Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари мардум барои ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон муҳим нест?


Порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Сарфи назар аз баҳсҳо ва нигарониҳои мардум, ду иловаи ҷанҷолиро дар бораи “либоси бегона” ва “идгардак” ба қонуни танзим дар Тоҷикистон ворид карданд.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, тақрибан ҳеч тарҳи қонун ба муҳокимаи ҷомеа гузошта намешавад. Суол ин аст, ки назару мавқеи мардум барои ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон дигар муҳим нест?

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, гуфт, чун ҳукумат медонад, ки мардум тасмимҳояшро дар ҳар сурат мепазиранд, муҳокимаи ҷамъиро сарфи беҳудаи вақт ва пул медонад.

"Ниҳоди қонунгузор дар қабули ин ё он тарҳ салоҳияти асосӣ надорад. Аксар қонунҳои мо аз тарафи ҳокимияти иҷроия пешниҳод мешавад ва ниҳоди қонунгузор онро мепазирад. Дар чунин шароит, ба ақидаи ман, ҳокимияти имрӯзаи Тоҷикистон боварӣ дорад, ки ҳар он чи ки он қабул мекунад, аз ҷониби мардум қабул карда мешавад," – афзуд ӯ.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, муҳокимаи ҷамъии тарҳи қонунҳо таҷрибаи маъмулӣ барои давлатҳои ҳуқуқбунёд ва демократӣ ба ҳисоб меравад. Қонунгузории Тоҷикистон ҳам ба ҷуз қонунҳое, ки сирри давлатӣ доранд, имкон медиҳад, ки аз тариқи арзёбӣ миёни мардум пазируфта шавад.

"Яке аз усулҳои асосӣ ин ошкорбаёнӣ аст. Таъмини он тибқи моддаи 4-и Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "дар бораи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ" сурат мегирад. Ин меъёр имкон медиҳад, ки лоиҳаи ин ё он қонун ба воситаи расонаҳо мавриди муҳокима қарор гирад. Ҳамчунин, пешниҳоду иловаҳо пас аз муҳокимаи мардум аз тарафи таҳиягарони қонун бояд баррасӣ карда шавад," – гуфт ҳуқуқшинос Хуршед Қурбоншоев.

Чанде аз вакилони порлумони Тоҷикистон аз шарҳи ин ки чаро дар қабули тарҳҳои ҷанҷолӣ назари мардумро ба эътибор намегиранд, худдорӣ карданд. Таҳлилгар Фаридун Ҳодизода ба пурра амалӣ шудани муқаррароти қонунҳое, ки дар чунин шароит қабул мешаванд, шубҳа дорад.

Аз назари соҳибназарон, маъмулан дар кишварҳое бештар ба назари мардум такя мекунанд, ки интихоби вакилон ё мансабдорон ба раъйи мардум бастагӣ дорад.

Иловаҳои нав ба қонун дар бораи “танзими ҷашну маросим” ва “масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” танҳо пас аз қабул аз сӯйи вакилони Маҷлиси намояндагон расонаӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурбаҳс шуд. Чеҳраҳои рӯҳонии минтақа ва баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ интиқод карданд. Бо ин вуҷуд Маҷлиси миллӣ ин иловаҳоро бе баҳс ҷонибдорӣ кард.

Ин қонунҳо аз рӯзи 22-юми июн, пас аз имзои раисҷумҳур ва нашри расмӣ, ба иҷро даромаданд. Бо фарқ аз гузашта, ки барои вайрон кардани қонуни танзим танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда буд, ҳоло ҷавобгарии ҷиноӣ илова гардидааст ва аз ду то се соли зиндонро дар бар мегирад. Ҷаримаҳо барои вайрон кардани бандҳои ҷудогонаи ин қонун дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG