, Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷии
Русия ва намояндаи Путин дар умури Сурия рӯзи душанбе гуфт, ки Вашингтон аз тариқи маркази ҳамоҳангии Русия, Сурия, Ироқ ва Эрон, бо Маскав дар мавриди Сурия тамос дорад.
Талошҳои барои баргузории "музокироти Остона" дар ҳоле аст, ки Стаффан де Мистура, фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия аз барномарезӣ барои азсаргирии музокироти сулҳи Сурия дар Женева дар як моҳи оянда хабар додааст.
Таърихчаи СПАД
Ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 26 декабр дар Санкт-Петербург баргузор шуд. Дар ин ҷаласа раиси ҷумҳури Русия, раҳбарони Арманистону Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистон иштирок карданд.
СПАД бар пояи Созишномаи амнияти дастҷамъии 15 майи соли 1992, ки аз сӯи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзо шуда буд, таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмонанд. Узбакистон аз июни соли 2012 узвияти худро дар ин созмон қатъ кардааст.