Нишасти ғайринавбатии Шӯрои доимии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Маскав ҷараён дорад. Дар ин нишаст Сӯҳроб Шарифов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СПАД ва ҳамзамон мушовири сафорати кишвар дар Русия низ иштирок дорад.
Ин нишаст субҳи 22 март бо даъвати ҷониби Қирғизистон дар Маскав шурӯъ шуд. Бино ба иттилои торнамои расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар ин ҷаласа Амон Мамбетсаитов - намояндаи доимии ин кишвар дар СПАД ба намояндагони созмон вазъияти ба амаломадаро дар марзи Қирғизистону Узбакистон дар ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолобод шарҳ хоҳад дод.
Як рӯз пеш аз ин Эрлан Абдилдаев -- вазири корҳои хориҷии Қирғизистон сафирони кишварҳои узви СПАД дар ин кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро низ ба мулоқот даъват карда ва вазъиятро баррасӣ кардааст.
Субҳи 18 март нерӯҳои марзбонии Узбакистон дар як қитъаи то ҳол таъин ва аломатгузоринашудаи марз бо мавзеи Чала-Сарти ноҳияи Ала-Буқаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ду посгоҳ гузоштанд. Бино ба гузоришҳо, марзбонҳои узбак иборат аз 30-35 нафар савори ду мошини КамАЗ ва ду зиреҳпӯши БТР дар ин мавзеъ мустақар шуданд.
Ин ҳодиса ба вокуниши тунди ҷониби Қирғизистон рӯбарӯ шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҳамон рӯз сафири Узбакистон дар Бишкек Комил Рашидовро ба ҳузур хонда, ба ӯ ёддошти эътирозӣ супурд. Дар ин ёддошт ба хуруҷи билофосилаи нерӯҳои Узбакистон аз ин қитъаи баҳсӣ даъват мешуд.
Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 18 март бо дабири Шӯрои Амният Темир Ҷумъақодиров ва раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев мулоқот кард.
Дар пайи ин, бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, аз Бишкек ба қитъаи баҳсии Чала-Сарт ҳудуди 200 сарбози иловагӣ фиристода шуд ва ҷониби Қирғизистон низ ду зиреҳпӯшашро ба ин мавзеъ интиқол дода, дар рӯбарӯи посгоҳҳои Узбакистон посгоҳҳои худро гузошт.
Хадамоти марзбонии Узбакистон дар як баёния сабаби тақвияти нерӯҳо дар марз бо Қирғизистонро бахше аз омодагиҳо ба таҷлили иди Наврӯз номид. Ин ниҳод аз ҳамтоёни қирғизи худ даъват кард, ки ба ҳангома дода нашаванд ва ба хотири "печидатар накардани муносибатҳо аз пахши ахбори носанҷида худдорӣ кунанд."
38 гектар замини мавзеи Чала-Сарт, ки аз он ҳудуди 1,8 километр роҳи Кербен –Ала-буқа мегузарад, ба гуфтаи мақомоти қирғиз, мояи баҳси Узбакистону Қирғизистон боқӣ мемонад. Ҳокими ноҳияи Оқсӣ Медет Айдаралиев мегӯяд, нирӯҳои Узбакистон ҳаққи вуруд ба ин мавзеъро надоштанд, чунки замини Чала-Сарт ҳанӯз аз замони Шӯравӣ дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад.
Узбакистону Қирғизистон дар маҷмӯъ 1378 километр марзи муштарак доранд. 320 километри ин марз то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.