Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи ҷудоиталабӣ, масъулияти нави волидон дар Тоҷикистон


Парчами Тоҷикистон ва Қасри миллат
Парчами Тоҷикистон ва Қасри миллат

Волидонро дар Тоҷикистон вазифадор кардаанд, ки нагузоранд, фарзандонашон ҷудоиталабӣ ё сепаратизмро ёд бигиранд.

Ин нукта дар тағйирот ба қонун "Дар бораи масъулияти падару модар" зикр шудааст.

Онро порлумон моҳи октябр ва раисҷумҳур дар охири моҳи декабри соли 2022 пазируфт. Қонуни нав аз аввали имсол ба иҷро даромад.

Бино ба он, аз волидон талаб шудааст, ба фарзандон тамошои филмҳои дорои мазмуни ҷудоихоҳиро манъ кунанд.

Пештар дар ин банд танҳо пешгирӣ аз тамошои филмҳои шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва ифротгароиву террористӣ зикр шуда буд.

Инчунин, аз волидон талаб шудааст, фарзандони худро аз мутолиаи варақа ва рӯзномаҳое боздоранд, ки хусусияти ҷудоихоҳӣ доранд.

Қонунгузорон шарҳ надодаанд, ки манзур аз ҷудоихоҳӣ чист ва боди таҳдид аз куҷо мевазад.

Як гуруҳ аз таҳлигарон дар як муҳокимаи онлайн моҳи декабри соли 2022 дар Донишгоҳи Ҳарвард гуфтанд, мақомоти Тоҷикистон аз эҳсоси эҳтимолии ҷудоиталабӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарос доранд.

Муҳаббатшо Рӯзадоров дар мансаби мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 дар як нишаст дар Душанбе гуфта буд, ки “дар тарзи тафаккури ҷавонони баъзе қисмати Бадахшони Тоҷикистони мо як ҳолати сепаратистона ташаккул меёбад.”

Вале Брюс Паннир, яке аз иштирокдорони баррасӣ дар Донишгоҳи Ҳарвард, гуфт: “Дар эътирозҳо дар Бадахшон ҳеч кас ва ҳеч гоҳ ба истиқлолталабӣ даъват накардааст. Онҳо ҷудоиталаб нестанд, чунин ҳадаф надоранд. Ман бо бисёриҳо аз онҷо суҳбат кардаам. Мегӯянд, ки розӣ ҳастанд, дар ҳайати Тоҷикистон бошанд.”

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 ҷудоихоҳиро дар қатори терроризму ифротгароӣ ҷой дода, аз онҳо “се шар” ё “се бадӣ” ном бурд.

Дар як соли охир мансабдорони Тоҷикистон бо намояндагони Чин низ камаш ду дафъа, моҳи феврал ва майи 2022, мавзӯи мубориза бо ҷудоиталабиро баҳс кардаанд.

Чин моҳи ноябри 2019 дар Душанбе Маркази мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ эҷод кард.

Маълум нест, ба қонун кӯчондани ҷудоиталабӣ дар Тоҷикистон таъкиде аз Пекин аст ва ё хости худи Душанбе.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG