Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои равобити Амрико ва Ислом тасмими Тоҷикистонро танқид кард


Шӯрои равобити Амрико ва Ислом (CAIR), як созмони ҳомии ҳуқуқи мусулмонон, қабули қонунеро, ки "пӯшидани ҳиҷоб ва либосҳои дигари исломиро дар Тоҷикистон манъ мекунад", маҳкум кард.

Сухан аз тарҳи нави қонуни танзими ҷашну маросим аст, ки тибқи он "овардан, фурӯхтан, тарғиб ва пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона" манъ аст.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон "либоси бегона"-ро шарҳ надодаанд, баъд аз баррасии тарҳ дар порлумон тайи амалиёте бештар занони сатру ҳиҷобдор ҳадаф қарор гирифтанд.

Кори Сайлор, як масъули Шӯрои равобити Амрико ва Ислом (CAIR), рӯзи 21-уми июн дар изҳороте гуфт, "манъи ҳиҷоб нақзи озодии мазҳабист. Дар ҳар кишваре, ки ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром қоил аст, набояд мамнуъият дар мавриди пӯшидани либоси мазҳабӣ ҷой дошта бошад."

"Мо ин қонуни сахту бераҳмона ва саркӯбкунандаро маҳкум мекунем ва аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳем, ки ин тасмимро бекор кунад," -- афзудааст ӯ.

Ҳарчанд давоми як моҳ вокунишҳо ба манъи идгардаки кӯдакон ва манъи либоси “бегона” дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон зиёд буд, аъзои порлумон онро бе баҳс пазируфтанд ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми июн ба он имзо гузошт.

Матни нави қонун рӯзи 22-юми июн дар “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, чоп шуд ва ба иҷро даромад.

Пештар барои риоя накардани қонуни танзим танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда буд. Ҳоло ҷавобгарии ҷиноӣ илова гардидааст ва аз ҷаримаҳои ҳангуфт то се сол маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG