Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CПАД: "Бузургтарин таҳдид марзҳои Афғонистон аст"


Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ гуфтааст, ки бузургтарин таҳдид барои амнияти кишварҳои узви ин созмон, ҳамакнун аз марзҳои Афғонистон мушоҳида мешавад.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҷиддитарин таҳдид ба амнияти кишварҳои узви ин созмонро аз марзҳои Афғонистон медонад.

Котиботи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар як эъломия гуфтааст, ки муовинони дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи худ дар Маскав, таҳдидҳои ношӣ аз Афғонистонро ҷиддӣ хонданд.

Дар эъломия омадааст, ки дар ин нишаст дар мавриди афзоиши қочоқи мавоиди мухаддир аз Афғонистон ба ин кишварҳо, фаъол шудани гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон ва хатари рахна кардани онҳо ба кишварҳои Осиёи Миёна нигаронии амиқ шудааст.

Эъломия мегӯяд, ки ширкаткунандагони ин нишаст таҳдиди наздик шудани Толибон ба марзи Тоҷикистон ҷиддӣ хонданд. Ба гуфтаи онҳо дар 60 дарсади марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, Толибон ҳузур доранд.

Илова бар он, дар эъломияи котиботи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ омадааст, ки акнун ҳузури гурӯҳи "Давлати исломӣ" хатари дигаре мебошад ва тибқи ин эъломия, шумораи афроди ин гурӯҳ дар Афғонистон аз 2 то 3 ҳазор нафар тахмин зада мешаванд. Дар ин нишаст аз эҳтимоли ташаннуҷи авзо дар марзи Туркманистон бо Афғонистон ибрози нигаронӣ шудааст.

Қаблан, Александр Грушко, намояндаи Русия дар НАТО гуфта буд, ки феълан 4 ҳазор тан аз ҷангиёни ДИИШ ба қаламрави Афғонистон ворид шуда ва ин кишвар наметавонад бидуни кӯмакҳои низомии хориҷӣ суботро барқарор кунад.

Се кишвари Осиёи Миёна -- Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон бо Афғонистон ҳазорон километр марзи муштарак доранд. Раҳбарони кишварҳои минтақа ва ҳамин тавр Русия борҳо аз ҳузури ҷангиёни ин кишварҳо дар сафҳои Толибон ва Ал-Қоида нигаронӣ кардаанд. Нооромиҳои ахир дар шимоли Афғонистон ва суқути шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз ба дасти Толибон, ба ин нигарониҳо афзудааст.

XS
SM
MD
LG