Матни нави қонун рӯзи 22-юми июн дар “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, чоп шуду ба иҷро даромад.
Ҳарчанд давоми як моҳ вокунишҳо ба манъи идгардаки кӯдакон ва манъи либоси “бегона” дар дохилу хориҷ зиёд буд, аъзои порлумон онро бе баҳс пазируфтанд ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошт.
Пештар барои риоя накардани қонуни танзим танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда буд. Ҳоло ҷавобгарии ҷиноӣ илова гардидааст ва аз ду то се сол зиндон.
Тибқи ислоҳҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки низ рӯзи 22-юми июн нашр шуд, барои поймоли қонуни танзим аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (беш аз 800 доллар) то 216 ҳазор сомонӣ, муодили бист ҳазор доллар, ҷарима хоҳанд шуд.
Рӯйхати ҷаримаҳо:
Аз 8640 сомонӣ (мардум) то 25 ҳазору 200 сомонӣ (мансабдорон)
Барои риоя накардани қоидаи ҷашни зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ.
Аз 15 ҳазору 840 сомонӣ (мардум) то 39 ҳазору 600 сомонӣ (мансабдорон)
Барои вайрон кардани қоидаи тӯйи домодию арӯсӣ, теъдоди меҳмонҳо, вақт ва замони баргузории ҷашну маросим.
Аз 21 ҳазору 600 сомонӣ то 108 ҳазор сомонӣ
Ҷаримаи ҳунармандон, молики тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхона барои риоя накардани шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо.
Аз 21 ҳазору 600 сомонӣ (мардум) то 57 ҳазору 600 сомонӣ (мансабдорон)
Барои риоя накардани тартиби гуселу пешвози ҳоҷиён (фарзӣ ва умра), ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва тақсими туҳфаҳо, оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо барои ҳоҷиён.
Мақомот барои “дағалона” ё дар “вазъияти фавқулода, пандемия, ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ” вайрон кардани қонуни танзим ба мардуму мансабдорон ва шахсони ҳуқуқӣ аз 86 ҳазору 400 сомонӣ то 216 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин кардаанд.
Бар асоси иловаи нав дар Кодекси ҷиноӣ, “дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ” барои “дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемия, ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ” вайрон кардани қонуни танзим “соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла, инчунин, шахсони дигар” аз 158 ҳазору 400 сомонӣ то 180 000 сомонӣ ҷарима хоҳанд супурд ва ё аз ду то сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд.
Ҳарчанд дар феҳристи ҷаримаҳо идгардаку либоси ба истилоҳ “бегона” ба таври махсус зикр нашудааст, дар банди охири қонуни танзим гуфтаанд, ки дар умум барои риоя накардани он мардуму мансбадорон ва шахсони ҳуқуқиро ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Тибқи ин қонун, мардум ва шахсони ҳуқуқӣ ба риояи “рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ” масъул шуда, “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд.”
Қонуни "танзими ҷашну маросим" бори аввал дар соли 2007 қабул шуд. Таблиғгарони ҳукумат онро "қонуни миллӣ" меноманд, чун аз назари онҳо дар таҷрибаи ҳуқуқии кишварҳои дигар намуна надорад. Мухолифон танқид мекунанд, ки ҳукумат ба воситаи ин қонун ба зиндагӣ, ҷайб ва аз ному насаб гирифта то ба масоҳати дасторхону гӯру чӯби онҳо дахолат кард.