Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Душанбе бо раҳбари Толибон мулоқот кардааст?


Нашрияи “The Sunday Times” дар бораи як мулоқоти махфии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбари Толибон Мулло Мансур хабар дод.

Нашрияи бритониёии “The Sunday Times” дар шумораи рӯзи 27 декабраш аз қавли як фармондеҳи ҷангии Толибон дар бораи як мулоқоти махфии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбари кунунии ҷунбиши Толибони Афғонистон Мулло Ахтар Мансур хабар додааст. Манбаи нашрия, ки номаш нашр шудааст, гуфтааст, Путин ва Мулло Мансур роҳҳои пуштибонии эҳтимолии Русия аз чирикиҳои Толибонро баҳс кардаанд. Ба иддаои ин манбаъ, дидори онҳо нисфишаб сари хӯроки шом дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон доир шудааст. Ӯ ҳамчунин ба “The Sunday Times” гуфтааст, ки Толибон қабл аз пешрафтҳояш дар вилояти ҷанубии Ҳилманд аз сӯи Русия ваъдаи ёриҳои моливу таслиҳотӣ гирифтааст.

Вале як сухангӯи Кремл ба “The Sunday Times” гуфтааст, ки ин хабар асос надорад.

Тасдиқи иддаоҳои омада дар гузориши нави “The Sunday Times” аз сӯи манобеи дигар имкон надорад, вале Владимир Путин рӯзҳои 15-16 моҳи сентябри соли 2015 ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Душанбе қарор дошт.

Дар ҳамин ҳол, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов рӯзи 28 декабр дар як сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки “дар миёни Толибон як гурӯҳ толибҳои ба истилоҳ нармтар ҳастанд, ки мехоҳанд бо Русия гуфтушунид кунанд. Бо миёнаравии чанде аз давлатҳо баъзе гуфтушунидҳо сурат гирифтанд, аммо то ҳол ягон натиҷаи мушаххас ба даст наомадааст.” Фролов дар ин маврид аз кадом давлати мушаххас ном набурд ва хабарҳо дар бораи мулоқоти мустақими Путин бо Мулло Мансурро ҳам шарҳ надод.

Вале як мақоми истихборотии Афғонистон, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ аз ифшои номаш худдорӣ кард, хабари дидори Толибон бо як мақоми русиро тасдиқ мекунад. Ин мақом бар асоси маълумоти иктишофӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як узви Шӯрои Кветта (мақоми олии раҳбарии Толибон), ки ба гумони ағлаб шояд Мулло Мансур ҳам бошад, бо як мақоми муҳими русӣ дидор доштааст. Вале ин мансабдори афғон гуфтааст, маълум нест, ки ин мақоми Русия дақиқан кӣ буд?

Мулло Мансур
Мулло Мансур

Аммо ҳам Кремл ва ҳам Толибон хабари мулоқоти Путин ва Мулло Мансурро рад мекунанд. Толибон бо нашри як эъломия гуфт, бо кишварҳои мухталифи минтақа тамос доранд, вале дар мубориза алайҳи созмони “Давлати исломӣ” аз касе кӯмак нахостааст. Толибон мегӯяд, барои муқобила бо ин гурӯҳи рақибаш ба ёрӣ ниёз надорад ва дар ин замина бо ягон тараф сӯҳбат ҳам накардааст.

Ва аммо Александр Мантепский, сафири Русия дар Афғонистон рӯзи 27 декабр дар мулоқот бо муовини сиёсии вазири хориҷаи Афғонистон дар Кобул майли Маскав барои ҳамкорӣ бо Толибон барои мубориза бо “Давлати исломӣ”-ро тасдиқ кард. Вазорати хориҷаи Афғонистон мегӯяд, сафири Русия барои тавзеҳи тамосҳои кишвараш бо Толибон ба ҳузури муовини вазир даъват шуда буд. Мантепский, тавре дар иттилоияи вазорат омадааст, гуфтааст, ки Русия ба хотири пайдо кардани як роҳи ҳалли ҷанги Афғонистон бо Толибон тамос гирифтааст.

Гуфтугузорҳо дар бораи музокираҳои Русия бо Толибон ҳафтаи гузашта дар пайи як мусоҳибаи пурсарусадои хабаргузории Интерфакс бо фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов баланд шуд. Кобулов гуфт, манфиати кишвараш ва Толибон дар мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муштарак аст ва дар ин замина бо Толибон машғули мубодилаи маълумот мебошанд.

Ба қавли ин дипломати аршади рус, ҳам Толибони Покистон ва ҳам Толибони Афғонистон хилофати Абӯбакри Бағдодиро, ки худро “халифаи мусулмонон” эълон карда ва давлати худхондаашро дар бахшҳое аз Ироқ ва Сурия ташкил додааст, қабул надоранд. Замир Кобулов ҳамзамон гуфтааст, ки кишвараш омода аст барои ҳукумат дар Кобул муҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти низомӣ бидиҳад, аммо ин корро боэҳтиёт ва ба таври тиҷоратӣ анҷом хоҳад дод.

Рӯзи 26 декабр вакилони парлумони Афғонистон тамосҳои Русия бо Толибонро аз як сӯи мудохилаи он кишвар дар умури Афғонистон ва аз сӯи дигар оғоз як ҷанги густурда миёни қудратҳои ҷаҳонӣ дар ин кишвар хонданд.

Зимнан ҳамин нашрияи “The Sunday Times” дар моҳи ноябр пеш низ бо такя ба манобеаш дар раҳбарии ҷунбиши Толибон дар Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор дар бораи баргузории як музокироти махфии Русия бо намояндагони Толибон дар шаҳри Душанбе хабар дода буд. Он вақт манобеи расмии чӣ Тоҷикистон ва чӣ сафорати Русия дар Душанбе ин хабарро тасдиқ ё инкор накарданд, вале гуфтанд, агар ин дидор сиррӣ сурат гирифта бошад, табиист, ки аз тариқи каналҳои дипломатӣ иттилое дар ин маврид пахш нашудааст. Аммо дар он гузориши моҳе пеш ҳанӯз исми Владимир Путин ва Мулло Мансур гуфта намешуд.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90 ба вуҷуд омада, соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар як соли пеш ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.

Ҷангҷӯёни Толибон дар моҳи сентябр барои чанд рӯз шаҳри муҳими Қундузро ба даст оварда, ҳоло чанд вулусволӣ дар вилояти Ҳилманд ва дастикам ду вулусволӣ дар марз бо Тоҷикистонро таҳти назорати худ доранд. Аммо дар ин авохир дар баробари ҳукумати Афғонистон бо рақибони худ аз “Давлати исломӣ” низ дастбагиребон шудаанд. Аз ҷумла аз моҳи ноябр ба ин сӯ дар бораи даргириҳои шадид байни ин ду гурӯҳи чирикӣ дар вилояти Зобул гузоришҳо ба даст мерасанд. Гуфта мешавад, Усмон Одил, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ба “Давлати исломӣ” байъат супурда буд, дар яке аз чунин даргириҳо бо Толибон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG