Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

" Mандати СПАД дар ҳалли низоъҳои марзӣ хело маҳдуд аст"


Шӯрои доимии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баррасии вазъ дар минтақаи баҳсталаби миёни Узбакистону Қирғизистонро идома медиҳад.

Шӯрои доимии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баррасии вазъ дар минтақаи баҳсталаби миёни Узбакистону Қирғизистонро мдома медиҳад. Дар ин бора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сухангӯи созмон Владимир Зайниддинов хабар дод.

Нишасти Шӯрои доимии СПАД рӯзи 22 март бо талаби Бишкек шурӯъ шуд ва дар он намоядаи доимии Қирғизистон Амон Мембетсеитов дар бораи вазъ дар минтақаи аломатгузоринашудаи сарҳади давлатии Қирғизистону Узбакистон дар ноҳияи Оқсийи вилояти Ҷалолобод гузориш дод. Ҷаласа ба натиҷае нарасид ва тасмим гирифта шуд, ки баррасиҳо идома ёбанд.

Роҳҳо дар минтақа масдуд шудаанд
Роҳҳо дар минтақа масдуд шудаанд

Ба гуфтаи Владимир Зайниддинов, ахиран муовини раиси СПАД Ара Бадалян, барои ошноӣ ба вазъ дар минтақаи баҳсталаби марз ва машварат бо мақомоти Қирғизистон ба Бишкек сафар кард. Як корманди дигари Котиботи СПАД бидуни ифшои номаш ба мо гуфт, ки қарор аст Бадалян баъди бозгашт аз Қирғизистон ҳисобот диҳад ба баъзе масъалаҳо дар ролита ба ин қазия рӯшанӣ андозад.

Бишкек мегӯяд, ки Узбакистон рӯзи 18 март якҷониба ва бидуни машварат бо Қирғизистон низомиён ва зиреҳпӯшу мошинҳои ҳарбии худро дар минтақаи баҳсталаби марзии Чала-Сарт ҷойгир кард. Ин тасмим Қирғизистонро водор сохт, ки бо фиристодани неру ҳимояти он минтақаи марзро тақвият диҳад. Ҳамзамон нерӯҳои вокуниши сареъ “Скорпион” (“Каждум”) дар наздикиҳои минтақаи баҳсталаби марз мустақар шуданд. Аз нигоҳи Бишкек, Чала-Сарт, ки дар марзи вилоятҳои Ҷалолободи Қирғизистон ва Намангони Узбакистон ҷойгир шудааст, аз замони Шӯравӣ қаламрави Қирғизистон маҳсуб мешавад ва Узбакистон ҳаққи ишғоли онро надорад.

Баъд аз машваратҳо ниҳодҳои марзбонии Узбакистону Қирғизистон рӯзи 20 март ба натиҷае гирифтанд, ки дар ду тарафи марз фақат 8 нафарӣ аз сарҳадбонҳову низомиёниҳар ду кишвар боқӣ монанд.

Виктор Литовкин
Виктор Литовкин

Виктор Литовкин, шореҳи низомии хабаргузории ТАСС, мутмаин аст, ки нишасти Шӯрои доимии СПАД бо пешниҳоди баргузории машваратҳо миёни Тошканду Бишкек дар робита ба ҳалли мушкилоти марзӣ иктифо хоҳад кард. Гап сари он ки дар вазъи феълӣ Узбакистон ба кишвари узви СПАД ҳамла накардааст ва аз ин рӯ, ба дахолати низомии созмон ҳам ниёзе нест, мегӯяд мусоҳиби мо. Виктор Литовкин бо ишора ба изҳороти расмии Тошканд дар робита ба ташаннуҷи авзоъ дар марз мегӯяд, ки шояд Узбакистон воқеъан ҳам ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз низомиёнашро ба ин минтақаи баҳсталаб ворид кардааст. Фикр мекунам, ки Узбакистон ҳузури низомиёнашро дар марз бо Афғонистон ва дигар самтҳо низ тақвият додааст, мо дар бораи ҳузури низомиёни узбак дар сарҳади Қирғизистон баъд аз он огаҳ шудем, ки Бишкек садояшро баланд кард, афзуд шореҳи низомӣ.

Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия ҳам мегӯяд, ҳама ҷонибҳо дар минтақа хостори аз тариқи мусолиҳа ва бо роҳи диплломатӣ ҳал шудани қазияҳои баҳсталабанд. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки вазъияти минтақа ноором шавад, ба хусус дар вазъи феълии ҷаҳон, мегӯяд дипломати тоҷик. Ӯ афзуд, агар хонае бисӯзад, оташи он метавонад ба хонаҳои ҳамсоя гузарад.

Дар ҳамин ҳол Аликбек Ҷекшенқулов, собиқ вазири умури хориҷии Қирғизистон, изҳор намуд, ки мандати СПАД дар ҳалли низоъҳои марзӣ хело маҳдуд аст ва созмон фақат дар ҳоли таҳдиди воқеъӣ ба вазъият дахолат мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ва дигар низоъҳо миёни Бишкеку Тошканд бояд аз роҳи машварату мусолиҳа ҳал шавад, ба вижа, ки қирғизҳову узбакҳо садсолаҳо боз ҳамсояанд ва дину фарҳанги муштарак доранду забонашон ҳам хело наздик аст, яъне ягон далели ҷиддӣ барои низоъ миёни ду кишвар мавҷуд нест, мегӯяд сиёсатмадор. Ба гуфтаи ӯ, низоъҳое, ки дар минтақа рӯй медиҳанд, бештар бо ҷоҳталабии раҳбарону сиёсатмадорон ё талошҳои “нерӯи саввум” барои ҷанг андохтани кишварҳо бастагӣ доранд.

Аз нигоҳи Виктор Литовкин, решаи низоъҳои сарҳадӣ то ҳол аломатгузорӣ нашудани марзҳои миёни кишварҳои шӯравии собиқ аст. “Замони Шӯравӣ Маскав марзҳои ҷумҳуриҳоротавре, ки дилаш мехост, муқарра кард ва акнун касе аз он марзҳо даст бардоштанӣ несту даъвои қаламрави ба истилоҳ таърихӣ дорад. Ҳоло даъвоҳои марзӣ на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар Қафқоз ҳам мавҷуданд”, меафзояд Виктор Литовкин.

Аликбек Ҷекшенқулов
Аликбек Ҷекшенқулов

Аммо низои марзӣ барои ду кишвар ва минтақа чӣ паёмад хоҳад дошт? Аввалан боиси амиқтар шудани бӯҳрони дипломатӣ миёни Бишкеку Тошканд мешавад. Аслан ин бӯҳрон солҳои боз идома дорад, панҷ-шаш соли ахир сарони Қирғизистону Узбакистон аз муколамаи сиёсӣ парҳез мекунанд, мегӯяд Аликбек Ҷеншенкулов. Ӯ бо ишора ба ҳушдори Бишкек, ки дар сурати ба дарозо кашидани низоъ дар марз аз ҳузур дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд сарпечӣ хоҳад кард, афзуд, ҳоло вақти таҳдид нест, зеро таҳдиду ҳушдор метавонад авзоъро вахимтар кунад.

Ба гуфтаи Аликбек Ҷекшенқулов, ягона роҳи ҳалли низоъ муколама аст, яъне ибтидо вазирони умури хориҷа, баъдан нахуствазирҳо ва дар ниҳоят сарони Қирғизистону Узбакистон сари мизи музокирот нишинанд.

Аз сӯи дигар хатаре ҳам мавҷуд аст, ки дар сурати муваффақ шудани Тошканд ба ишғоли ин минтақаи баҳсталаб, шояд мақомоти интизомии Узбакистон барои бо ҳамин шева соҳибӣ кардани дигар мавзеъҳои баҳсталаби марзӣ, аз ҷумла, бо Тоҷикистон ҳам иқдом кунанд.

Аликбек Ҷекшенқулов мутмаин аст, ки низои марзӣ на ба нафъи Тошканд аст ва на нафъи Бишкек, бахусус дар вазъи феълӣ, ки водии Фарғона пойбанди мушкилоти зиёди амниятиву иҷтимоист ва гурӯҳҳои ифротие бо талоши тақвияти ҳузурашон зери “деги ҷӯшони Фарғона” ҳезум меандозанд. Гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ, аз ҷумла, “Давлати исломӣ”, ки шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистону Қирғизистон дар сафашон меҷанганд, “маътали як ишораанд” ва талош мекунанд, ки аз ҳар низоъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои худ суде бардоранд, мегӯяд сиёсатмадори қирғиз.

XS
SM
MD
LG